Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН- Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН- Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

26-08-2021, 10:00
Хабарро хонданд: 736 нафар
Назарҳо: 0
ЛАТИФЗОДА АСРОР ҚУРБОН- Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
10-уми марти соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Соли 1984 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ-ташкилотчӣ ба итмом расонидааст.
Дар тули фаъолияти корияш дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла корманди хурди илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти хоҷагии қишлоқ, мудири шӯъбаи ташкилӣ, котиби дуюм ва якуми Кумитаи комсомоли ноҳияи Синои (Фрунзе) шаҳри Душанбе, котиби якуми Кумитаи комсомолии шаҳри Душанбе, муовин-муовини аввали раиси Шӯрои Марказии иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи сиёсати кадрҳо, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори КВД «Сайёҳ»-и Вазорати иқтисодиёт ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Точикистон содиқона кор ва фаъолият намудааст.
Мавсуф хатмкардаи Акадамияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия, бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ мебошад. 26-уми декабри соли 2009 дар Анҷумани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2015 ба вазифаи муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида то моҳи декабри соли 2019 адои хизмат кардааст.

13-уми декабри соли 2019 дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардид. Дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи 2 мебошад.

Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Рутбаи ҳарбияш Генерал - майор мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: