Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЗАҲРИ ҲАЛОҲИЛ - БОТУЛИЗМ

ЗАҲРИ ҲАЛОҲИЛ - БОТУЛИЗМ

15-12-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 286 нафар
Назарҳо: 0
ЗАҲРИ ҲАЛОҲИЛ - БОТУЛИЗМ
Бахтиёр Булбулов,
мудири бахши гигиенаи хўрокаи
МНДСЭ-и ноҳияи Рўдакӣ

Ҳар сол дар минтақаҳои гуногуни кишварамон ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз газаку хўришҳои сабзавотӣ (помидору бодиринг, караму каланфур, боимҷону шакароб), мураббою компотҳои мевагӣ (ангуру зардолу, себу олуча ва дигар меваҳо) ба кайд гирифта мешаванд. Масалан, дар соли 2017 10 ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ботулизм ба вуқўъ омада буд, ки боиси фавтидани чандин нафар гардид. Соли 2021 бошад, дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон 9 нафар баъди истеъмоли хўриши «зверобой» заҳролуд гардида, ба беморхона афтиданд. Табибон ба хулосае омаданд, ки ин бар асари заҳролудшавӣ аз ботулизм сар задааст.
БОТУЛИЗМ чист, ки одамонро ба ҳалокат мерасонад? Ботули́зм аз калимаи лотинии botulus гирифта шуда, маънояш «колбаса» (ҳасиб) мебошад. Тахмин меравад, ки одамон дар тўли мавҷудияташон гирифтори ин беморӣ мегарданд. Дар ин бора иттилои аввалин дастрас шудааст, ки одамон дар Византия пас аз истеъмоли ҳасиби хунин заҳролуд шудаанд ва император Лев VI хўрдани онро қатъиян манъ кард.
Аммо ботулизм бори аввал дар соли 1793, замоне ки дар Вюртемберг 13 нафар аз истеъмоли ҳасиби хунин гирифтори он шуда, 6 нафараи онҳо ба ҳалокат расиданд, тибқи санадҳои тиббӣ мавриди қайд қарор гирифта буд. Фарзияи дигари пайдошавии ботулизмро бо вожаи туркии боотур алоқаманд медонанд.
Тибқи санадҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) ботулизм бемориест, ки дар натиҷаи заҳролудшавии бадани инсон аз токсинҳои бактерияҳои ҳамномаш пайдо мешавад. Ин бактерияҳо дар шароити камбудии оксиген токсинҳои марговар - ботулотоксинҳоро ихроҷ мекунанд. Яъне, ботулизм дар хўрокворие, ки заҳр (токсин) дорад, инкишоф меёбад.
Дар Тоҷикистон бо фарорасии фасли тобистон меваҷоту сабзавот фаровон гардида, айёми захира кардани маҳсулоти хўрокворӣ барои фасли зимистон шуруъ мешавад. Кадбонуҳо аз меваҳо ва сабзавоти тару тоза анвои гуногуни хӯришҳову шириниҳо омода мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки оё онҳо аз тарзу усулҳои дуруст ва бехатар омода намудани маҳсулот огаҳӣ дошта бошанд? Дар шароити хона омода намудани маҳсулоти ғизоии консервашуда оё метавонад ба саломатии инсон созгор бошад?
Мутахассисони соҳаи тандурустӣ иброз менамоянд, ки риоя нагардидани шарту шароити коркарду безараргардонӣ ва санитарию гигиенӣ аз чониби кадбонуҳо баъзан ба оқибатҳои нохуш оварда мерасонад. Исбот намуданд, ки дар натиҷаи истифодаи маҳсулоти нодуруст ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани банкаву маҳсулот, риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторшавӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм ба миён меояд. Ботулизм бемориест, ки ба системаи асаб таъсири манфӣ расонида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурўбарии хўрок ва дигар узвҳои нафаскаширо хароб месозад.
Ботулизм чӣ тавр пайдо мешавад? Ботулизм фақат дар банкаҳое, ки маҳсулотро хубу тоза нашустаанд ва сарпўшҳояшон дуруст маҳкам карда нашудаанд, сар мезанад. Ба ин гуна зарфҳо бо ҳавои беруна бактерияҳои батсиллаи анаэробӣ даромада, раванди заҳролудшавии махсулотро метезонанд.
Ҳамзамон ба ботулизм пас аз истеъмоли моҳиҳои хушку намак карда ё дуд додашуда, замбурўғҳои дар хона консерва кардашуда ва ҳасибҳои хонагӣ гирифтор шудан мумкин аст.
Чӣ тавр муайян мекунем, ки дар банка ботулизм пайдо шудааст? Инро аз рўйи аломатҳои зерин аниқ карда метавонем:
-сарпўши варамида (дамида), ки сабабаш газҳои истеҳсол кардаи бактерияҳо мебошад;
-хирашавии моеъи банка;
-мавҷудияти ҳубобчаҳо;
-пўпанак (мағор).
Заҳролудшавии одам ба воситаи узвҳои ҳозимаи меъдаю рўдаҳо ба амал меояд. Одамеро. ки ба ботулизм мубтало шудааст, аз рўйи аломатҳои зерин муайян мекунанд: сардард, чархзании сар, камқувватӣ, бехобӣ, дарди шикам, дилбеҳузурӣ, қайъкунӣ, ҳисси аз кормонии дил, даҳонхушкӣ, ташнагӣ, дамиши шикам, қабзият. Пас аз чанд соат ё баъзан баъди 1-2 рўз вайроншавии биноӣ мушохида мегардад.
Бемор дар чашмонаш ғубору тўр ва холҳо, ашёву чизҳоро хира ё дутогӣ мебинад. Дар як вақт ё баъзан бадтар фурўбариаш душвор, нутқаш нофаҳмо гардида, ҳатто овозаш гум, нафасгираш мушкил мешавад. Ҳарорати бадан аслан муқаррарӣ мемонад, вале агар шуш варам (илтиҳоб) дошта бошад, тасфи бадан гоҳе баланд мешавад.
Дар ин гуна ҳолат аввал беморро зуд ба беморхона расондан лозим аст. Ё ин ки филфавр духтурро даъват намоед! Дар шароити хона меъдаи беморро бо моеъи содаи нўшокӣ (20 г дар як литр об) шустан (тамиз кардан) ҳуқна (клизма) намудан ҳатмӣ мебошад. Ба бемор доруи энтеросорбент нўшондан хеле зарур аст. Ин тадбирҳо таъсири заҳр (токсин)-ро ба организм кохиш дода, онро қисман аз бадан берун мекунанд.
Аммо беморро ҳатману оҷилан ба муассисаи тиббӣ бурда расондан лозим мебошад. Зеро заҳролудшавии шадид метавонад боиси фалаҷи роҳҳои нафас ва нафасгирӣ (асфиксия) гардад, ки беморро ба ҳалокат мерасонад.
Мо, мутахассисони беҳдоштии санитарӣ-эпидемиологӣ тибки нақшаи корӣ дар доир ба пешгирии ботулизм ва роҳҳои дуруст омода кардани меваю сабзавот барои консерватсия дар банкаҳо корҳои фахмондадиҳиро ба роҳ мондаем. Инчунин, ҳар сари чанд вақт дар бозорҳо ва муассисаҳои хўрокворӣ ва хўроки умумӣ рейдҳо гузаронда, маҳсулоти бадсифатро ошкор намуда, рафъ месозем. Ҳамзамон ба шаҳрвандон тавсия медихем, ки аз маҳсулоти сарпўшашон дамкардаи консерваҳо ё нишонаҳои вайроншудадошта (хирагии моеъ, тамъу лаззат ва бўйи шубҳанокдошта) истеъмол накунанд. Сарпўшҳои консерваҳои хонагиро қабл аз истеъмол кардан накушода, муддати 15-20 ҷўшонанд. Консерваҳои моҳӣ ё гўштро кушода, маҳсулоти онҳоро дарҳол истеъмол намуда, ба рўзи дигар намононанд. Асбобҳои кории ошхона – тахтача, ғалбер ва зарфҳои таомхўриро бо оби ҷўш тоза бишўянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: