Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСТЧОҲ: Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Оббурдон

МАСТЧОҲ: Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Оббурдон

27-09-2021, 07:57
Хабарро хонданд: 178 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ: Идомаи вохӯриҳо дар ҷамоати деҳоти Оббурдон
Дар идомаи вохӯриҳои гурӯҳи тарғиботӣ – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар ҳайати: муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ – Муллосоқӣ Атовуллозода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, Шуҳрат Саидзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон ва Шуҷоат Ҳасановна – собиқадори ҳизб бо имомхатибону раисони маҳалла, собиқадорону сокинони Ҷамоати деҳоти Оббурдон вохӯрӣ доир намуданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ – Муллосоқӣ Атовуллоев вохӯрии мазкурро ифтитоҳ ва мақсади баргузории онро шарҳ дод.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Зуфар Исмоилзода доир ба вазъи тоҷикони Афғонистон, печидатар гардидани танишҳои миёни тоҷикони он тарафи марз бо Толибон, талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба эътидол даромадани вазъи сокинони Афғонистон маъруз кард.

Собиқадори ҲХДТ – Шуҷоат Ҳасановна доир ба пешрафту дастовардҳои замони истиқлолият, 30 соли озодӣ ва бурдборӣ, муваффақиятҳои кишвар дар замони истиқлолият суҳбат намуд.

Шуҳрат Саидзода – номзади илмҳои сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба созмонҳои террористиву экстремистии “ДОИШ” “Ал – Қоида”, “Ҳизбут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва амсоли инҳо, ки ҳамакнун дар кишвари Афғонистон реша давонда аз будани худ дар ин мамлакат дарак медиҳанд, маълумот дода, аз сокинон даъват ба амал овард, ки нисбат ба фарзандонашон дар истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ бетафовут набошанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: