Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » “Муин” дастгиру ёрирасон аст

“Муин” дастгиру ёрирасон аст

18-04-2022, 09:24
Хабарро хонданд: 871 нафар
Назарҳо: 0
“Муин” дастгиру ёрирасон  аст
Як бахши иқтисоди ҷаҳон ба фаъолияти густурдаи ташкилотҳои машғул ба суғурта вобаста буда, тамоми амалкардҳои иқтисодӣ, муносибатҳои додугирифт, тиҷорат, сайёҳӣ, савдо ва ҳатто тадбирҳои андешидашуда дар бахши иҷтимоиёт фақат дар сурати доштани санадҳои суғуртавӣ амалӣ мешаванд. Суҳбати мо бо Исматулло Холниёзов-муовини директори генералии Ташкилоти суғуртавии “Муин” оид ба фаъолияти ҳуқуқӣба ин мавзуи, дар назари аввал ба ҳама ошно, вале дар амал пур аз розҳо рабт мегирад. Ҳамсуҳбатам шахсест,ки ҳанўз дар оғози Истиқлол ҳам дар ин бахш кор мекард ва дар соли 1991 замоне, ки мансаби сардори шуъбаи ҳуқуқи Саруправлениян суғуртаи давлатӣдар сохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт, бо ўдар ин мавзуъ суҳбате ҳам доштем. Аз он дам вақти зиёд гузашт, аммо чуноне ба назар мерасад, аҳамияти масъала дар ҷомеа кам нагардида,баръакс зиёд шудааст. Бинобар ин, саволи аввал ҳам ба маъно ва моҳияти калимаи «суғурта», ки онро баъзеҳо як кори беҳуда, роҳи пули муфт ситонидан аз мардум медонанд, вобаста аст.
-Бисёр дидаем, ки бо шунидани калимаи «суғурта»(вақтҳои охир истилоҳи «бима» ҳам истифода мешавад)баъзеҳобо беэътиборӣ даст меафшонанд ва собит карданӣ мешаванд, ки дар аввал ҳарчанд омилони (агентҳои) суғуртаи давлатӣ бо меҳрубонию чолокӣ шуморо суғурта мекунанд, бо вуҷудиин,агар ба саратон ҳодисае ояд, аз даводав ва санадсозӣ безор мешавед. Дар асл чӣгунааст? Суғурта чист? Магар он воқеан ҳам як роҳиодамонро дар ғафлатгузошта, пул ғундоштанаст ё воситаи дар ҳолати тангдастӣ ба онҳо ёрмандӣ кардан?
-Дар бораибимаақидаимусбатнадоштани як гурўҳимардум, кизикркардед, дуруст аст. Мо инкорнамекунем, киалҳолдараҷаихизматрасонӣ ба мардумнаба онсатҳе расидааст, ки ҳама мехоҳем. Баъзеҳонисбат ба суғуртаюсуғуртанамудан,андешаиманфӣдоштан як сўистад, балки ҳазар ҳам доранд. Аз ин рў, вақтетарғибкарданӣмешавед, суханатонхушнамеоядва мегўянд, кисуғурта хосиятинекнадорад. Ҳатто мисолҳоҳаммеоранд, кифалонӣфалонвақтхудашро (мошинашро,фарзандонашро, хонаашро...) суғуртанамудабуд, фалонхелҳодиса ба сарашомад. Албатта, онҳонамедонанд, ки суғурта як навъфаъолиятиривоҷёфта дар бисёрмамоликидунёст ва таърихикуҳан низ дораду имрўзҳамяк кори маъмулии судбахш ба шумормеравад. Дар воқеъ, суғурта як роҳимуташаккилимададрасондан баодамон, муассисаҳовасозмонҳобаъд аз зарардидан аз ҳодисаҳоитабииюногаҳонӣаст.Ҳамзамон,соҳаи суғурта яке аз самтҳои амалӣ намудани сиёсати давлат ҷиҳати рушди иқтидори молиявию иқтисодӣ ба шумор рафта, дар таҳкими муносибатҳои молию пулии шаҳрвандон, хизматрасонӣ ва дастгирии онҳо ҳангоми ҳодисаҳои нохуш, барқарор намудани зарари ҷисмонии ба онҳо расонидашуда нақши беҳамто дорад. Ташкилотҳои суғуртавии дар бозори суғуртаи кишвари мо ҳам фаъолияткунанда имрўз дар пешбурди сиёсати иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣҳисса мегузоранд.
Дар зеҳни мардум тобиши манфӣ пайдо кардани ин мафҳум шояд ба ин сабаб аст, ки яке аз намудҳояш суғуртаи ҳатмист, китибқиқонун аз корхонаюмуассиса, одамонҳарсолмаблағимуайянситонида мешавад.Аммо, инҷо беҳтар аст аз боби намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ сухан ронему андаке ҳам бошад, ба масъала равшанӣ андозем. Зеро бубинед, фақатяк суғуртаи ҳаёт қариб 15 навъ дорад.
-Вақте аз таърихи куҳна доштани суғурта ёдоварӣ кардед, пеши чашм як таомули хеле ривоҷёфта ва маъмул меояд. Дар бисёр деҳот ва маҳалҳо баъди ба сари касе нохушӣ омадан (аз олам гузаштани касе аз аҳди хонавода ё ҳодисаи дигар) мардум ва хешу табор ба мусибатзада ба қадри тавон ёрии пулию молӣ мекунанд. Гумонмеравад, дар ҳаминкорҳам як нишонаи бимаҳаст.Ҳарчанд ин як навъи шафқат аст, вале касро дилпур месозад, ки фардо ба ў низ ёрмандӣ мекунанд...
Агарамиқ ба моҳияти ин таомулваҳамсуғуртаназаркунемвахоҳем, кичӣбуданисуғуртарохелесодафаҳмонем, ин ду метавонад қобилиқиёсбошад. Аммоэътибордиҳед, ки ин таомулимардумӣҳамчундигарҳояш ба қонунҳоинонавишта ва асосан ба виҷдону ахлоқиинсонҳотакямекунад. Суғуртаҳам як навъфаъолияти васеиумумибашарӣ ба хотиритарбияи эҳсоси саховатманд вамеҳрубон нисбат баҳамдигар будан аст. Аз мисолиболомаълуммешавад, кисуғуртачизибегонанества ба шакли хеле сода ҳамбошад,миёнимардумривоҷдорад. Ваҳамонсуғуртапулие, ки дар асосишартномаюқонуназ одамонвакорхонаюмуассисаҳо гирифтамешавад, ҳеҷгоҳбебозгашт ба кисаидавлат ва ташкилотҳои суғуртакунанда намеравад, балки тавре мегўянд, дар якрўзимабодо ба ҳамонсаҳмгиронаш пас мегардад. Шоҳид ҳастем,ки ҳарсол баъди бориши борони селу ҷола ба хоҷагиҳое, ки аз офатҳо зарармебинанд, миллионҳо сомонӣ мададипулию техникӣ расонида мешавад.
Муҳим будани ин масъаларо ба назар гирифта, Сарвари давлат дар суханрониҳояшон ба ин самти иқтисоди ҷумҳурӣ диққати махсус дода, таъкид мекунанд, ки намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ афзоиш дода шуда, ҷомеа бо суғуртафаро гирифта шаванд. Амалӣ кардани ин дастур ба маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва кормандону роҳбарони соҳаҳои гуногуни мамлакат марбут аст ва зарур аст, ки корҳои ташвиқотию тарғиботӣ тавассути васоити ахбори омма, радио ва телевизион, чопу дастрас намудани ҳар гуна буклетҳо, тақвиму дигар воситаҳои айёнӣҳам васеътар ба роҳ монда шаванд.
-Ба куҷо сарф шудани як қисми маблағи ҷамъшаванда ба гумонам андаке маълум шуд. Барои мусибатдида ба таври дастҷамъӣ бархўрдор шудан аз хайрияи ташкилотҳои суғуртавӣ нисбатан осон аст. Аммо онҳое, ки бо намояндагиҳои шумо дар маҳал, ноҳия ва шаҳракҳо шартнома бастаанд ё мебанданд, дар суратиба охир расидани муҳлати дар қарордоднишондодашуда ё дигар ҳолатҳон зарурӣбояд чӣкор кунанд, то ки сари вақт ва бе саргардонии зиёд маблағи пешбинишударо бигиранд?
-Пеш аз ҳама,мутобиқиталаботи шартномарафторбояд кард. Дар ҳамонполис (варақа)-е, ки ба касисуғурташудабаъди хонапурӣнамуданисанадҳомедиҳанд,қоидаҳои асосии муроҷиат ба мақомотидахлдорвозеҳсабт шудааст. Нозукиикор он аст, ки барасмиятдароварданиҳуҷҷатҳофаврӣва дар муҳлатимуқарраргардида боядсуратгирад. Онҳое, кисарфаҳмнамераванд,ҳатманвабетаъхир ба ташкилотисуғуртавӣбароимаслиҳат бояд муроҷиатнамоянд,
- Болотар зикркардед, китанҳосуғуртаиҳаётиинсонпонздаҳ намуд дорад, чандеро метавонед номбар кунед?
- Бале, намудҳоисуғуртаиҳаётиодамонхелезиёдаст. Аз ҷумла, як худи суғуртаикўдаконҳамчандхелмешавад. Нисбатанмаъмулашсуғуртаияксолаикўдак аз ҳодисаҳоинохуш, суғуртаимактаббачаҳо, суғурта то синни балоғат(яъне аз 1-сола то 16-солагӣ), суғурта дар давраимусофират ба роҳи дур вағайра.
Таври ихтиёрӣ мардум боз метавонанд биноҳои зист, ҳайвонот, ашёи хона, нақлиёти шахсиро суғурта қунанд. Муҳлати суғурта мувофиқи салоҳдиди худи кас аст. Ин маҷбурӣ нест. Ҳолатҳое мешавад, ки ин ё он кас шартномаи суғуртаи ҳаётро мебандаду баъди як ё ду моҳ ва ё ним сол дигар аз пардохти маблаги моҳона саркашӣ мекунад. Ин ба зарари худи ҳамон одам аст, чунки дар ин ҳолат барои пеш аз муҳлат аз тарафи суғурташуда вайрон кардани шартнома, аз маблағи ҷамъшуда ба фоидаи мақомоти мо миқдори муайяне дошта мешавад. Ҳол он, ки дар сурати сари вақт супоридани маблағ ба андозаи муқарраргардида баъди пур шудани муҳлат тамоми маблағ ба каси шартномабаста ё ба шахси дигаре, ки дар шартнома нишон додааст, гардонда мешавад.
-Дар солҳои соҳибистиқлолӣ сохтор ва тарзи кори баъзе аз мақомот дигаргун гашт. Дар мақомоти суғурта кадом тағйирот ворид шудааст?
-Бо барҳам хўрданиИттиҳодиШуравӣ системаи ягонаи хоҷагидорӣ, бонкдорӣ, суғуртавӣ ва ғайраҳо дарҷумҳуриҳо низ аз байн рафт. Аз ҷумла, Сарраёсати суғуртаи давлатии ҷумҳурӣ, ки дар сохтори Вазорати молияи Иттиҳоди Шуравӣ фаъолият дошт, низ ҳамчун яккатози соҳа фаъолияташро тағйир дод. Кормандони ботаҷрибаи соҳа ба сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ гузаштанд. Раванди ташкилшавии ташкилотҳои суғуртавии мустақил оғоз ёфт. Натиҷаи чунин таҳаввулот буд, ки мутахассисони ботаҷрибаи соҳа, аз ҷумла Бобоҷон Олимов, Шарифҷон Исҳоқов (сардори ҳамонвақтаи Идораи суғуртаи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, ҳоло ноҳияи Исмоили Сомонӣ), Ҷўрабек Ҷўраев (корманди соҳа) ва ман ҳамчун сардори шуъбаи ҳуқуқи Сарраёсати суғуртаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) бо дастгирии чанд нафари дигар, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аввалинташкилоти суғуртавиро таъсис додем.Бо пешниҳоди шодравон Б.Олимов номи ташкилоти суғуртавиро якдилона “Муин” монданд, ки маънояш “мададгор, ёридиҳанда, кумакрасон, ғамхор, дастгир” мебошад. Дар тўли 30 соли фаъолият аъзои ташкилоти суғуртавии мазкур ва кормандонаш кўшиш кардаанд, то сазовору шоистаи номи ташкилот бошанд.Дар ин муддат, ки барои як созмони ғайридавлатӣ давраи ташаккулу такмилёбӣ буд, дар равнақу ривоҷи фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ кормандони гуногунсоҳаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, А.Қурбонов, И.Шукуров, И.Баҳромов, Т.Дадоҷонов, И.Маҳмудов ва дигарон ҳиссаи худро гузоштаанд. Аз оғози таъсисёбии ташкилоти суғуртавии мазкур (2 майи соли 1992) то ба имрўз роҳбарии фаъолияти онро Шарифҷон Исҳоқов ва муовини ўҶўрабек Ҷўраев ба уҳда доранд, ки ҳар кадоме мутаносибан 50 ва зиёда аз 35 сол таҷрибаи кориро дар ин соҳа дошта, баҳри рушди корхона ҳиссаи худро гузоштаанд.
Дар ин давра ташкилоти мазкур фаъолияташро бо риояи ҳатмии қонунгузории амалкунанда, ҳамкории баробарҳуқуқ ва судманд, масъулияти баланди иҷрои уҳдадориҳои шартномавии суғуртавӣ ба роҳ монда, дар бозори суғуртаи ҷумҳурӣсоҳиби эътибор хос шудааст. Дар тўли ин солҳо ҳазорҳо нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ташкилотҳои гуногунсоҳа аз хизматрасонии суғуртавии ин ташкилот бархўрдор гаштаанд.
-Ҳоло то кадом андоза заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти ин соҳа танзим шудааст?
-Соҳаи суғурта ё “бима” солҳои пеш новобаста аз реклама, ташвиқу тарғиботи густурда он қадар ҳам маъмул ва ба талабот ҷавобгў набуд. Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати пайгиронаву оқилонаи Сарвари кишвар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, “Дар бораи суғуртаи тиббӣ”, “Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣтаҳия ва қабул гардиданд, ки имрўз нақши асосиро дар рушди фаъолияти суғуртавӣ доранд.
БоҚарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2016 таҳти №408 “Дар бораи масъалаи Хадамоти давлатии назорати суғуртавӣ” ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 таҳти №857 “Дар бораи ба Бонки миллии Тоҷикистон вогузор кардани ваколати назорати суғуртавӣ” Идораи назорати суғуртавӣҳамчун воҳиди таркибии БМТ таъсис дода шуд. Идораи мазкур фаъолияти соҳаи суғуртавиро дар ҷумҳурӣ назорат, танзим ва рушди самараноки хизматрасонии суғуртавӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ва давлатро таъмин менамояд. Дар ҷумҳурӣ Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои суғуртавии Тоҷикистон низ фаъолият дорад, ки бароидар низоми муайяни ҳуқуқӣ фаъолият кардани ташкилотҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 19 ташкилоти суғуртавӣ амал карда истодааст, ки аз он 2 ташкилоти суғуртаи давлатӣ ва 17 ғайридавлатӣ мебошанд, ки дар ин миён ташкилоти суғуртавии “Муин” ҷойгоҳи хос дорад. Ин ташкилотсентябри соли 2021 бори дигар аз қайди мақомоти назоратӣ гузашта, тибқи иҷозатнома бо 10 намуди суғуртаи ихтиёрӣ кор ва фаъолият дорад.
-Сабаб чист, ки Шумо пас аз солҳои тўлонии фаъолият дар мақомоти дигар боз ба соҳаи суғурта баргаштед?
-Ташаккур, ки бо гузашти вақти зиёд боз ҳам ба ин соҳаи барои мардуми мо камошно ҳусни таваҷҷуҳ доред. Баростӣҳангоми кор дар Саридораи суғуртаи давлатии ҷумҳурӣ, ки 8 соли умри худро дар он ҷо гузаронидам, ба ин соҳа дил бастаам.Зиёда аз ин, мавзуи кори дипломиам дар вақти таҳсил дар УДТ ба номи В.И.Ленин (алҳол Донишгоҳи миллӣ) таҳти роҳбарии устоди муҳтарам шодравон Шоҳмурод Менглиев низ ба яке аз намудҳои соҳаи суғурта алоқаманд буд (бояд гуфт, ки устод худ низ дар ҳамин соҳа соҳиби унвонҳои илмӣ буданд). Таъкидҳои устод оид ба бефарқ набудан ба ин соҳа ва машғул шуданам ба фаъолияти амалӣ, гузаштани бозомўзии соҳаи мазкур дар Институти байнисоҳавии Вазорати молияи СССР дар Москва, сафарҳои корӣ баҳри омўзиши таҷрибаи ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар ин самт, аз саҳифаҳои пурарзиши умр аст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муддати тўлонӣ дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣкор карда, се сол пеш бо таклифи бевоситаи рафиқу ҳамкори собиқам Шарифҷон Исҳоқов, ки сарварии ин ташкилотро бар уҳда дорад, боз ба ин кор баргаштам.
- Агар махфӣ набошад, худи Шумо суғурта шудаед?
-Чаро нашавам? Якто не, шаш шартномаи суғуртаи ихтиёрии ҳаёт дорем - наберагони мактабхонам, фарзандонам, ҳамсарам ва худи ман ду шартнома, ҳама ба муҳлатҳои гуногун соҳиби қарордод ҳастем. Ба ғайр аз ин, ду шартномаи ихтиёрии суғуртаи хона ва ашёи хонаро дорем. Дар суғурта ман хосияти нек меҷўям. Охир он як навъи хеле ҳам қулайи ба танзим овардани буҷети хонавода, бамаврид пасандоз намудани ҳиссае аз маош аст. Ба дигар маъно, суғурта ё тавре шумо гуфтед, бима, нишонаи фарҳанг ва ахлоқнизҳаст.
- Дар охир боз чӣ гуфтание ба хонандагони мо доред?
-Фаъолияти 30-солаи ташкилоти суғуртавии “Муин” бе душвориҳо набуд. Аммо ҳамаи мушкилот паси сар шуда, имрўз фаъолияти он вориди марҳалаи нав шудааст. Эътимоднокии молиявӣ ва моддӣ, муносибатҳои хуби касбӣ бо корхонаву ташкилоту муассисаҳои дорои шаклҳои гуногуни моликият, ашхоси алоҳида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ташкилоти суғуртавии мо имкон медиҳад, ки ба оянда дилпурона назар афканда, дар сурати ҳамкорӣ онҳоро аз хатарҳои ғайричашмдошт дар доираи шартномаҳои басташуда ҳифз намоем. Ҳамкории судманд бо шарикон дар фазои орому босубот ва ҳимояи осудагии мардум орзуи мост.
Нигориши Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: