Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гардида, борону барф меборад Январь 28, 2022 08:09

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гардида, борону барф меборад Январь 28, 2022 08:09

28-01-2022, 08:48
Хабарро хонданд: 161 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво номусоид гардида, борону барф меборад Январь 28, 2022 08:09

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид гардида, боридани борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11-16 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 23-28 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 30-35 дараҷа хунук, рӯзона 8-13 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-3 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борон борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон асосан бебориш (0-0,5мм), рӯзона дар водиҳо дар баъзе ҳолатҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-4 дараҷа хунук, рӯзона 9+11 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона 1-4 дараҷа хунук мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок шуда, шабона ва саҳаргоҳон бебориш дар назар буда, рӯзона дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: