Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДЕВАШТИЧ: Артиши миллӣ – сипари боъэтимоди Ватан

ДЕВАШТИЧ: Артиши миллӣ – сипари боъэтимоди Ватан

15-02-2022, 07:19
Хабарро хонданд: 166 нафар
Назарҳо: 0
ДЕВАШТИЧ: Артиши миллӣ – сипари боъэтимоди Ватан


Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич санаи 12 феврали соли равон бахшида ба 29 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми сарҳадии 0214 бо иштироки толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорон, ҷанговар- байналмиллалчиён, собиқадорон мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон Аҳадзода, шоир Зайниддин Қаландарзода, собиқадори меҳнат Ғайбуллоева Муборак, ҷанговари байналмиллал Акбар Маҳмудов ба сухан баромада, дар бораи нақш ва ҷойгоҳи махсус доштани Артиши миллӣ дар пояи давлатдории тоҷикон суханронӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи тавоно муҷаҳҳаз ва муташаккил амнияти давлат ва осоиши кишварро таъмин менамояд.Маҳз туфайли ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Артиши Миллии мо ба қувваи боэътимоди муҳофизаткунанда табдил ёфтааст.

Дар мулоқот хонандагони муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 38 баҳри иштирокчиёни чорабинӣ барномаи ҷолиби адабӣ фарҳангӣ пешниҳод намуданд.

Афсарони қисми сарҳадӣ низ маҳорату истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.

Дар фарҷом хонандагон аз шароити хобгоҳу ошхона, машқгоҳи қисми сарҳадӣ боздид ба амал оварданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: