Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд

Ба истифода додани бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд

15-09-2016, 09:44
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
1


Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бинои баландошёнаи истиқоматӣ ифтитоҳ гардид.

Инчунин аз ҷониби Пешвои миллат ба хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ба ду нафар маъюбе, ки то имрӯз аз надоштани ҷои зисти доимӣ бо танқисиҳои зиёд ру ба ру буданд манзили зист туҳфа карда шуд. Чунин амали инсондӯстонаи Сарвари давлат имкон дод, ки дар тантанаҳои идона мушкилии ду нафар оилаҳои маъюб бартараф гардад.

Иншооти нав ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи зиёда аз 7 миллион сомонӣ сохта шудааст, ки бо тамоми шароити замонавӣ барои зист пешбини гардидааст. Бинои муосири 9-ошёна аз 27 ҳуҷра иборат буда барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешбинӣ гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки баҳри зиндагии шоистаи кормандони њифзи њуқуқ ва дигар қисмҳои низомӣ ҳукумати кишвар пайваста талош намуда ҳамасола шумораи зиёди афсарони қисмҳои низомӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзилҳои зист таъмин мегарданд. Бояд гуфт, ки чунин амалӣ саховатмандона маротибаи дуюм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда ниёзмандон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин мегарданд.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби намояндагии ҶСК «Санииосп» дар шаҳри Хуҷанд таҳия шудааст. Фармоишгар идораи сохтмони асосиии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчии иншоот ҶДММ «Аъзам-Ю» мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки манзилҳои истиқоматӣ, аз 1 ва 2 ҳуҷрагӣ буда, дар маҷмуъ 27 оила соҳиби макони зисти замонавӣ шуданд. Аз ҷумла дар ин ҷо 9 адад манзили зисти як ҳуҷрадор, 18 адад ду ҳуҷрадор мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматии баландошёна аввалҳои соли 2016 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд. Дар вақти корҳои сохтмонӣ беш аз 150 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: