Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Модар яктост – Тоҷикистон яктост!

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Модар яктост – Тоҷикистон яктост!

3-05-2022, 07:49
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Модар яктост – Тоҷикистон яктост!

Боиси хурсандӣ ва ифтихор аст, ки имрӯзҳо кишвари азизи мо Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷу осуда ва ободу зебо аст, ки воқеан мояи ифтихору сарфарозист. З-ин сабаб ҳар як ҷавони бонангу ор бояд баҳри ин Ватан сидқидилона хизмат намуда, қарзи худро адо намояд.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо таъкид менамоянд, ҷавонон ояндаи миллатанд ва уммеди халқи тоҷик ба ҷавонони бонангу ор аст, ки тавонанд, дар ҳама ҳолат Ватани худро ҳифз намоянд.

Мо имрӯзҳо ифтихор аз он мекунем, ки ҷавонони фаъолу пешқадам дорем, ҷавононе, ки ҳамеша мекушанд дар сафи пеш бошанду ба манфиати халқу Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

Гуфтан ба маврид аст, ки барои сарбаландона ҳифз намудани ватани худ яке аз вазифаи асосии ҷавонмардон ин хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад.

Инҷо боз ҳам гуфтаҳои Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кайд кардан зарур аст, ки мегӯянд: “ Хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.”

Аз фурсати муносиб истифода бурда, даъват ба амал меорем, ки шумо ҷавонони азиз бо хоҳишу иродаи худ, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда, сарбаландона хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оред, ки хизмат кардан ба Ватан – Модар ин шарафи ҷавонмардӣ ва мояи ифтихор аст.

Негматҷонова С – масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: