Қисме аз нақби Шаҳристон "фурӯ" рафтааст4-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Дар пайи заминларзаҳои охир тақрибан 14 метри нақби Шаҳристон "фурӯ" рафтааст, аммо вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода мегӯяд, ин харобӣ барои мусофирон хатар надорад.
Барои пешгирӣ аз танбашавӣ ҳоло мошинҳо аз нақби ҳавокаш мегузаранд. Вазири нақлиёт меафзояд, Тоҷикистон дар минақаи зилзилахез ҷойгир аст ва ба ин хотир заминларза боиси чунин харобиҳо мешавад. Ба гуфтаи вазир, заминларза ба баданаи асосии нақб зарар нарасонидааст, аммо дар дохили нақб корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад. Нақби Шаҳристон аз сӯи ширкати чинӣ бо сармоягузории худи Чин дар соли 2012 сохта шудааст. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.