Ба истифода додани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”5-10-2021, 11:59
Хабарро хонданд: 168 нафар
Назарҳо: 0
05.10.2021 10:51, шаҳри Кӯлоб
Дар маҳаллаи Чармгарони поёни шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сифати маҳсулоти корхонаи нассоҷӣ ва имкониятҳои кории он шинос шуданд. Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” ҳамчун маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ба Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад. Бояд қайд кард, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ дар ҷумҳурӣ 49 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардид. Ҳоло бошад танҳо дар 3 корхонаи саноатии кишвар: корхонаи Ваҳдат текстили шаҳри Душанбе, корхонаи нассоҷии ноҳияи Вахш ва парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб бештар аз 100 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол мегардад, ки ҳам бозори дохилиро таъмин менамояд ва ҳам ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои ИДМ содирот карда мешавад. Тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат , дар муҳлатҳои наздик боз 5 корхонаи истеҳсоли ҷӯроб дар минтақаҳои гуногуни кишвар бунёд мегардад. Корхонаи мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватанӣ Илҳом Мирзоев ва Акбар Асадулло бунёд гардида, ин иқдом барои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мусоидат хоҳад кард. Хатҳои технологӣ аз ширкатҳои маъруфи Италия, Туркия ва Чин харидорӣ гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулоти баландсифату рақобатпазир истеҳсол карда шавад. Дар корхонаи истеҳсоли ҷӯроб айни замон 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 15 дастгоҳи истеҳсоли нӯги ҷӯроб, 6 дарзмол ва 110 дастгоҳи бофандаи ҷӯробҳо васлу насб гардида, мувофиқи талаботи харидорон, беш аз 500 навъи ҷӯроб истеҳсол менамояд. Аз истеҳсол то рангу бор ва ороиши ҷӯробҳо дар дохили корхона роҳандозӣ гардидааст. Дар корхонаи навтаъсис 430 сокини маҳаллӣ, ки асосан бонувон мебошанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, ришта барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз коргоҳҳои ҳудуди мамлакат дастрас карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки 80 фоизи таркиби маҳсулоти корхонаи мазкур аз нахи пахта иборат аст ва ин афзалият имконият медиҳад, ки харидорони маҳсулоти ниҳоии он дар бозорҳои дохилу хориҷ зиёд бошад. Истеҳсолот бо истифода аз таҷҳизоти насли нав роҳандозӣ шуда, ба рақобатпазир будани маҳсулот мусоидат хоҳад кард. Ба фаъолият оғоз намудани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” идомаи тадбирҳо дар роҳи амалишавии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати мамлакат буда, ин иқдом ба афзоиш ёфтани иқтидори истеҳсоливу содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард. Дар баробари ин, бозорҳои ҳудуди кишвар бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ таъмин мегарданд. Ёдовар мешавем, ки то имрӯз аз ҷониби муассисони корхонаи мазкур дар ду марҳила дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл” бо иқтидори истеҳсолии 34 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол бунёду ба истифода дода шуд ва ба фаъолият оғоз намудани корхонаи навбатии нассоҷӣ дар шаҳри Кӯлоб ба афзоиши истеҳсолот мусоидат намуд. Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба риояи талаботҳои байналмилалӣ ҳангоми истеҳсолот ва густариши бозори фурӯш аз хориҷи кишвар ҷалб намуда, дар ин самт ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.