Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад Январь 18, 2022 08:07

ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад Январь 18, 2022 08:07

18-01-2022, 11:06
Хабарро хонданд: 85 нафар
Назарҳо: 0
ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад Январь 18, 2022 08:07

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 7-12 дараҷа хунук, рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 17-22 дараҷа хунук шуда, дар баъзе минтақаҳо то 25-30 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 12-17 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, дар баъзе ноҳияҳо шабона ва саҳаргоҳон бориши бошиддат ба амал омада, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф, дар ноҳияҳои алоҳида шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат ба амал омада, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон борида, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3+5 дараҷа гарм, рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: