Дар ҷумҳурӣ 90 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд22-01-2016, 09:29
Хабарро хонданд: 277 нафар
Назарҳо: 0
Дар соли 2015 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 90 (с.2014-67) ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳо ба амал омадаанд, ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 22 январ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов хабар дод.
Бино ба иттилои раиси кумита фаромадани тарма асосан дар ноҳияҳои кӯҳӣ-Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа, Айнӣ, Рашт ва Варзоб, сардиҳои сахт дар шаҳру ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ- Конибодом, Исфара, Ашт, Зафаробод, омадани сел аз ноҳияҳои марказӣ- Ҳисору Рўдакӣ сар карда, то А.Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷиликул, Вахш, Хуросон, Восеъ, Ҳамадонӣ, Тоҷикободу Ҷиргатол ва тамоми ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба амал омаданд. «Обхезӣ дар Исфара, Ҷиргатол, Нуробод, Кӯҳистони Масчоҳ, фаромадани ярч дар Файзобод ва фурӯравии замин дар ноҳияи А.Ҷомӣ, инчунин вазидани шамоли сахт дар ноҳияҳои Рашту Ҷиликул, раъду барқ дар Истаравшан, Б.Ғафуров, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Рашт Дарвозу Рўдакӣ ва заминларза дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рашту Балҷувон, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа, Шуғнон, Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст»,-илова намуд раиси кумита. ©khovar.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.