Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Хоҳиши китобхонӣ аз падар

Хоҳиши китобхонӣ аз падар

10-04-2022, 10:59
Хабарро хонданд: 342 нафар
Назарҳо: 0
Хоҳиши китобхонӣ  аз падар

Китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба љаҳону олами ҳастӣ ошно месозад. Китоб дўстест, ки аз ҳамнишинӣ тарк ва ҳазар намекунад. Рафиқест бе малол ва муомилаест, ки фиреб намедиҳад. Васила аст барои дур кардани ғаму андўҳ, равон ва бурро шудани сухан, сабзидани ақл ва бузург шудани зеҳн, болоравии маърифат, махзани ягонаву умумии осори адибону ҳикмати ҳакимон, роҳати зеҳн аз ҳар фикру андеша ва ҳифзи вақт аз беҳуда рафтан.
Падаре мехоҳад фарзандашро ба китобхонӣ одат бикунонад. Аз ин хотир ба духтараш китобе дода мефармояд:
- Духтарам! Агар ин китобро бихонӣ, бароят 5 сомонӣ медиҳам.
Пешниҳод барои фарзанд хуш меояд. Азбаски духтарак китобхониро дўст намедошт, аз ин хотир, китобро намехонад. Аз модараш, ки қаблан китобро хонда буд, хоҳиши муҳтавои китобро менамояд. Модараш нақл мекунад. Фарзанд баъди чанд рўз назди падараш омада мегўяд:
- Падар, китобро хондам.
Падар хоҳиш мекунад, ки каме дар бораи хондааш нақл кунад. Фарзанд каме маълумот дода, ҳадяи китобхониро талаб кард. Падар гуфт:
- Ту ин китобро нахондӣ. Агар мехондӣ, ман даруни он панљ сомонӣ гузошта будам.
Дар ҳоли ҳозир мардум аз меъёр зиёд барои мухтасари китоб рў ба интернет мениҳанд. Намегўям, ки интернет бад аст, аммо дар хониши китоб инсонро танбал месозад. Ҳол он ки кайфияти хониши китоб дигар аст. Ҷаҳонбиниро васеъ мегардонад. Падарону модарон кўшиш бикунанд, ки соате дар даст китоб гиранду бихонанд ва ин беҳтарин таблиғи китобхонӣ барои фарзандон аст.
Наргис Шамсова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: