Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ОБУ ҲАВО

10-03-2020, 09:30
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Туман мефарояд. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борону барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои водибуда борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барфи тар меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал омада, дар ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: