ТО БА КАЙ?26-04-2021, 09:41
Хабарро хонданд: 509 нафар
Назарҳо: 0
Ҳаёт рушд карда истодааст, дар ҷодаҳои илму технология ҳамарӯза саҳифаи наве боз мешавад. Ҷомеи ҷаҳонӣ низ вобаста ба ин таҳаввулот рӯз то рӯз дигар мешавад. Яке ба кайҳон парвоз мекунаду дигаре дар хона нишаста ба таври фосилавӣ илм меомӯзад ва ё имтиҳони давлатӣ месупорад. Аммо… Дар ҷомеаи мо то ҳанӯз бозори баҳси «мӯи сару риш, чӣ гуна либос пӯшем, миллӣ ё аврупоӣ» гарм аст. Ним соати дарси устод ба насиҳати хонандагон мегузарад. Имрӯз дар ҷаҳони мутамаддин аз дарс хондан дар синфҳои холии иборат аз тахта, мизу курсӣ ва чаҳор девори якранг кайҳо даст кашидаанд. Дарсҳо дербоз аст, ки тариқи рӯйнамо (призентатсия) дар тахтаҳои электронӣ мегузаранд. Лекин дар донишгоҳҳои мо ҳанӯз баҳс сари ин аст, ки оё ҳангоми дарс аз дастгоҳҳои мобилӣ истифода кардан мумкин ё не? Агар чунин иҷозат диҳанд, донишҷӯи мо аз телефон ба манфиат истифода мекарда бошад? Миёни 100 тан донишҷӯен назарпурсӣ гузарондем. Савол чунин буд: «Шумо ба кадом саҳифа, сомона ва ё шабакаҳои иҷтимои ворид мешавед»? Аз 100 нафар 2 нафар гуфтанд, ки комилан аз интернети мобилӣ истифода намебаранд, 50 нафар барои суҳбат бо дӯстонашон ва 48 нафар барои гирифтани иттилоот. Аз натиҷаи ин назарпурсӣ ба чӣ хулоса омадан мумкин аст? Танҳо камтар аз 50 дарсади донишҷӯён ба хотири дастрасии иттилоот аз интернети мобилӣ истифода мекунанд. Оё истифодаи телефонҳои мобилӣ дар дарсҳо дуруст аст ё хайр? Бо ин суол муроҷиат намудем ба чанд донишҷӯ: Маҳбуба Ғаффорова -донишҷӯи кури 3 факултети филологияи ДМТ ба саволи мо чунин посух дод: " Мобилиро дар дарс иҷозат диҳанд хуб мешавад. Ҳар як донишҷӯ имкони харидорӣ кардани китоби дарсиро надорад. Китобхонаи электронӣ ҳамеша дар дастрасӣ қарор дорад ва зарур нест, ки онро мисли китоб бардошта гардӣ. Гунҷоиши як мобилӣ кифоя аст, ки чандин китобро ҳамроҳ дошта бошӣ». Муҳаммад Ятимов, хатмкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба саволи мазкур чунин ҷавоб дод: "Бале ман дар вақти таҳсил дар донишгоҳ аз китобҳои электрони истифода мекардам. Аммо аз нигоҳи ман истифодаи телефонҳои мобилӣ барои донишҷӯёну талабаҳои мактаб хуб нест. Фикрашон ба телефон мешавад ва аз хондан мемонанд. Китобҳои электронӣ дастрас карданашон осонтар аст, аммо худи китобро хондан лаззати дигар дорад ". Манижа Рустамова, донишҷӯи курси 1 факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар ин маврид чунин гуфт: "Дар дарс аз телефон истифода мекунам, агар иҷозат диҳанд, хубтар аст. Мисол, устод ягон савол аз мо пурсаду мо надонем, аз интернет дар ҳол пайдо мекунем, то китоб мекобию онро ҳамроҳат ин тараф он тараф мебарӣ…". Дилноз Дилшодзода донишҷӯи курси 1-и коллеҷи тиббии Тоҷикистон чунин ақида дорад: "Ман телефони мобилӣ надорам ва ин бароям мушкил аст, чун на ҳама китобҳоеро, ки ба мо супориш медиҳанд, харидорӣ карда метавонам. Агар мобилӣ бошад, аз интернет пайдо мекунам. Чунки худаш майда, аммо дар дарунаш китобҳои зиёде ҷой мегирад. Мо китобҳоро дар ҷузвдонамон нагардонему ҳамонро дар мобилӣ ё планшет хонем осонтар аст. Маъруфҷони Партов-омӯзгор мегӯяд: "Мо ҳанӯз ба ин кор омода нестем. Дар бисёр давлатҳо дигар дафтару ручка ва китобро истифода намебаранд, ихтирооти нав карданд, дафтари электронӣ, ки бо қалами махсус менависи ва сабт мекунӣ. Инчунин, аз китобҳои электронӣ истифода мебаранд. Андозааш 29 ба 14 аст. Барои сабт кардан ва акс гирифтан низ мувофиқ аст. Аммо мо онро мақсаднок истифода намебарем, як нафарро сабт намуда, дар интернет мегузорему огоҳ нестем, ки мутобиқи қонунгузорӣ ҳаёти шахсии инсон дахлнопазир аст. Хусусан барои талабаҳои мактаб ва донишҷӯён иҷоза додани истифодаи мобилӣ ҳангоми дарс дуруст нест. Дарсхониро фаромӯш мекунанд. Азизова Фароѓат -модар: "Аз нигоҳи ман дар дасти хонандагон мобилӣ набошад, хуб аст, ба он одат мекунанд, дигар ҳушу хаёлашон ба ҳамон мобилӣ мешавад. Як дақиқа бидуни он наметавонанд ва аз дарс дур мешаванд. Телефон шахсро ҳам танбал мекунаду ҳам аз илм дур.Чун дигар на мехонад ва на ба дарс машғул мешавад. Ҳатто ҳадафашон хондани китобҳои электронӣ бошад ҳам, баъд аз хондани як ё ду саҳифа ба дигар корҳо машғул мешавад". Ақидаҳо гуногунанд. Хоҳем нахоҳем, назару андешаи ҷавонон ва калонсолон тафовут дорад. Ба андешаи мо истифодаи мобилӣ дар дарс роҳи ҳалли масъала нест, чун он имкон дорад ба ҳайси дастгоҳи аксбардорӣ ё сабту наворбардорӣ низ истифода шавад, ки то андозае ҳадафаш дигар ва дур аз барномаи таълимӣ аст. Донишгоҳҳои муосир бояд бо таҷҳизоти электронӣ ва компютеру интернети баландсуръат таъмин бошанд. То ҷое дарёфт намудем, дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон вақте донишҷӯ бо нотбук меояду ба интернети он пайваст мешавад, танҳо ба сомонаҳои таълимӣ пайваст шуда метавонад. Ба дигар сомонаҳо, шабака ва месенҷерҳо, ки ба дарсаш алоқамандие надорад, ворид шуда наметавонад. Чи мешуд, агар дар донишгоҳҳои мо низ чунин низом ҷорӣ карда шавад. Ба хусус факултети журналистика, ки бо итттилооту рӯйдодҳои ҳаррӯзаи ҷаҳон алоамандӣ дорад. Рӯзноманигор дар баробари қалами хуб доштану, бурро сухан гуфтан, бояд бо дастгоҳҳои замонавӣ низ кор карда тавонад. Сафинаи Маъруфҷон,
Коромӯзи Минбари халқ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.