Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба истифода додани корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи “Толиб Дадабоев” дар шаҳри Хуҷанд

Ба истифода додани корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи “Толиб Дадабоев” дар шаҳри Хуҷанд

11-02-2022, 07:54
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Ба истифода додани корхонаи ҳасиббарории ҶДММ ба номи “Толиб Дадабоев” дар шаҳри Хуҷанд
10.02.2022 09:38, шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” Корхонаи ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуданд.

Ҷамъияти мазкур бо тамғаи маҳсулоти гӯштии “Дилшод” навъҳои гуногуни ҳасиб ва мувофиқи талаботи бозор 8 намуди ҳасибча истеҳсол менамояд.

Айни замон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ба номи “Толиб Дадабоев” 25 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзии кор бо технологияи соҳавӣ гузаштаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар як сол тибқи нақша корхонаи навтаъсис имконият дорад то 120 тонна гӯштро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни ҳасиб истеҳсол намояд. Айни замон дар корхонаи ҳасиббарорӣ истеҳсоли то 30 намуди маҳсулоти гӯштӣ роҳандозӣ гардидааст ва бо дарназардошти талабот, имконият аст, ки номгӯи маҳсулот зиёд карда шавад.

Хатҳои истеҳсолии корхонаи мазкур аз Олмон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Белорус ва Чин харидорӣ гардида, бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардидааст.

Гӯшти гов ва паранда барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз корхонаҳои чорвопарвари ҳудуди вилоят харидорӣ гардида, дар корхона ҳасиб аз гӯшти гову мурғ, ҳамчунин аз гӯшти асп қазӣ истеҳсол мегардад, ки он ба таври махсус тайёру хушконида мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят ва бархе аз мағозаҳои шаҳри Душанбе ба фурӯш бароварда мешавад. Ба иттилои масъулин, дар оянда содироти он ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ мегардад, зеро имконияти зиёдсозии хатҳои истеҳсолӣ ва афзоиш додани ҳаҷми маҳсулот мавҷуд аст.

Бо дастрасии технологияи муосир тамоми марҳилаҳои коркард ва омодасози гӯшти паранда барои истеҳсоли ҳасибҳои мурғӣ дар дохили корхона роҳандозӣ гардида, ҷамъият барои мизоҷон дар баробари ҳасиб, инчунин гӯшти мурғи бо усули муосиру бо истифода аз буғ пухташударо пешниҳод менамояд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ниҳоии корхонаи мазкур дидан намуда, барои рушди бештари истеҳсолот ба соҳибкорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: