Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шебу фарози нахустин мусобиқаи велосипедронӣ дар Тоҷикистон

Шебу фарози нахустин мусобиқаи велосипедронӣ дар Тоҷикистон

26-03-2022, 16:30
Хабарро хонданд: 493 нафар
Назарҳо: 0
Шебу фарози нахустин мусобиқаи велосипедронӣ дар Тоҷикистон

Беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати ҷаҳон барои унвони қаҳрамони Осиё дар шоҳроҳҳои Тоҷикистон вориди рақобат шуданд. Кишвари мо бори нахуст мизбони чунин як навъи мусобиқа гардид ва чуноне масъулони федератсияи велосипедронии Осиё таъкид карданд, он дар сатҳи баланд созмон ёфта ва баргузор шуд.
Мусобиқа барои унвони Қаҳрамони Осиё дар Тоҷикистон дар варзиши велосипедронӣ миёни ҷавонони то 19-сола, ҷавонони то 23-сола, калонсолон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир шуд, ки ҳар кадоме шароиту равиши худро дошт. Ба иттилои масъулони Кумитаи олимпии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи сарпарастони ин мусобиқа аст, дар рақобатҳо 428 варзишгар аз 27 давлати Осиё зӯрозмоӣ карданд. Дар маҷмуъ, 18 рақобат дар 6 масофа миёни мардҳо ва бонувон баргузор шуда, сипас мусобиқаҳои даставӣ ва якка (инфиродӣ) низ сурат гирифтанд.
Ҳама чиз хуб гузашт, аммо чуноне таъкид кардем, шояд ба сабаби он ки бори аввал чунин як чорабинии густурда ва бо фарогирии шоҳроҳҳои пойтахту роҳҳои берун аз шаҳрӣ доир мешуд, баъзе аз душвориҳо дар гардиши нақлиёт ва рафту омади мусофиронро пеш овард, ки дар чанд рўз боиси нороҳатии сокинони пойтахт ва ноҳияҳои атроф гардид. Маълум шуд, ки бо вуҷуди пешопеш эълон шудани роҳбандии шашрўза (25 -30 март) боз ҳам бахше аз аҳолӣ ба таври умум аз ин иқдом хабар надоштанд ва ё ба эълону огоҳиҳо бепарвоӣ зоҳир карда, пас аз воқеан баста шудани роҳҳо, дар ниҳоят эҳсоси нороҳатӣ доштанд. Онҳое, ки пойи пиёда аз як канори шаҳр ба гўшаи дигари он ба кор мерафтанд, ин андешаро низ доштанд, ки агар ин чорабиниҳои варзишӣ пурра дар рўзҳои истироҳатии наврўзӣ мегузашт, боз ҳам хубтар буд, зеро мардум азоби расидан ба ҷойи кору ҷавонон ба маҳали таҳсилашонро намекашиданд. Ба ҳар сурат, ин як пешниҳодест ба масъулони чунин чорабиниҳои калон, ки ба эҳтимоли зиёд дар ояндаҳо боз ҳам баргузор мешаванд, мазмуну аҳамияти бештаре барои ҳамагон хоҳад дошт.
Обу ҳаво ва шароити Тоҷикистон меҳмононро хушҳол кард
Аз суҳбату гуфтугўҳо маълум мешуд, ки роҳҳо, обу ҳаво ва шароити зисти фароҳамшуда барои иштирокчиён хеле писанд омадааст. Аз ҷумла, Осама ал-Шафар, роҳбари Федератсияи велосипедронии Осиё дар маросими расмии кушодашавии қаҳрамонӣ истиқболи гарму самимонаи мардуми тоҷикро махсус таъкид карда, афзуд, ки аз ин ҳолат хеле хушҳол гардид. Аз сўйи дигар, шароити Тоҷикистон барои баргузории чунин мусобиқаи байналмилалӣ муносиб мебошад ва кўшиш хоҳанд кард, ки дар солҳои баъдӣ низ аз имконоти кишвари мо истифода шавад.
Ин нукта дар мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо президенти Иттиҳоди байналмилалии ведосипедронӣ Дэвид Лапарте ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Ал Шафар низ таъкид шуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои марбут ба варзиши велосипедронӣ ва рушди он дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод карданд, ки барои муаррифӣ ва рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон дар оянда мусобиқаи байналмилалии велосипедронии кўҳӣ ҳам гузаронида шавад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима аз ҷониби Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон ҷиҳати ин чорабинии варзишӣ нақшаи дар ояндаи наздик баргузор шудани мусобиқа таҳия хоҳад гашт.

Рўзи аввал натиҷаҳои баъдиро маълум кард

25 март мусобиқаҳо аз майдони Дўстӣ бо сабқати даставӣ миёни мардҳо ва бонувон, инчунин қувваозмоиҳои варзишгарони маъюб оғоз гардида, дар давоми рўз ғолибон ва ҷоизадорон муайян шуданд.

Абдулло Раҳмонзода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Президенти Иттиҳоди байналмилалии велосипедронӣ Дэвид Лапарте ва Президенти Кумитаи олимпии Индонезия Раҷа Сапта Октоҳари меҳмонони фахрии мусобиқа дар оғоз барои ҳамаи иштирокчиён рақобати шаффоф ва бобарор хостанд. Сипас ҷавонони то 19-сола, варзишгарони то 23-сола, калонсолон ва маъюбон дар бахшҳои ҷудогона вориди рақобат шуданд.
Бар асоси ҷадвали ниҳоии натиҷаҳои рўзи аввал дар мусобиқаи даставии мардҳо, ки масофаи 24 километрро дарбар мегирифт, намояндагони Қазоқистон, Муғулистон ва Эрон пирўз омада, дар чунин рақобат байни бонувон Ўзбекистон, Эрон ва Қазоқистон натиҷаҳои баланд нишон доданд.
Дар он рўз мусобиқаҳо миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд низ доир шуд, ки байни мардҳо дар категорияи “TENDEM” варзишгарон аз Тайланд медалҳои тило ва нуқра (ҷойи 1 ва 2), Қазоқистон ҷойи сеюм ва медали биринҷиро гирифтанд. Дар ин навъи рақобат миёни бонувон намояндагони кишвари Тайланд ҷойҳои 1 ва 2 ва дар рақобатҳо миёни мардҳо, категорияи С1 варзишгаре бо номи Ҳиран Зумтанаҷит боз ҳам аз Тайланд зинаи аввалро соҳиб шуданд.
Ба ин тартиб, дар рақобати мардҳо, категорияи С2 ғолибият пурра насиби намояндагони Ўзбекистон шуда, Ғолиббек Мирзоёров, Аброр Ортиқов ва Бунёд Ҳаитмуҳаммадов се зинаи ғолибиятро касб карданд. Дар категорияи С3 низ варзишгари ўзбек Авазхон Палвонов ғолиб омада, дар категорияи С4 Ҷассим Зияб Ал Мҳейрӣ ва Ҷумъа Салим Алҷнейбӣ аз Аморати Муттаҳидаи Араб пирўз шуданд. Дар навъи дигари рақобат категорияи С5 Маҳдӣ Муҳаммадӣ (Эрон), Азимбек Абдуллоев (Узбекистон) ва Аҳмад Албедвавӣ (АМА) комёб гардида, медалҳои мусобиқаро дарёфт намуданд.
Байни бонувон, категорияи С2 Радҳешям Ҷйотӣ Гадерия (Ҳиндустон), дар категорияи С4 Азизахон Қосимова (Ўбекистон), Шамбҳусингҳ Гита Рао (Ҳиндустон) ғалаба карданд. Лозим ба зикр аст, ки номи намояндагони ҳамин кишварҳо дар ҷадвали ғолибони рўзиаввал ва ҳамчуни рўзҳои баъдии мусобиқа батакрор зикр мешаванд, ки албатта боиси ифтихору сарфарозии мухлисон дар кишварҳояшон гардидааст.. Мутаассифона дар миёни ғолибони панҷ рўзи дигари мусобиқаҳо низ мо намояндагони кишвари худро надидем, ки ин ҳам як далели равшани ҳанўз дар ҳолати шаклгирӣ будани ин навъи варзиш дар Тоҷикистон мебошад.
Фақат дар рўзи сеюми мусобиқа дар доираи Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, ки сабқатҳои инфиродӣ миёни мардон, бонувон ва бонувони то 23-сола дар масофаи 24 км сурат гирифтанд, бо эълони номи варзишгарони Қазоқистон Рината Султонова ва Евгений Федоров, ҳамчун ғолиби рақобат миёни бонувони то 23-сола, намояндаи Узбекистон Янина Кускова, дар омади гап гуфта шуд, ки варзишгари тоҷик Раҳимҷон Аминов миёни мардҳо дар масофаи 24 км ширкат карда, бо натиҷаи 40:23.320 (миёни 11 иштирокчӣ) ҷои ёздаҳумро гирифт.
28 март мусобиқаҳо мураккабтар шуда, мардҳо ба таври якка дар масофаи 130 км, ҷавонон дар масофаи 111 км, ва занҳо дар масофаи 61 км вориди рақобат шуданд. Рўзҳои дигар ҳам чунин мусобиқа дар масофаи 175 км, миёни мардҳо, ва занон дар масофаи 111 км доир гардид, ки барои иштирокчиён сахт, вале барои тамошобинон шавқовару хушҳолкунанда буд.
30 март дар охирин рўзи Чемпионати Осиё дар Душанбе мусобиқаи яккаи умумӣ, мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ дар масофаи 111 км доир шуд, ки шумораи зиёди велосипедронҳои ҳаваскор низ барои қуввасанҷӣ ба ҷодаҳои барои рақобат таъиншуда баромаданд.
Тамошо хотири ҷамъро металабад
Чуноне мушоҳида кардем, макони баргузории велосипедронӣ хеле васеъ буд ва ҳаракати нақлиёт бар иловаи хиёбони С. Айнӣ - кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, С. Шерозӣ, кўчаи Н. Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе — Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н. Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И. Сомонӣ, Н. Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н. Махсум, И. Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳоро дар бар мегирифт ва ба ин сабаб тайи ин муддат ҳаракати нақлиёт дар ин роҳҳо маҳдуд гардид. Тавре болотар аз қавли мушоҳидон ҳам гуфтем, агар тамоми рафти мусобиқа дар рўзҳои таътили наврўзӣ доир мешуд, мардуми бештаре онро ба хотири ҷамъ тамошо мекарданд. Зеро бо ташвишу парешонӣ беҳтарин чорабиниро ҳам бинед ҳам, аз тамошои он ҳаловат бурда наметавонед.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба мо гуфтанд, ҳадаф аз мусобиқаи якка (инфиродӣ)-и умумӣ, бо иштироки мардҳо, дӯстдорон ва устодони варзиши велосипедронӣ ба масофаи 111 км, ки дар рӯзи ниҳоии мусобиқа 30 март баргузор гардид, ба намоиш гузоштани зебоӣ ва шаҳомати ин навъи варзиш, ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба велосипедронӣ ва дар оянда рушд додани он дар кишвар аст.
Ин нуктаро ҳам дар охир мехоҳам таъкид кунам, ки дар ҷараёни ин чорабинии шашрўза иштирокчиён дар 14 намуд пойга намуда, масофаеро бо дарозии умумии 897 километр роҳ тай карданд. Варзишарон фақат дар роҳҳои ҳамвор не, балки дар масири бо кўҳталу нишеб низ қувва санҷиданд. Яъне рафти ин мусобиқаҳо нишебу фарозҳоеро дошт, ки рафти онро натанҳо барои мо, балки барои мухлисони ин навъи варзиш дар кишварҳои дигар низ рангоранг ҷилва медиҳад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: