Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд

Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд

11-02-2022, 07:59
Хабарро хонданд: 302 нафар
Назарҳо: 1
Ба истифода додани ду бинои истиқоматии 9-ошёна бо маркази савдову тарабхона ва оростани дастархони идона ба 150 ятими кул ва супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба шахсони эҳтиёҷманд
10.02.2022 10:46, шаҳри Хуҷанд

10 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ду бинои истиқоматии 9-ошёнаро бо ҷойгиршавии маркази савдо ва тарабхона ба истифода дода, ба 150 ятими кул тӯҳфа ва ба шаш оилаи эҳтиёҷманд калиди хонаҳои истиқоматӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.

Оилаҳое, ки соҳиби манзили замонавии истиқоматӣ гардиданд, асосан дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ фаъолияти босамар дошта, барои рушди ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин оилаҳо қаблан иҷоранишин буданд ва акнун, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд. Онҳо барои таваҷҷуҳ ва дастгирии бесобиқа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.

Сарвари давлат ҳангоми супоридани калиди хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд иброз намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои ниёзманд мавқеи меҳварӣ дошта, ин қишри ҷомеа таҳти таваҷҷуҳи пайваста қарор доранд.

Мавриди зикр аст, ки биноҳои 9-ошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 13-уми шаҳри Хуҷанд аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сармоя сохтмон” дар асоси талаботи шаҳрсозӣ бо тарҳи меъмории миллӣ зебою замонавӣ сохта шудаааст. Дар рафти сохтмон беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсолоти ватанӣ корҳои бунёдиро ба иҷро расонидаанд.

Бинои нави истиқоматӣ бо дарназардошти ҷойгиршавии маркази савдою тарабхона дар ошёнаи якум бунёд гардида, дар умум дорои 90 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мебошад. Аз қомат афрохтани боз як бинои хуштарҳи истиқоматӣ шароити беҳтари зиндагӣ барои сокинон фароҳам оварда шуда, ба ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд зебоии дигар зам гардид.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо ятимони кул, ба онҳо тӯҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактабӣ, пойафзол, шириниҳо, кӯмаки молӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Doug 16 февраля 2022 06:46
Excellent blog here! Also your web site loads up very fast!
What web host are you using? Can I get your affiliate link to your host?
I wish my web site loaded up as fast as yours lol

my homepage discuss
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: