Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Иди модарон

5-03-2022, 09:42
Хабарро хонданд: 987 нафар
Назарҳо: 0
Иди модарон

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Нур дар дил рушани дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.


Модар фаришта аст
Восеъ. Дар толори бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба «Рӯзи Модар» бо иштироки масъулини Кумитаи иљроия ва намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бо як гурӯҳ ҷавонони гирандагони стипендияи Президентӣ мизи мудаввар дар тавсифи бонувон баргузор гардид.
Зимни суханоронињо масъулони баргузории ин њамоиш модаронро ситоиш намуда, иброз доштанд, ки Модар воқеан фариштаи зебои олам аст. Бузургон мартабаи занро бисёр баланд нишон додаа, аз ҷумла покии миллат, покии зиндагӣ, покии инсонро ба зан рабт доданд. Зикр шуд,ки аз зани боиффат, донишманд ва бонангу номус фарзанди бонангу ватанпарвар ба дунё меояд.
Бинобар ин, Ҳукумати ҷумҳурӣ хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан ҳамчун ояндаи давлату миллат эътибори хоса медиҳад.
Дар идома ҷавонон дар васфи зан-модар шеърҳо қироат намуда, қайд карданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда мутахасисони варзидаи кишвар хоҳем шуд ва барои ин Ватан ва модарон хизмат намуда, қарзи фарзандаии хешро бо сари баланд иҷро мекунем.

Наќши зан дар љомеа

Восеъ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Султони Кабир” бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафар Ҳафиза Разоқ вохӯрӣ баргузор гардид.
Сарвари њизбиёни ноњия зимни вохўрї дар ин коргоњ, ки аксарияти кормандони ташкилоти номбурдаро занон ташкил медиҳанд, гуфт, ки . дар қатори дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи худро ба баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа низ равона намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паёми худ мавзӯи зан – модарро матраҳ мекунанд, ки бењикмат нест. Маҳз ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳост, ки имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳо занҳо кору фаъолият доранд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъулони ҳизбӣ зимни шиномої бо фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ бо шароити кории кормандони ташкилоти ибтидої шинос гардиданд.
Иншо дар мавзўи модар
Левакант. Озмун барои навиштањои бењтарин дар мавзўи «Модар якто аст, Ватан яктост», аз сўйи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба "Рӯзи модар" дар байни хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр ва бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия ташкил ва баргузор гардид.
Дар озмуни мазкур аз муассисаҳои таълимии шаҳр зиёда аз 40 нафар хонандагон иштирок намуданд. Иншоҳои пешниҳодгардидаи хонандагонро ҳайати ҳакамон, дар њайати мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Каниева Низора, директори муассиса Назриева Майдагул санҷида, ғолибонро муайян намуданд.

Мусобиќа байни духтарон
Хуљанд. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани бузургдошти «Рӯзи модар» дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи варзишии волейбол байни донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б.Исҳоқӣ ва Коллеҷи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров гузаронида шуд.
Дар чорабинии варзишӣ раиси кумиҷроияи шаҳрї Маликисломӣ Наим Мунаввар иштирок ва баромад намуда, ҳамагонро ба фарорасии Рӯзи модар табрик кард. Мавсуф дар баромади хеш афзуд, ки тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш баҳри солимгардонии рӯҳу тан, яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеи ҳар давру замон, бахусус имрӯз аст. Зеро дар давлати соҳибистиқлоли мо барои рушди варзиш ва машғул гардидан ба он тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Шумо ҷавонон бояд аз ин шароити фароҳамбуда самаранок истифода бурда, ба варзиш, машқи бадан, ки шарти асосии тарзи ҳаёти солим аст, машғул шавед, то солимии худро таъмин созед. Фаромӯш набояд кард, ки саломатӣ гавҳари ноёб аст.
Дар бозии волейбол духтарон хеле фаъол ва ҳар ду даста ҳам бо тайёрии хуб омада буданд. Натиҷаи мусобиқа ба фоидаи дастаи донишҷӯдухтарони Коллеҷи тиббӣ ҷамъбаст гардид.
Аз тарафи кумиҷроия барои ғолибони мусобиқа Диплом, барои доварон Сипоснома, инчунин бозигарони фаъол низ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.


Арљи модарон

Гулистон. Њамоиши «Арљгузорї ба Модар» 2 март бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар њамкорї бо Кумитаи иљоияи шањрии ЊХДТ дар майдони назди маҷмааи "Дасти дуои Модар" баргузор шуд. Дар ин иќдоми фарњангї собиќадорони мењнат ва аъзои њизб иштирок карда, њамоиши идонаро бо гузоштани гулчанбар дар пояи муҷассамаи "Дасти дуои Модар" оғоз бахшиданд.
Модарону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, наврасону ҷавонони шаҳри Гулистон, аз чумлаи дигар иштирокчиёни ин њамоиши идона буданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иштирокдорони ҳамоишро бахшида ба ин ид табрик гуфта, барояшон сиҳатмандї ва рӯзгори осуда таманно намуд.
Гуфта шуд, ки маҷмааи "Дасти дуои Модар" ҳамчун рамзи муҳаббати поку самимӣ, эҳтироми бузург, арҷгузорӣ ба Модар ва қадршиносии кулли модарони тоҷик бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7октябри соли 2021 рўнамої шуда, њамакнун ба макони баргузории љамъомадњои бошукўњ табдил ёфтааст.
Сипас, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар васфи Модар суруду таронаҳои ҷолиб қироат намуда, ба ҳамоиш шукўҳи тоза бахшиданд.

Афзоиши сафи аъзои њизб

Бохтар. Сафи аъзои ЊХДТ аз њисоби соњибкорон дар ин шањр зиёд мешавад.
Чанде пеш дар ҶДММ "Акси Шифо" маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ҲХДТ доир гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аъзои ҲХДТ ва кормандони ин марказ иштирок доштанд. Пас аз қабули қарорҳои дахлдор доир ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва котиби маъсул, ташкилоти ибтидоии "Акси Шифо” номгузорӣ шуд.
Дар интиҳои маҷлис Саидзода Раҳмон муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан карда, ањли маљлисро аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба муносибати таъсис ёфтани ташкилоти ибтидоии “Акси Шифо” табрик гуфт, Ў инчунин доир ба таърихи таъсис, љойгоњи имрӯзаи ҳизб ва дастовардҳои он ибрози назар кард.
Номбурда, аз љумла таъкид кард, ки – Ҳамаи он комёбиҳое, ки дар даврони солҳои истиқлолият ба даст омаданд, ба номи ҲХДТ, Раиси он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртибот дорад. Ҳизби мо бо барномаи фарогири хеш ба ҳамаи орзую омоли мардум расидагӣ мекунад. Масъалае нест, ки аз доираи фаъолияти ҲХДТ дар канор монда бошад. Ҳамин аст, ки оммаи васеи мардум аз ҳизб ҷонибдорӣ мекунанд, тақдирашонро бо он мепайванданд, аз тариқи он дар корҳои муҳими ҳаёти ҷомеа ва идораи давлат фаъолона иштирок мекунанд.
Дар охир ба як қатор кормандони марказ, ки нав ба узвияти ЊХДТ ќабул шудаанд, шаҳоданомаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Ташкилоти ибтидоии «Шоњамбарї»
Њисор. Дар Љамъияти сањомии шакли кушодаи “Шоҳамбарӣ”, ки аз бузургтарин истироњатгоњњои Тољикистон аст, бо иштироки Изатуллои Ҳабибзод-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии ЊХДТ баргузор гардид.
Нахуст ба чанде аз кормандони ҶСК “Шоҳамбарӣ”, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, дар асоси аризаи шахсї ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи узви ҲХДТ супорида шуд. Сипас ташкилоти ибтидоии ҲХДТ таъсис ва ба он номи “Шоҳамбарӣ” гузошта шуд. Бо ҷонибдории аъзои ҳизб Амирӣ Бозор-директори генералии ҶСК “Шоҳамбарӣ” раиси ташкилоти ибтидоӣ, Нуралиева Тахмина-муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Носиров Исфандиёр-котиби ташкилоти ибтидоии “Шоҳамбарӣ” интихоб гардиданд. Бо дарназардошти зиёд будани сафи кормандони ҷавон дар ҶСК “Шоҳамбарӣ” дар назди ташкилоти ибтидоии “Шоҳамбарӣ” намояндагии ТЉЉ “Созандагони Ватан” низ ба фаъолият оѓоз карда, Бозоров Фазлиддин-роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” интихоб гардид.
Изатуллои Ҳабибзод-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор суханронӣ намуда, таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбиро дар ҶСК “Шоҳамбарӣ” иқдоми саривақтї ва созгори Роҳбарияти ҶСК “Шоҳамбарӣ” арзёбӣ намуд. Сипас оид ба нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи кунунии ҷаҳон, минтақа, торафт мураккаб гардидани муносибатҳои кишварҳои абарқудрат, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳои муҳим изњори назар кард.
Дар фаромади маҷлис роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Шоҳамбарӣ” иброз доштанд, ки барои татбиқи амалии Оиннома, Барнома ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҲХДТ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарем.
«МХ»

Иди модарон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: