Ба равони поки модарам мебахшам3-03-2016, 08:15
Хабарро хонданд: 472 нафар
Назарҳо: 0
Муноҷот ба Модар Таҷлил аз рӯзи "Иди озодии занон", ки дар даврони мавҷудияти давлати пурқудрати Итиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иди байналмилалии занон ҳамасола сурат мегирифт, аз нигоҳи мақому манзалат ва моҳияти худ дорои хусусиёти сиёсӣ буда, дар асоси тазоҳуроте, ки 8-марти соли 1857 аз ҷониби занони бофандаи Ню-Йорк бар зидди беадолативу истисмор ва қонуншиканиҳо бархоста буданд, бунёдгузорӣ гардида буд. Ин рӯз барои занони Ню-Йорк батадриҷ ҳамчун рӯзи таърихӣ азиз гашта, онро "Рӯзи занон" номгузорӣ кардаанд, ки баъдан ҷаҳонӣ шуд. ХОСАТАН ин рӯзи таърихӣ аз соли 1908 шурӯъ карда, ҳамчун рӯзи роҳпаймоиҳо ва гирдиҳамоиҳову тазоҳурот занҳоро дар қитъаҳои Америка ва Европа, инчунин Россия бо ҳам муттаҳид сохта, ба муборизоти сиёсӣ ба хотири ба даст овардани ҳуқуқҳову озодиҳо даъват мекард. Билохира, баъд аз талошҳои зиёд ин рӯз сараввал барои занҳои америкоӣ ва баъдан барои аврупоён ҳамчун "Рӯзи занон" эълон гардид. Дар соли 1911 вакилони дуввумин Конфронси байналмилалии занони сотсиолист аз асосгузори ҷунбиши сиёсии занон Клара Сеткина хоҳиш карданд, ки "Рӯзи занон"-ро ҳамчун "Иди байналмилалии коргарзанон" эълон дорад. Ба ҳамин тариқ, аввалин маротиба 19 марти соли 1911 дар байни занҳои сотсиалисти Австрия, Дания, Германия ва баъзе давлатҳои дигари аврупоӣ "Рӯзи байналмилалии занон" ҷашн гирифта шуд ва ҳамасола аз ин рӯз ҳамчун рӯзи баробарҳуқуқии занон бо мардон ва ҳуқуқу озодиҳои сиёсии занон таҷлил ба амал меомад. Албата, ин ҷунбишҳо дар нимаи дуввуми асри ХХ то ҷое дар андешаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба дараҷаи ифрот расонида шуда, новобаста аз фаъолияти васеъ ва доманадори созмонҳои байналмилалӣ дар бахши масъалаҳои занон дар бисёр кишварҳои Шарқ мақоми инсонии зан- модар дар поёнтарин ҷойгоҳ қарор гирифта, тамоми каромати инсониву табиати латифи вай то ба дараҷаи хориву зорӣ кашида шуда буд. Қобил ба зикр аст, ки аз рӯзҳои аввалини таъсиси давлати Шӯравӣ ин ҷашн дар саросари кишвар ҳамчун иди давлатӣ эълон гардид ва аз файзу баракати он занони тоҷик низ ба ҷову мақом ва мартабаҳои баланди сиёсӣ сазовор гаштанд ва дар баробари мардон барои эъмори ҷомеъаи навин паҳлӯ ба паҳлӯ корҳои бузургеро анҷом медоданд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ "Иди озодии занон" ва ё ба қавли мардум "Иди 8 март" дар ҷумҳуриҳои собиқ бо номҳои гуногун ривоҷу равнақ пайдо кард. Масалан, дар Арманистон ба худ номи "Рӯзи модар ва зебоӣ", дар Ӯзбекистон ва Россия "Рӯзи Модар" ва ғайраро гирифтааст. Соли чанде аст, ки бо ибтикори Сарвари давлатамон "Иди озодии занон" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун "Рӯзи Модар" ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯзи муқаддас ба хотири арҷгузорӣ ва бузургдошту ситоиш аз Модари бузурги тоҷик таъсис дода шудааст. Дар робита ба ин, ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун "Рӯзи Модар" ва идомаи анъанаҳои бостонии халқи тоҷик бо асолат ва муҳтавои азалияш таҷлил мегардад. Бидуни шакку шубҳа Зан-Модари тоҷик ҳанӯз аз даврони тамаддуни куҳани миллат дорои ҷашни худ буда, шукуҳу баргузории он дар ҷалолу азамати эътиқодоти оини пешини қавми мо реша дошт ва ҳамчун оини муқаддас пазируфта шуда буд. Зеро зан барои аҷдоди фарҳангии мо ҳамчун унсури ҳаётбахш маънои буданро дар ҷовидонагӣ таҷассум карда, ҳамеша назди мардони асили худ дорои арзишу мақоми баланде буданд. Вале бо таассуф бояд зикр кард, ки чун дигар арзишҳои фарҳанги миллӣ аз сабаби ноогоҳиҳои таърихӣ ва гурез аз тамаддуни куҳани хеш мавҷудияти он дар гӯшаи фаромӯшӣ қарор гирифта буд. Занони пуршарафи миллат на ҳамчун занони америкоӣ 150 сол пеш аз ин бо муборизаҳои пай дар пай худ барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва баробарӣ бо мардон ҷашнеро падид овардаанд, балки мардони ориёӣ дар ҳудуди 3000 сол қабл, ҷашни муқаддасеро ба хотири ҳифзи нуру зиё ва бақои модар ва бонувону хоҳарони худ таъсис дода, аз ин рӯз бо шаҳомати бузург арҷгузорӣ мекарданд ва садоқату самимияти бепоёни хешро арза медоштанд. Ин барои ворисони воқеии ин тамаддуни куҳан ифтихори азимест, ки наҷибзодагони аҷдоди ориёӣ барои занони худ чунин тақдимоти олитарини инсониро дар замони бостон арзонӣ доштанд. Ба ибораи дигар ниёгони тоҷикон ин неъматро ба занон ҳамчун нишони эҳтироми азим ба Зан-Модар, ки сарчашмаи ҳаёту бақои насли инсонӣ маҳсуб мегардад, тақдим кардаанд. Дар масири таърих аз ҷашни мазкур дар рӯзи "Исфандоргон" ё "Сипандормуз", ки дар асоси ахбори куҳан ба панҷумин рӯзи моҳи дувоздаҳумини соли шамсӣ ва ё хуршедӣ, ки мутобиқ ба 21 феврал - 21 марти соли мелодӣ мебошад, истиқбол ба амал меомад. Мафҳуми "исфандоргон" дар "Авасто" бо унвони "Сипанта армайтӣ" ва дар забонҳои паҳлавӣ ва форсӣ ба унвони "Сипандормуз" шуҳрат дорад. Бахши аввали калимаи мазкур аз мафҳуми "Сипант", "Сипанта" ё "Сипанд" гирифта шуда, сифате мебошад, ки ба маънои "поку муқаддас" таъбир мешавад. Бахши дуввуми калима, ки "армайтӣ" хонда мешавад ба маънои "фурӯтанӣ" ва "фидокорӣ" аст. Ин луғат дар "Авасто" ба маънои "замин" таъбиру баён шуда, дар забони паҳлавӣ онро ба маънои "хиради комил" тарҷума кардаанд. Дар забони тоҷикӣ низ мафҳумҳои "Модар-Ватан" ва "Модар-Замин" аз ҳамин луғат сарчашма мегиранд. Мувофиқ ба устураи қадима ду фариштаи бузург ва фидокор Сипандормуз - дар саросари олам ва - Ҳамшасипанд дар замин нигаҳбони сайёраи мо буда, дар доираи эътиқодоти бостонии тоҷикон "Эзиди (Худои) бонуи замини сарсабз" ва рамзе аз сарсабзӣ, хуррамӣ, самаранокӣ ва зоиш мебошад. Аҷдоди пешини мо ӯро "Мазҳари муҳаббат", сабру таҳаммул ва тоқату фурӯтании Аҳурумаздо медонистаанд ва Зан-Модарро ҳамсони вай қаламдод мекарданд. Амшасипанд дар эътиқодоти бостонӣ духтари Аҳурумаздо буда, бояд заминро ҳамеша поку хуррам ва пурҳосилу босамар нигоҳ медоштааст. Сипандормуз бошад, фариштаест ба мисли замин бо сабру таҳаммул, фурӯтану пурҳосил, ки сулҳу созиш бо табиат аз сифатҳои бузурги вай маҳсуб мегарданд. Ҳамин аст, ки дар таърихи фарҳангӣ мо Зан-Модаро аз рӯӣ сабру тоқат, шикастанафсиву фурӯтанӣ, хоксориву созиш ва зоишу самаранокӣ ба ин фариштаи осмонӣ нисбат дода шуда, занҳоеро, ки дорои чунин фазилату хислатҳои нек мебуданд аз авлоду табори мубораки ин фаришта медонистанд. Чаро ки танҳо чунин тойифа занҳо дар вафодорӣ, меҳрварзӣ, фидокорӣ сабру саховат ва фурӯтаниву хоксорӣ ба вай монанд мешаванд. Бо назардошти ин умумиятҳо ва сифату хислатҳои замину зан рӯзи паҷуми исфандмоҳ ва ё исфандоргон, ки мутобиқ ба 26-уми феврали солшумории мелодӣ мебошад, дар арафаи фарорасии Баҳори нозанин, ҳамчун рӯзи муқаддас ва "Рӯзи Зан" ҷашн гирифта мешуд. Дар ин рӯз занҳои қавми тоҷикон, мавриди ҳурмату иззат ва суҷуду гиромидошт қарор мегирифтанд. Дар робита ба иди "Сипандормуз" мардони табори мо вазифадор буданд дар накӯдошти занони хеш, яъне ҳамсару модару хоҳари худ бикӯшанд ва пурарзиштарину нодиртарин ҳадяҳоро ба онҳо тақдим кунанд. Рӯзи Зан дар доираи эътиқодоти аҷдодӣ "Рӯзи фармонравоии занон" ва "фармонбардории мардон" буда, амри занон дар ин айём "фармоне будааст", ки аз хурд то калон бояд ба он итоат мекарданд ва онро мепазируфтанд ва гиромӣ медоштанд. Ба ибораи дигар иҷрои бечуну чарои фармонҳои бонувон одобу тарбияи мардон ва ҷавонмардии онҳоро ҷилвагар месохтааст. Яке аз бузургтарин файласуф ва муаррихи тоҷик Абурайҳони Берунӣ аз рӯи таҳқиқоте, ки пиромуни фарҳанги бостон ва урфу анъанаҳои гузаштагони худ дар "Китобу-т-тафҳим фи саноати ат- танҷим" ва "Осору-ул - боқия" анҷом додааст, чунин меорад: "Исфандормуз фариштаи ваколатдор бар замин аст ва низ ба занҳои дурусткору пок ва шавҳардӯсту хайрхоҳ ваколатдор аст. Ва дар замони гузашта ин моҳ, ба василаи ин рӯз "Иди занон" будааст. Ва ҳанӯз ин дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла (яъне сарзамини паҳновар) боқӣ мондааст. Ва ба форсӣ "мардгирон" мегӯянд." Абӯрайҳони Берунӣ ба хусус дар "Китобу-т-тафҳим фи саноати танҷим" таъкид месозад, ки "дар ҷашни мардгирон мутобиқи бовари омма риқъаи (мактуби) каждум ба сари дари хонаҳо меовехтанд, то аз газанд дар амон бимонад. Порсиён набиштани риқъаи каждумро бар дигарон хонанд, чаро ки занон бар шавҳарон иқтироҳҳо (маҷбур) кардандӣ ва орузҳо хостандӣ." Мутобиқ ба "Фарҳанги муъин" "риқъа" ва ё "номаи каждум" дар тамаддуни бостони мо дуо ва номае ба шумор мерафт, ки вай дар "Рӯзи занон" ва ё дар рӯзи панҷум аз "Исфандормуз" дар қоғази чаҳоргӯша навишта мешуд ва дар се самти деворҳои хона насб мегардид. Девори муқобили пеши хонаҳо бошад, боз гузошта мешуд то хонадону зану фарзандон аз чашми баду балоҳои осмонӣ ва заминӣ нигоҳ дошта мешуданд. Дар "Фарҳанги ҷаҳонгирӣ" низ омадааст, ки "муғон рӯзи нахуст аз панҷ рӯзе, ки дар охири сипандормузмоҳ аст ва рӯзи ҷашне, ки онро "Ҷашни мардгирон" хонанд аз тулӯи сапида, то тулӯи офтоб ба ҷиҳати дафъи ҳавом (ҳашарот) се руқъӣ менависанд ва онро ба се девори хона мечаспонданд ва девори чаҳорум, ки садри хона аст, холӣ мегузоранд. Гӯянд дар ин рӯз Афридун тилисме фармудӣ ва самуми ҳавом (заҳр пошидан ба ҳайвонот) ва ҳайвонотро бибастӣ ва муиди нисбати он ки возеҳ навиштан "Руқаъи каждум ("Номаи ақраб") буда ин аст, ки форсиён бад-он руқъа нависанд, ки ба номи Эзид ва ба номи Афридун." Ба қавли қисмати аъзами таърихнигорону фарҳангшиносони таърихи куҳан ҷашнҳои Исфандмоҳ ва хосатан ҷашни "Сипандормуз" ё "Рӯзи Модар" бо гардиши фалаки "Роҳи каҳкашон" иртиботи бевосита дошта буд, зеро дар ин давра пайвандҳои нуҷуми байни фалаки Парвин ва бурҷи Ақраб дар поёни зимистон ва оғози баҳор ба вуҷуд меояд. Ин пайванд ба таърихи 5-уми Исфандмоҳи хуршедӣ ва 26 феврали мелодӣ мутобиқ меояд. Аз ин рӯ "Номаи каждум" ва ё "Ақраб" дар иртибот ба гардиши фалак, бедоршавии замин аз сардии зимистон, омода шудани замин (модар) барои борварӣ ва самара таҳия гардида, ҳадаф аз навиштани он аз ҷониби ориётаборон зери паноҳи Аҳурамаздо, ҳамоҳангии бурҷи Ақрабу Парвин бо Офтобу Замин ва саломат нигоҳ доштани модар ҳамчун сарчашмаи насли одамӣ ва бақову зиндагӣ буд. Қобил ба зикр аст, ки дар тамоми манбаъҳои таърихӣ аз ҷашни "Рӯзи Зан" ба унвони "Мардгирон", "Муздагирон" ва "Муждагирон" ёд шудааст, ки ҳадафи меҳварӣ ва калидии он накӯдошт аз Зан-Модар буда, ба хотири ризоият ва хушнудии Сипандормуз фариштае, ки дар саросари олам заминро аз офатҳо нигоҳбонӣ ва ҳифз мекунад, сурат мегирифтааст. Дар ин рӯз ҳар амале, ки аз ҷониби мардон ба хотири зан анҷом мепазируфт, мавриди ситоиш ва мадҳу сано қарор мегирифт. Танҳо рақиб ва душмани Сипандормуз деви зулмату торикӣ ва бадбахтиву нохушнудиҳо - Таромайтӣ, мекӯшад дар ин рӯз сабаби ғамгиниву нофармоӣ шуда, рамзи ҳузури вай нохушнудии Зан - Модар шавад. Ин деви зулмату бадсиришт ба ҳар коре даст мезад, то дар рӯзи зоиши фарзанд, ки меваи боғи муҳаббати зану модар ва бақои насли он аст, модару фарзандро ба ҳалокат расонад. Аз ин рӯ, ҳар марде, ки ба зан-модар хиёнат ва беэҳтиромиву носипосӣ мекард, ӯро аз зумраи ёрон ва аз қабилаи Таромайтӣ мешумориданд. Ҳеҷ марде аз табори ориёӣ ба чунин мардҳо даст намедод ва ӯро аз давраи худ ронда, хору зор мекард ва аз нажоду нутфаи қавми худ намедонист. Мувофиқи илми нуҷумшиносии ориёиҳо чаҳор ҳазору ҳаштсад сол қабл дар доираи ҳаракати "Роҳи каҳкашон" бурҷи ситораи ҳаждаҳор (Зих/Суъбон) аз қутби осмон фосила гирифта, дар як ҳаракати доирашакл ба даври нуқтаи қутби осмонӣ гардид ва ҳалқаеро ташкил дод. Дар асоси эътиқодоти бостонӣ ва устураи қадимиён ин ҳалқа рамз ва нишонаи ҳампаймонии бурҷи ситораи ҳаждаҳор (мор) ва қутби осмонӣ аст. Бо ҳамин ҷиҳат ин ҳалқаро "Ҳалқаи меҳр" ё "Ҳалқаи паймон" номида, онро рамзи пайванди насли одамӣ қарор додаанд. Ҳалқаи меҳрпайванди заношӯӣ, ки имрӯзҳо баъд аз ақди никоҳ домод ва арӯс ба даст мекунанд, аз ҳамон давра боқӣ мондааст ва ба фарҳанги европоиён аз тариқи меҳрпарастони Рум ворид гаштааст. Дар "Ригведа" ва дигар матнҳои санскритӣ ҳиндуҳо аз ин ҳалқа бо мафҳуми "Иолзоло" ба маънои "доира" ёд мекунанд. Дар чаҳорчӯбаи ҳикмати "Ҳалқаи меҳр" пайванди миёни зану мард бо решаҳои асотирӣ дорои хусусияти бузург ва муқаддас будааст. Ҳамин аст, ки дар саросари «Авасто» дар гиромидошти мақоми зан ва иртиботи он бо зиндагӣ ва замин фарозҳое омадааст, ки пайванди зану мардро пайванди осмону замин мешуморанд, зеро чи тавре ки қаблан зикр сохтем, зан ҳамчун қудрати борварӣ, саховат, сабр, шикастанафсӣ ва фурӯтаниву хоксорӣ бо замин дар пайванд аст. Аз он ҷое, ки мард шароити борварӣ ва зоиши занро фароҳам меоварад, ба осмон мансуб шудааст, зеро осмон борон меборад ва офтобро ҳадя мекунад, то заминро дар оғӯши гарму амни хеш парвариш диҳад. Замин дар навбати худ зери сояи осмон инсонро парвариш дода, дигар мавҷудотро ба ҳаёт фаро мехонад ва дар оғӯш мегирад. Дар эътиқодоти бостонии тоҷикон зану мард дар канори якдигар пайванди зиндагӣ ва маргро ба вуҷуд меоваранд. Зан бо таваллуди фарзанд омили зиндагибахш буда, аз сабаби он ки мард намезояд, ҳастии вай бо марг ба поён мерасад. Дар робита ба ин дар таърихи тамаддуни тоҷикон насли фарзандро аз модари ӯ медонистанд ва ба ивази он ки ӯро ба насаби падарӣ хонанд, бо аҷдоди модарӣ муаррифӣ мекарданд. Таъсири ин фарҳанги гузаштагони мо, ба хусус ба аҳли яҳуд хеле зиёд будааст, зеро дар анъаноти онҳо мақоми модар нисбат ба падар баланд мебошад ва яҳудияташон ба насаби модарӣ вобаста аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи баланди бонувон дар андешаи бостони тоҷикон метавон гуфт, ки дар тамоми давраҳои таърихии ин сарзамин чӣ дар устура, чӣ дар тимсол ва чӣ дар таърих нисбат ба зан-модар эҳтироми баланд доштанд ва ӯро мавриди парастиш қарор медоданд. Тибқи сарчашмаҳо ҷашни "Рӯзи Зан" дар сарзаминҳои Эрону Мовароуннаҳр то асри 12 боқӣ монда буд. Ҳатто дар Руми Қадим, ки оини куҳани тоҷикон меҳрпарастӣ дар фарҳанги мардумони он решаи амиқ давонда буд, аз ин ҷашн таҷлил меоварданд. Чунон ки қаблан гуфтем, ин ҷашни миллии аз хотирҳо рафта, дар кишвари мо дар солҳои охир ба тадриҷ эҳё мегардад. Гумон меравад, ки дар таърихи башарият ба мисли аҷдоди мо шояд дигар мардуме вуҷуд надошта бошад, ки ба ин қадимият аз ҷашнгирии рӯзи Модар-Зан маълумоте дошта бошад. Бидуни шак чунин ҷашн арзандаи ситоиш ва эҳтирому арзиш аст, зеро пояи асосии шукуфоӣ, бақо, амният, пойдорӣ ва оромии ҳаёт вобаста ба Зан-Модар ва муносибати ҷомеа ба вай мебошад. Болотар аз ин қавму миллатҳои дигар бояд донанд, ки аввалин муассисони чунин ҷашни фарҳангии зебо ва дӯстдоштанӣ киҳо будаанд. Табақаи бофарҳанг ва зиёиёни тоҷик бояд ба хубӣ дарк намоянд, ки гузаштагони арҷманди мо ва хосатан равнақдиҳандагони фарҳанги волои миллӣ дар байни мардумони олам-давлати муқтадири ориёиҳо Ҳахоманишиён буд, ки беш аз 200 сол қариб нисфи ҷаҳон дар ихтиёри онҳо қарор дошт ва бад-ин восита падидаҳо ва зуҳуроти фарҳангии худ, аз ҷумла ҷашни "Рӯзи Модар"-ро барои тамоми кишварҳои тобеъи худ ба мисли ҷашни Наврӯз фаромиллӣ ва фароқавмӣ гардонида буданд. Эҳёи иди "Рӯзи Зан", акнун дар Тоҷикистон на танҳо ба хотири озодии занон, балки барои арҷгузорӣ ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Модар-Зан зояндагон ва тарбиятдиҳандагони фарзандони Ватан, пайвастан ба ифтихору номуси миллӣ, эҳтиром гузоштан ба ин иди ҳувиятсози аҷдодӣ мебошад. Кист Зан-Модари тоҷик, ки аз қаъри асрҳо барои ҷалолу азамати ӯ мардону фарзандонаш ҷоннисорӣ карда, дар баробари Худову китобҳои муқаддас ба номаш қасам мехӯранд ва ӯро гиромӣ медоранд? Ҳанӯз бузургони мо медонистанд, ки оғози офариниш, ибтидову интиҳои олам дар раҳми модару замин аст. Бесабаб нест, ки дар устураи миллии тоҷикон аввалин инсони рӯи замин Каюмарс аз нутфае аз замин рӯидааст. Дар Қуръон бошад, зан ба мисли Тавроту Инҷил, дар шакли таҳқиромез аз қабурғаи чапи мард офарида нашудааст, балки зану мард дар офариниш ҳарду аз як ҷавҳар падид омадаанд. Болотар аз ин ислом биҳиштро зери қадами модарон қарор додааст. Навиштаҳои зиёде доир ба модар дорем, вале ҳеҷ донишманде, шоире, нависандае, мутафаккире дар сатҳи устод Лоиқ Шералӣ (шогирди сазовори устод М. Турсунзода) натавонистааст дар тасвири ҳикмати волои олами пурасрори модари беозор, модари зебо, модари дилфаҳм ва ғамхор ба ҷавҳари офариниш рӯй биёрад ва вуҷуди саропо меҳрофарини ӯро ба қалам диҳад. Устод Лоиқ мегӯяд: Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд, Як байт ҳам наарзад андар санои модар. Воқеан ҳам ҳақ барои ҷониби устод Лоиқ аст, ки модарро суруди ҷовидонае медонад, ки дар сӯзу наво ва аллаҳои вай ангезаи бузурге нуҳуфтааст. Ин оҳанг ҳамеша бо суруди ҳузнангези қадимӣ, ки аз моҳияту вуҷуди аллаи модар бармехезанд, танинандоз аст. Модари зор кӯдаки бо ранҷҳову бехобиҳо парвардаи худро бо суруди алла, ки аз сароғози ҳастии инсон сарчашма гирифтааст, мехобонд ва зери лаб замзама мекард, ки тифли гирёнаш калон шуда, ҳамчун нишоне дар ҷаҳон аз ӯ боқӣ монад: Аз миёни шӯру ғавғои ҷаҳони баччагӣ, Аллагӯиҳои ту ояд ба гӯши ман ҳанӯз. Зери қаноти модар буд, ки фарзандонаш дар фазои қуллаҳои зодгоҳи худ, сабукболона рӯи сабзаҳо беғам медавиданд ва гули кӯҳӣ мечиданд. Лекин модар дар хоби шабаш фарзандҳои ҷавонмарги худро дида, ба сӯи он бачаҳои беғам ҳамчун охирин дунёи умеди худ менигарист ва аз Эзиди пок сипосу мағфират мехост, ки ҳанӯз ҳам нишони гулу нуру шарофат аз вай боқиву ёдгор аст. Аммо афсӯс, фарзандон намедонистанд, ки олами дар худ ниҳони модар чӣ дорад. Модар ҳазорон маргу андӯҳу ғамро пушти сар карда, худ нахӯрдаву напӯшида, фарзандонро зери пар гирифта, бо сад ранҷ мепарварид ва бо забони шаккарин, то дили шаб бар ҷаҳони қиссаву афсонаҳо мебурд. Аммо замоне фарзандон бузургшуда, аз он олами руъё ва зебо берун афтоданд ва ба ҳар сӯ рафтанд. Вай бо дуои хайри худ фарзандонро мағфирату раҳнамоӣ карда, ба китфи ҳар яки онҳо орд пошида мегуселонд, то ин ки мисли орд роҳашон сафед бошад. Аз нон пора медод, то ин ки ними дигараш бо ҷазбаи худ рафтагонашро ба наздаш боз гардонад. Вале он нони газида чун заҳре дар ком мемонд, зеро як нафас ҷудоӣ аз модар чӣ қадар сахт буд барои фарзандон. Кӯдакони навболу параш бояд мерафтанд, яке барои аскарӣ, дигаре барои хондан, саввумӣ боз ба куҷои дигар. Ӯ фарзандонро ба роҳҳои дур гуселонда, аз ночорӣ дар худ фурӯ мемонд. Хати онҳоро ҳамчун суруди тӯй ҳарфоҳарф медонист. Ашк мерехт ва маъюс мешуд, лекин барои арӯсони худ бисоти тӯй меандӯхт. Шабонгаҳ мижа таҳ накарда, бо дастони ларзон, бо сад нияту орзу ҷомаи домодӣ медӯхт, ки онро рӯзи тӯй бар қади фарзанд дида, армонҳояшро бишканад. Барои рӯзи тӯй садаф меҷусту шаддаи марҷон ва бо дасти пурэъҷози хеш дастархони гулдузӣ меофарид. Ба зери дегдон оташ гардонда, дар ҳар шуълаи рақсони он чун фолбинон фарзанди худро дар ҳузури хеш мепиндошт. Ба ёди фарзандони раҳдур бо ғаму талвоса рӯзу моҳро мешумурд ва дар ҷонамози фарсуда зикри Худо мекард. Аммо фарзандон баъд аз пазмони модар шудан соле як бор дурӯз ба он лонаи эъҷозкор ва назарногир ба меҳмонӣ меомаданд. Модар дар роҳи фарзандон обу адо гашта, синакӯбон ба пешвози фарзандон мебаромад. Бӯи шинос, бӯи нону бӯи шири гарми навҷӯшида аз дастони Модар меомад, лекин офтоби зиндагии ӯ дар сари кӯҳе расида, панҷаҳои нарму печонаш ногиро шуда буданд, шуълаи ҳуснаш парида, чашмҳои барқфишонаш нобино шудаанд. Аммо, агар бар сари фарзанд ними шаб ногаҳон як мӯи сафед медид, бо алам оҳ мекашид ва бо рӯи пурожанги пурасрор ба фарзанд нигариста, нафасҳои ғаниматро мебурд. Хазонрези ҳаёташ буд ва аз пешгоҳи кулбаи фартут хазон меруфт, хазонҳои дарахтони ҳаёти дастпарвардааш. Модар бо рангу рӯи монанди хазон зард ва дидагони хирабину ашкбор бо нигоҳи ҳузнангезаш ба фарзанд менигарист ва аз дасти бемадору ногиронаш ҷорӯб меафтод. МОДАР! Чӣ ҳарфи ризое ба ту гӯям, бубахшоям, ки ман хазони умрро рӯфта наметавонам. МОДАР хуб медонист, ки сояи маргаш ба назди остонаш дом мондааст ва дар ин дунё, ба ҳар кас қисматеву навбате ҳаст, дар он ному насабе баркашида. МОДАРАМ! Модари биҳиштиям! Афсӯс, ки бо Модар - Замин ва чархи гардон ҳамраҳу ҳампо шудаӣ ва дигар аз дарбача сӯи ман сар берун намеёзоӣ. Ту дигар дар миёни пиразанҳои кӯча бо ҳазору як таманно зи ман ифтихор намесозӣ. Ту дигар ба хонаи ман намеоӣ! МОДАРО, гарчӣ рафтаӣ зи дунёи дудар ва аз ҳавлии деворбастаат, вале дар дилу дар дидаву дар хотираи мо зиндаӣ: Зиндаӣ, эй модари ошуфтаҷонам, зиндаӣ, Зинда дар байни замину осмонам, зиндаӣ! Абдулвоҳид ШАМОЛОВ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.