Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Айб дар ош ё дар мош?

Айб дар ош ё дар мош?

19-04-2022, 07:30
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Айб дар ош ё дар мош?
Китоб манбаи илму дониш ва маҳзани фарҳанги миллӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳама давру замон боиси рушди зеҳнии шахсият ва ҷамият мебошад. Маҳз ҳамин аст, ки имрӯзҳо нисбати китобхонаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дӯстдорони осор метавонанд аз ин китобхонаҳо истифодаи фаровон баранд. Аммо масъалае, ки боиси нигаронии баъзе аз хонандагони китобхонаҳо гардидааст, ин муносибати хуб надоштани баъзе аз кормандони китобхонаҳо бо хонандагон аст.
“Дигар ба китобхона намеравем...”

Вақте бо завқи зиёд барои мутолиаи асарҳои мондагор вориди ин даргоҳи муқаддас мешавию бо ту хунукназарона рафтор мекунанд ё муомилаи хуб надоранд, куҷо шавқи китобхонӣ пайдо мешавад!? Ҳол он ки китобдор бояд рисолати худро дарк намояд ва барои қонеъ гардонидани хонандагон пайваста талош варзад. Борҳо аз хонандагони китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Бохтар шикоят шунидаам. Дар аввал рӯҳафтода мешудам, фикр мекардам, ки шояд иштибоҳ дар худам аст. Кумак расондан як тараф истад, ҳар гоҳе, ки даст ба ягон китоб ё рӯзнома мегузоштам, онҳоро омехта мекунӣ гуфта, маро сарзаниш мекарданд. Рӯзе дар толори хониш назарам ба зане афтод, ки ӯ парешон китоби даркориашро меҷӯст. Навбатдори он рӯза як духтари ҷавон буд. Ин ҷавондухтар, ки бояд ба хонандагон хизмат кунад, кайҳо масъулияти худро фаромӯш намудаву бо телефони дастиаш овора. Ҳатто он зан хост, ки ба ӯ барои дарёфти адабиёти лозимӣ кумак кунад. Ин ҷавон дар ҷавоб бо ишора гуфт: “Он ҷо рав шояд, ки адабиёти лозимаро пайдо кунӣ”. Ҳолон ки бояд китобдори китобхона донад, ки кадом адабиёт дар куҷо нигоҳ дошта мешавад. Баҳс то ҷое расид, ки он зан қуттии арзу шикоятҳои китобхонаро талаб кард, то дардашро ба директори китобхона расонад. Роҷеъ ба ин масъала хостем бо мудири китобхона суҳбат намоем, аммо натавонистем, чунки кормандон бо ҳар баҳона гуфтанд, ки мудири китобхона бо онҳо суҳбат карда наметавонад.
“Чанд маротибае, ки ба китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав рафтаам, масъулин бо ман муомилаи дуруст накардаанд. Аз ин хотир дигар майли ба китобхона рафтанро надорам”, – мегӯяд донишҷӯ Илҳомҷонзода Мавҷуда.
Аъзои маҷбурии китобхона ё..?
Дар як пурсиши сотсиологӣ маълум шуд, ки баъзе аз ҷавонон маҷбуран аъзои китобхона шудаанд ё аъзо гардидаанду боре ҳам ба ин даргоҳ нарафтаанд. Мо бо суоли "оё аъзои китобхона ҳастед?" ба 22 нафар муроҷиат намудем, аз ин миён 4 нафарашон аъзои ягон китобхона набуданд. Донишҷӯёни фаъоле, ки мунтазам ба китобхона мерафтанд, аз хизматрасонии кормандони китобхона қаноатманд набуданд. Ба қавли Холмо Ҳасанова, китобдори китобхонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав донишҷӯёни ба ин ҷо меомада ҳомоно бештар адабиёти таълимӣ дархост менамоянд, ки онҳоро ҳам баъзан омӯзгорон маҷбур мекунанд.
Муҳаққиқон китобро ҳамчун устоди аввалини хеш медонанд ва онҳо дилбастаи ин махзани муқаддас буданду ҳастанд. Китоб ба тани мо ҷон мебахшад. Аммо ба чунин аззамати китоб нигоҳ накарда, имрӯзҳо таваҷҷуҳ нисбати он кам аст. Ба зами ин ҷавононе, ки дучори муносибати хунукназарона дар китобхонаҳо мешаванд, завқашон нисбати китоб боз ҳам коста мегардад. Дар ҳоле ки китобдор яке аз шахсони барҷастаи ҷомеа буда, бояд ҷомеаро ба сӯи китобу китобхонӣ таблиғ намояд. Баъзеи ҷавонони танбал ба қавле маҳтали чунин ишораанд ва маҳз ҳамин барояшон баҳона мешаваду аз китоб дур мешаванд.
Шабнам САТТОРОВА,
коромӯзи “Ҳамрози халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: