Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Мулоқот бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Саразм

Мулоқот бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Саразм

18-05-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 144 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқот бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Саразм
2022-05-17

Дирӯз муовини раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода дар доираи баргузории курси бозомӯзии раисони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Саразм мулоқот намуданд.

Дар сӯҳбат Хайринисо Юсуфӣ ва Зуфар Исмоилзода дар бораи марҳилаҳои асосии рушди Тоҷикистон дар солҳои истиқлол, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад, сухан карда, таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба масъулияти волидон ва аҳли ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзандони солеҳу ватандӯст, хатари гароиши онҳо ба ақоиди ифротӣ ва шомилшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав, нақши бонувон дар ин самт, вазъи муташанниҷи минтақа ва ҷаҳон, ки мушкилоти гуногуни иҷтисодӣ ба бор меорад, истифодаи босамари ҳар порча замин ва рӯёнидани на кам аз ду ҳосил аз ҳар қитъаи он ҷалб намуданд.

Ҳангоми боздид онҳо ҳамчунин бо фаъолияти ташкилоти иибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳот шинос шуда, барои беҳдошти он маслиҳатҳои судманд доданд.

Хайринисо Юсуфӣ ва Зуфар Исмоилзода аз хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр, ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм бунёд шуда, он ҷо парвариши ниҳолҳои ороишӣ ва ҷангалӣ ба роҳ монда шудааст, дидан намуда, ин иқдомро шоиста ва арзандаи дастгирӣ донистанд.

Дар ин боздид онҳоро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент,узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода ҳамроҳӣ намуд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: