Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 30-соли дастовардҳои соҳибистиқлоли

30-соли дастовардҳои соҳибистиқлоли

8-02-2022, 10:30
Хабарро хонданд: 256 нафар
Назарҳо: 0
30-соли дастовардҳои соҳибистиқлоли

Хусусияти хоси Паёми навбатии Пешвои миллат дар он аст, ки он фарогири 30-соли дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон буд. Дар Паёми имсола оид ба бисёр масъалаҳои марбут ба иқтисодиёт, маърифат, илму фарҳанг, омӯзиши таърих, забономӯзӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан як силсила пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд.
Боиси зикри махсус аст, ки ҳарчанд мо аз ибтидои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дур мешавем, ҳамон қадар навгониҳо, пешравиҳо, ободкориҳову созандагиҳое пеши рӯ меоянд, ки аз ояндаи дурахшону тобони ин халқу диёр навид дода, обрӯ, манзалату иззатмандӣ, арҷмандии кишвари моро дар ҷаҳон муаррифгар аст. Мардуми арҷманди кишварамон хуб огаҳи доранд, ки ин ҳама бо шарофату ташаббусҳои Сарвари беназир, хирадманду арҷманд, созандаву ободкор, бозсозу дилнавоз, содиқу вафодор, раиятпарвару фаррухпай, чеҳраи намоёни сиёсати умумибашарӣ, пешвои эътирофшудаи башарият дар асри ХХI, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҷаҳониён аз таҷрибааш пайравӣ мекунанд, насиби мо-тоҷикон шудааст. Пешвои сулҳпарварӣ мо бунёдгузори неругоҳҳои бузурги барқӣ, нақбҳо, пулҳо, роҳҳо, фурӯдгоҳҳо, мактабу бемористонҳои бешумор, хонаҳои истиқоматӣ, осоишгоҳҳо, қасрҳои фарҳангӣ, варзишӣ, варзишгоҳҳо, боғҳои истироҳативу мевадиҳанда, бунёдкунандаи беҳтарин хиёбону гулгаштҳо, нақбҳои обгузару каналҳо, пуштибони бовафову беҳамтои ятимону маъюбон, пиронсолон, ҳомии боэътимоди мардум дар олам ҳастанд, ин ҳама ташаббускориҳо аз ақлу хиради комил ва ботини покашон хабар медиҳад.
Бешак, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори халқи Тоҷикистон аст. Ӯ бо мардум аст ва мардум бо ӯст. Ин ҳақиқати таърихӣ буда, аз насл ба насл, аз аср ба аср ба мерос мемонад. Бо хиради азалии хеш Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонд. Давлати мустақили мо аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳону созмонҳои байналмилалӣ гардид. Парчами давлати соҳибистиқлоламон дар саҳни СММ парафшон аст. Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ гувоҳи соҳибистиқлолии кишваранд. Роҳбарияти Тоҷикистон дар муддати сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ, ки 10-12 соли аввалаш сарфи ба ҳам овардану барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ шуд, корҳоеро сомон доданд, ки таърихи ин мулк, ин халқ, ин миллат назирашро ёд надорад. Ба қавли устод Хайрандеш:
Сӣ сол пур аз омил, сӣ сол пур аз амал,
Сӣ аср баробар нест зинҳор ба ин сӣ сол.
Ҳамаи ин ободкориҳои бемисл, беҳамто, босифату босуръат дар пеши назари мо сурат гирифтанд. Онҳоро нодида гирифтан, ба онҳо баҳои дуруст надодан, аз онҳо мункир будан, онҳоро саҳлу осон шумурдан камоли бехирадӣ ва торикии имон буда, бешак, аз бахилии беандоза ва кӯрдилии ботинӣ шаҳодат медиҳад. Зикри ин дастовардҳо, муваффақиятҳо аз доираи васф берун аст. Танҳо як ваҳдати саросарии миллӣ кори хайрест, ки баҳояшро мардуми дилогоҳу худогоҳи тоҷик медонад. Ин неъмати бузургест, ки Худованди оламиён тавассути бандаи боэътимодаш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик ҳадия намудааст. Мо-халқи тоҷик бо сарварии Президенти маҳбубамон дар ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, ватансозӣ, давлатдорӣ, халқпарварӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаем. Тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон бамаротиб обод шуд, симои наву назаррабо гирифт.
Ободкориҳои мо - тоҷиконро бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо тоҷикистониён, балки тамоми мардуми олам дидаанду ба ғайрату муҳаббати ватандӯстонаашон қоиланд. Ин ҳама дастовардҳо баёнгаранд, ки халқи тоҷик Сарвари худро дӯст медорад ва хуб аён аст, ки сарварамон хурду бузурги моро чун волидан, чун фарзанд ва чун хоҳару бародар дӯст медорад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Ин муҳаббати пайваставу нагусастанӣ аз саховати рӯзафзун ва афвномаҳои пайдарпайи Роҳбари раиятпарвари мо ҳувайдо аст. Мисолии одди, тайи чанд рӯзи охир Пешвои миллатамон дар вилояти Суғд қарор доранд. Дар он ҷо Президенти ғамхору меҳрубонамон сари ятимонро сила намуданд. Аз ҳолу аҳволи зисту зиндагии онҳо бори дигар пурсон шуданд. Ин бешак аз ғамхору дилсӯз будани Сарвари сулҳпарварамон дарк медиҳад.
Агар Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати тоҷикон бошад, пас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишварамон раҳоибахши тоҷикон, ин миллати соҳибтамадун аз парокандагию рӯ ба нести овардан аст. Президенти маҳбуби мо якпорчагии давлати тоҷиконро поянда гардонд ва созандагиву бозсозиро шиор намуд, ки мо тоҷикон имрӯзҳо шаҳди ширини онро чашидаистодаем.
Боқӣ ба ин музаффариятҳо, пешравиҳо баҳо доданро ба виҷдону имони ҳар як сокини мамлакат ҳавола мекунем.

Давлатзода Ҳангома Рустам

Мудири шуъбаи умумии КИ ХХДТ дар ш. Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: