Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ - Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ - Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

26-08-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 745 нафар
Назарҳо: 0
ХАЙРИНИСО ЮСУФӢ - Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

30 марти соли 1964 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи озоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ва Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Руссияро бо ихтисосҳои байтор, ҳуқуқшинос, филолог ва менеҷер хатм намудааст.

Дар вазифаҳои терапевти калони стансияи ветеринарии шаҳри Панҷакент, котиби якуми Кумитаи комсомолӣ — Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Панҷакент, муовини раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси вилояти Суғд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2010-2015 – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, узви Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Узви Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон.

Дорандаи ордени «Шараф дараҷаи 1», Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медалҳои ҷашнии «20–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

13-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳайси Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардида, то инҷониб адои вазифа карда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: