Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

20-04-2022, 06:55
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
ОМӮЗИШИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАВУ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ

Санаи 19-уми апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омӯзиши фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гашта истодааст.
Тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Ҳабибзода Зоҳир Иззат - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи КИМ ҲХДТ, Ҷурабек Муродов - муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва Абдураҳим Шоҳиён - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Тоҷикстандарт” ва “Бақои давлат” дидан намуданд.
Ҳангоми боздид ҳолати утоқ ва гӯшаҳои ҳизбии ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр, санадҳои асосии таъсисёбии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ҳуҷҷатгузории онҳо мутобиқ ба талаботҳои Оиннома, Низомнома ва дастурамалҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, инчунин саҳми ташкилоти ибтидоӣ дар ободонии идора мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Дар идомаи боздид корбарию коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, баргузории соатҳои сиёсӣ, маҷлисҳои ҳизбӣ, рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо, протоколҳо, пешниҳоди ҳисобот ва ахбори сиёсӣ, пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ва ҳолати шаҳодатномаҳои ҳизбӣ мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор дода шуд.
Дар рафти омўзиш, аз ҷониби гурӯҳи корӣ бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ кумаки амалӣ-методӣ расонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: