Ботулизм ва хатари он5-02-2016, 16:07
Хабарро хонданд: 547 нафар
Назарҳо: 0
Ботулизм бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок барои ҳаёт буда, бо тасири расонидани зарар ба системаи асаб, вайроннамудани қобилияти биноӣ, фурубарӣ, нутқ ва ҳолати вазниншавии нафаскашӣ суръат мегирад.
Зиёдшавии ҳодисаҳои ботулизм аксар мавридҳо, бо таври васеъ паҳншавии истифода аз маҳсулоти нодуруст ё нокифоя тамизгардидаи дар шароити хона косервакунонидашуда, риоя нагардидани шароити нигоҳдорӣ, ки дар ин ҳолат спораи ботулизм қобилияти ҳаётии худро нигоҳ медорад, алоқаманд аст. Дар аксар маврид маҳсулоти сироятёфта хӯришҳои сабзавотӣ (бештар аз помидор, бодринг ва боимҷон) ва замбурӯғҳои дар шароити хона консервашуда ба ботулизм сабабгардидаанд. Баъзе ҳодисаҳо аз истеъмоли маҳсулотҳои гӯштӣ алоқаманд будаанд (ҳасиб ва гӯшти бирёни дар равған хобондашуда. Ботулизм ин заҳролудшавиест, ки аз нейротоксини боқуваттоксини ботулинӣ ба амал меояд ва онро шакли вегетативӣ бактерияи кластридиум ботулинум хориҷ мекунад. Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта ворид мегардад. Вояи миёнаи марганҷом барои одам 1 микрограммро (0,001 мкг) ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳангоми ҷабидашавии 0,001 мг ками токсинҳо дар бадан, ба бемории вазнин ё марганҷомӣ оварда мерасонад. Инсон тавассути маҳсулоти хӯрокворӣ метавонад аз 2 намуди ботулизм сироят ёбад: Ботулизми ғизоӣ ва ботулизми кӯдакон Ботулизми ғизоӣ ин заҳролудшавиест, ки онро истеъмоли қаблан сироятёфта бо токсини ботулини ба вуҷуд овардааст. Ботулини ғизоӣ хусусан аз он хатарнок аст, ки дар як вақт вай метавонад бо шумораи зиёди одамон, ки ҳангоми истеъмоли маҳсулоти сироятёфта зарар расонад. Ботулизми кӯдакона ниҳоят кам дида мешавад ва асосан сироятёбӣ хангоми истеъмоли асал ба вуқуъ меояд. Дар аъзои ҳозимаи кӯдакони то синни яксола бевосита шакли вегетативии С. Ботулинум, ки токсини ботулизмро хориҷ мекунад, маскун мегирад. Ин аз ҳисоби дар айёми кӯдакӣ мавҷуд набудани механизмҳои муҳофизатии табиӣ, ки бадтар ташаккул меёбад, имконпазир мегардад. Аз ҳамин лиҳоз табибон барои додани асал ба кӯдакони то синни як сола тавсия намедиҳанд. Спораи C. Botulinum дар табиат васеъ паҳн гардидааст, хусусан дар хоки коркардшуда ва ҷангалӣ, тагшонҳои қарии ҳавзҳо, ғалсама ва дохили малюскҳо, дар аъзои ҳозимаи моҳӣ ва ҳайвонот дида мешавад. Ғайр аз ин, онҳо дар ашёи хом низ вомехӯранд, ки метавонанд сироятёбии дутарафаи маҳсулоти ғизоиро дар ҷараёни тайёркунӣ ба вуҷуд оранд. Бештар аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои косервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст помидор, бодринг, боимҷон, лаблабу, нахуди сабз ва замбурӯғҳо, ки нокифоя пухта ва тамизгардонидашудаанд, мушоҳида мегардад. Аломатҳои бемории ботулизм: Аломатҳо одатан дар давоми 12-36 соат пас аз истеъмоли ғизои токсиндошта пайдо мешаванд, вале ҳолатҳое ҳастанд, ки аломатҳо 4 соат ё 8 рӯз пас аз сироятшавӣ пайдо гардидаанд. -Хастагӣ, бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар. - Ба аломатҳои аввалин аксар вақт мансуб аст, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон ва гулӯ, душворшавии фурӯбарӣ ва сухангӯӣ, - Фалаҷшавии мушакҳо Пешгирии Ботулизм: - Ҳимояи маҳсулоти хӯрокворӣ аз сироятёбии барангезандаи бемории ботулизм. - Дар маҳсулоти консервашавандаи дараҷаи туршнокияшон паст, илова намудани ҷавҳари лиму ё сирко. - Дар рафти коркард ва тайёр намудани хуришҳои консервашуда риоя намудани панҷ қоидаи асосии таъминоти бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия дода мешаванд; - тозагиро риоя намоед, - маҳсулоти хомро аз пухта ҷудо намоед, - ғизора нағз пазед, - маҳсулотҳоро дар ҳарорати бехатар нигоҳ доред, - об ва маҳсулотҳои хоми бехатарро истифода баред. - Ба кӯдакон маҳсулоти консервагии дар шароити хона тайёршуда ва аз 12 моҳа хурд асал ва маҳсулоти асалиро надиҳед. - Аз зарфҳое, ки эҳтимоли хатари ботулизм доранд; зарфҳои варамида, моеъ ҷорӣ мешавад, ҳангоми кушодан моеъ бо фишори баланд мерезад, бӯи ғализ ғайримуқаррарӣ ва нофорам дорад, истеъмол нанамоед. - Аз зарфи шӯбҳанок ё сироятёфта ғизоро начашед! Ҳатто миқдори камтарини токсини ботулинӣ мумкин аст хатарнок бошад. Қарор беҳтарин-партофтани маҳсулот ҳангоми камтарин шубҳа. - Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошташудааст, истеъмол накунед. - Дар ҳолати бадшудани ҳолати саломатӣ ва пайдошавии аввалин аломатҳои беморӣ таъҷилан ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат намоед! ©Зоиршоҳ Ишоратов, Аҳлиддиншоҳ Қандаков, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.