Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Сулҳ аз мо оғоз меёбад

Сулҳ аз мо оғоз меёбад

12-10-2015, 17:11
Хабарро хонданд: 546 нафар
Назарҳо: 0
Сулҳ аз мо оғоз меёбадИмрӯз, дар нимаи дуюми рӯз роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Ҳоҷиев Ф. бо ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” дар доираи лоиҳаи “Сулҳ аз мо оғоз меёбад”, ки аз тарафи Юнисеф маблағгузорӣ мешавад, вохӯрӣ ба анҷом расонид. Лоиҳаи “Сулҳ аз мо оғоз меёбад” аз моҳи сентябри 2015 сол дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Исфара амалӣ намуда, аз се самт иборат мебошад:
• Омӯзиши ҷавонон оиди гузаронидани тадқиқот ва таҳлил барои муайян намудани манбаъҳои воқеии шиддат, пайдо кардани роҳҳои ҳаллӣ шиддатнокӣ ва мусоидат ба таҳаммулпазирӣ. Дар чаҳорчӯбаи ин самт ба нақша гирифта шудааст: гузаронидани семинар-машварат барои тренерон, омӯзиши ҷавонон оиди гузаронидани тадқиқот ва таҳлил барои муайян намудани муаммоҳои ҷавонон, гузаронидани озмуни грантҳои хурд ва муайян намудани ғолибони он, дастгирии молиявии грантҳои хурд барои паст кардани сарчашмаи шиддатнокӣ ва пешбарии таҳаммулпазирӣ, гузаронидани мизи мудаввар оиди ҳамкории ҷавонон бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи грантҳои хурд.
• Баланд бардоштани маҳорати шахсӣ ва байни шасхӣ ҷавонони аз синни 15 то 24 сола, баланд бардоштани маҳорат ва малака дар қабули қарорҳо ва баланд бардоштани дониши ҷавонон оиди пешгирӣ, кам кардан ва мубориза бо шиддатнокӣ ва мусоидат ба сулҳ бо пешбарии таҳаммулпазирӣ байни ҷавонон.
• Мусоидат намудан барои баланд бардоштани потенсиали ҳокимияти маҳаллӣ оиди таҳаммулпазирӣ ва пешгирии шиддатнокӣ. Дар чаҳорчӯбаи ин самт ба нақша гирифта шудааст: гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, гузаронидани семинар-машваратҳо барои баланд бардоштани потенсиали кормандони ҳокимиятҳои маҳаллӣ, банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳои байнисарҳадӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара бо нақша-чорабиниҳои ҳокимияти маҳаллӣ мутобиқ карда шуда.

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров Ҳоҷиев Ф. ҳангоми вохӯри бо ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур ва намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” Азимов Аъзам зарурати амалисозии лоиҳаро қайд карда иброз дошт, ки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Б.Ғафуров ҳамаҷониба омодааст ёрии амалии худро расонад ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон, пешгирии низоъҳои сарҳадӣ, баланд бардоштани потенсиали ҳокимияти маҳаллӣ, паст кардани шиддатнокӣ, ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ ҳидоят кардан саҳми хешро расонад. Дар охир аз тарафи роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” ба роҳбарияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” барои дастгири миннатдорӣ баён карда шуд.
©КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: