Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ

10-04-2020, 10:39
Хабарро хонданд: 611 нафар
Назарҳо: 0
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФИ ҶАВОНМАРДИСТ
«Артиши миллӣ, пеш аз ҳама, бояд дорои интизоми оҳанин, таълими хуби ҳарбӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ бошад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил маҳсуб меёбад. Ҳар шахсе, ки ифтихори ватандорӣ дорад, бояд баҳри ҳифзи Ватани хеш ҳамеша омода бошад ва ин марзу буми аҷдодиро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Ватан ҷоест, ки шахс дар он макон зодаву ба камол мерасад ва парвариш меёбаду нахуст аз волидайн, сипас, аз мураббиёну муаллимон ва устодон таълиму тарбия мегирад.
Чунин ба назар мерасад, ки дар авсофи меҳан ва ҳомиёни марзу бум ва тараннуми ҳаёти хурраму осоишта адибону рӯзноманигорон суханҳои зиёде гуфтаанд. Ҳамаи ин гуфтаҳои бузургон ба он хотиранд, ки мо наврасону ҷавонон бояд ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми меҳани аҷдодӣ омода бошем.
Ҳамзамон, мо ҳамагон шукрона бояд намоем, ки Ватани соҳибистиқлоли мо таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззамми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми се даҳсола ба чунин дастовардҳои бузург ноил гардид. Зиёда аз 150 кишвари олам Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф менамоянд ва бо он робитаи мунтазами дӯстиву бародарӣ ва тиҷоративу фарҳангӣ барқарор намудаанд. Бар замми ин, кишвари мо бо Афғонистону Чин, ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст,ки ҳамеша ба дифои Ватан омода буда, баҳри рушду нумӯи он бо хониши хубу аъло ва рафтори намунавиамон ҳамчун ватанпарастони содиқу асил ба камол расем. Шукри сулҳу ваҳдат намуда, ифтихор дошта бошем, ки имрӯз мо дар чунин Ватани ободу зебо ва пешрафтаи дунё осудаву бароҳат хоб меравем. Афсарони содиқи Ватан дар сарҳадҳои давлатӣ шабу рӯз бедорхобӣ кашида, сарҳади кишварамонро посбонӣ менамоянд, зеро ҳимояи марзу буми Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Ба ин маънӣ, дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Тавре ки медонем, кишвари мо пас аз соҳибистиқлол гардидан соҳиби Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи худ гардид. Артиши миллии кишвари мо дар фазои холӣ ба вуҷуд омад. Моҳи январи соли 1992 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи мудофиа таъсис дода шуд ва барои ташкил кардани Артиши миллӣ замина гузошт.
Соли 2003 қӯшунҳои зудамал таъсис ёфта, ба ҳайати он қисмҳои десантиву гурӯҳҳои таъиноти махсус дохил шуданд. Феълан, Артиши миллии Тоҷикистон аз қӯшунҳои хушкигард, қӯшунҳои ҳарбии ҳавоӣ, қӯшунҳои мудофиавии зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллии Президентӣ ва қӯшунҳои зудамал иборат аст.
Ҳар мавсим, ки ба хидмати сарбозӣ ё худ аскарӣ ва ба муҳофизати Ватани маҳбуб сафарбар шудани ҷавонони ватандӯст ва родмардони наврас оғоз мегардад, ба посбонии Ватан ва нигоҳубини марзу бум таҳамтанвор саф кашидани садҳо, ҳазорҳо нафар аскарбачагони ояндаро дида, моро ҳисси баланди шодмонӣ, сарфарозӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва доштани Артиши мустақилу меҳани маҳбубу дилоро ва озоду соҳибихтиёр фаро мегирад.
Имрӯзҳо, Артиши миллӣ рисолати базиммадоштаи худро сарбаландона ба иҷро расонида истодааст. Ҳамасола, дар мавсими даъвати навбатӣ ба хидмати сарбозӣ бо як ифтихормандӣ ва бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ садҳо нафар ҷавонон хоҳиши худмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро доранд. Албатта, ин шаҳодати он аст, ки имрӯз аксарияти ҷавонони мо воқеан ҳам, дарк намуданд, ки хизмат ба Ватан боиси ифтихору шарафмандист.
Лозим ба тазаккур аст, ки ҷавонони мо имрӯз аз пайравони Пешвои миллатанд. Пас биёед, ҳамагон ин Ватанро аз дилу ҷон дӯст дорем, барояш хизмати софдилона намоем ва саҳме дар пешрафташ гузорем!

Юсуф Иброҳимов,
омӯзгори Литсейи касбии
техникии саноати нассоҷӣ
Рустам Қурбонов, муовини директор оид ба тарбия


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: