Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ОБОДГАРӢ ПЕШАИ ДЕРИНАИ МОСТ!

ОБОДГАРӢ ПЕШАИ ДЕРИНАИ МОСТ!

15-12-2021, 13:58
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
 ОБОДГАРӢ ПЕШАИ ДЕРИНАИ МОСТ!

Гузориш аз ҷараёни Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27- умин солгарди
таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ин вилоят, таърихи 9-10 декабри соли равон бахшида ба 27-солагии Рўзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҳузури аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҳизб, олимону шоирон ва намояндагони васоити ахбори омма ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

РЎЗИ АВВАЛ

Субҳи 9 декабр иштирокдорони ҳамоиш аз пойтахт дар ҳайати ду гурўҳ ба самти минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба сафар баромаданд. Ҳамон рўз меҳмононро дар назди Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Восеъ ва дигар шахсони масъул истиқбол намуданд.
Иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявӣ сараввал Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбукро тамошо карда, доир ба таърихи он маълумоти бештаре гирифтанд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри обод ва маркази сарзамини Хатлон будааст. Давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқи тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст.
Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тўли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин, маркази асосии тиҷорати мардуми кўҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чўбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд.
Замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфта буд.
Дар идомаи сафар иштирокдорони ҳамоиш дар деҳоти Рўдакии ҳамин ноҳия мавзеи сайёҳии “Ҳавзи Қайнар”-ро тамошо карда, аз табиати афсункори ин мавзеъ ҳаловат бардоштанд. Тавре қаблан хабар додем, 4 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеи сайёҳии «Ҳавзи Қайнар»-ро ифтитоҳ карданд.
Дар ҳудуди мавзеъ ниҳоли дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он сабзпўш аст. Ҳамзамон, ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонанд.
Аз рўи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ, таҳқиқу пажўҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудаанд. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кўшониён ва Юнону Бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, «Ҳавзи Қайнар» манбаи асосии таъмини оби нўшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб рафта, оби нўшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда мешудаст.
Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад. Дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷо ба макони зебову дилнишин табдил ёфтааст.
Роҳравҳои ҳудуди мавзеи таърихӣ сафолакпўш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудаанд. Барои равшаннамоӣ сутунпояҳо насб гардидааст. Ҳамзамон, дар шафати мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» чойхонаи замонавӣ бунёд шудааст,
Ба меҳмонон дар ноҳияи Восеъ маҷмааи хизматрасонии «Сайёҳ» низ писанд омад. Маҷмааи мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ватанӣ Авазхон Кабиров бунёд шудааст.
Масоҳати маҷмаа 1,8 гектарро фаро гирифтааст. Даромадгоҳи онро бо усули меъмории миллӣ боҳашамат ва зебою диққатҷалбкунанда сохтаанд.
Дар ҳудуди маҷмаа фаввора, ду ҳавзи шиноварӣ ва як шаршара бунёд шудааст. Фаввора дар масоҳати 150 метри мураббаъ сохта шуда, баландиаш 7 метрро ташкил медиҳад ва бо санъати баланди ҳайкалатарошӣ оро ëфтааст. Дар ҳар қабати фаввора бо маҳорати нотакрори ҳунармандӣ ҳайкалчаи парандаҳои нодир ва пайкараи одамон дар даст созҳои мусиқӣ, инчунин, ашёи рўзгор гузоштаанд, ки бозгўи давраҳои гуногуни таърих мебошад. Ҳамин гуна пайкараи одамон бо сарулибоси миллӣ, хўсаи ҳайвону парандаҳои нодири кўҳистони мамлакат ва хонагӣ дар дигар гўшаҳои маҷмаа низ гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб мекунанд.
Меҳмонхонаи «Сайëҳ» дар ин маҷмааи замонавии хизматрасонӣ 4- ошëна ва дорои 42 ҳуҷра буда, дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонида мешавад. Ҳамаи ҳуҷраҳои меҳмонхона бо ҷиҳози зарурӣ, аз қабили рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин мебошад.
Меҳмонхона дорои 2 тарабхона-тобистона бо 350 ва зимистона бо 200 ҷойи нишаст, қаҳвахона барои 60 нафар, ду ҳаммоми замонавӣ-занона ва мардона барои 40 нафар, ҳавзи шиноварӣ ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон аст. Дар ҳар як ҳуҷра низ ҳаммом ва ошхонаи алоҳида, инчунин, ҷой барои фароғати меҳмонон ташкил гардидааст. Дар иншоот толори маҷлис бо 80 ҷойи нишаст низ вуҷуд дорад, ки дар он имкон аст, вохўриву чорабиниҳои гуногун доир гардад.
Дар наздикии меҳмонхона ҳавзи моҳӣ бо дарозии 170 ва паҳноии 20 метр ва гармхонаи намоишӣ дар масоҳати 22 садяк бунëд шудааст. Ҳоло дар ҳавз 10 тонна моҳӣ парвариш меёбад.
Дар гармхонаи махсусгардонидашуда ҳам имконияти хуби гаштугузор барои сайёҳони дохилию хориҷӣ мавҷуд мебошад. Дар дохили гармхона дарахтони субтропикӣ, аз қабили лимон, афлесун, мандарин, кивӣ, меваҳои грекӣ ва ҳамчунин ангур шинонида шудааст. Ҳавзи моҳӣ, гармхона, инчунин, гўшаи парандаҳо ва заргушро дар дохили маҷмаа махсус барои фароғати сайёҳон бунёд намудаанд.
Дар атрофи маҷмаа 20 гектар боғи мевадиҳанда бунёд ва 6 километр роҳҳои дохили он асфалтпўш шудааст. Барои тамошои сайёҳон аз маҷмаа ва боғҳои мевадиҳандаи атроф 10 мошини электромобилӣ хизмат мерасонад.
Беруни ҳудуди маҷмааро низ бо шинонидани ниҳоли дарахтони гуногуни ороишӣ, бутагул ва гулҳои мавсимии рангоранг зебову диққатҷалбкунанда кардаанд.

Пас аз тамошои маҷмааи хизматрасонии «Сайёҳ» иштирокдорони ҳамоиш аз ҳам ҷудо шуда, мувофиқи нақшаи таҳиягардида, Гурўҳи 1 ба самти ноҳияи Муъминобод ва Гурўҳи 2 ҷониби ноҳияи Ховалинг раҳсипор шуданд.
Меҳмонони Гурўҳи аввалро дар даромадгоҳи ноҳияи Муъминобод раиси ноҳия, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва дигар шахсони масъул тибқи анъана истиқбол гирифтанд.
Таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро дар даҳкадаи Лангари ноҳия мақбараи хиштини гунбаздори Шоҳи Хомўш, ки рамзи ифтихори ин мардум асту то ҳанўз побарҷост, ҷалб намуд.
Агар таърихи онро варақ занем, мақбараро соли 1982 меъмор Хмелнитский С.Г., ташхису тасдиқ намуда, ба хулосае омада буд, ки он ба асри ХV тааллуқ дорад. Пасон археолог Самойлин П., якчанд ковишҳои бостонӣ гузаронида, дар ҳудуди мақбара боз нуҳ сағонаи тагизаминӣ пайдо кард. Ба ақидаи ў яке аз ин сағонаҳо ба Султон Санҷар мансубият дорад.
Сохти ҳуҷра, андоза ва ҳаҷми хиштҳои он собит менамоял, ки қисми тагизаминии мақбара ба асри ХII тааллуқ дорад. Хулоса баровардан мумкин аст, ки эҳтимол Лангар ҳамчун маскангоҳи мардумӣ ҳанўз аз қарни Х, аз асри тиллоии тамаддуни тоҷик арзи ҳастӣ намудааст.
Шоҳи Хомўш соли 459 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1067 мелодӣ) дар шаҳри Исфаҳони Эрон таваллуд ёфтааст. Падараш Сайид Ҳайдари Исфаҳонӣ аз авлоди Ҳусайн, писари Алӣ ва модараш Бибинасиба аз оилаи бонуфузи Исфаҳон буд. Сайид Ҳасаншоҳ дар шаҳри Исфаҳон муддати 21 сол илми ҳол (санъати сухан ва нутқ)-ро омўхт ва дар илми ботин низ комил гардида, ба Бағдод омад.
Ҳамин тариқ, Шоҳи Хомўш ҳаҷҷи акбар намуда, шаҳрҳои Бойтулмуқаддас, Маккаву Мадинаро зиёрат карда, маърифати илмӣ ва илоҳии хешро ғанӣ мегардонад.
Шоҳи Хомўш дар сини 72 соли 531 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1139 мелодӣ) фавтидааст.

Пас аз зиёрати мақбараи Шоҳи Хомўш ҳайати гурўҳ ба самти шаҳри Кўлоб раҳсипор шуданд.
Меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоишро дар назди Осорхонаи 2700 - солагии шаҳри Кўлоб масъулини шаҳрдорӣ истиқбол гирифта, барои маълумоти бештар пайдо кардан оид ба ин шаҳри бостонӣ ба
осорхона роҳнамоӣ карданд, ки дар арафаи ҷашни 2700-солагии Кўлоб ба фаъолият оғоз намудааст.
Осорхона се ошёна буда, 5 шуъба: таърих ва бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шуъбаи Кўлоби даврони Истиқлол, шуъбаи табиати кишвар, шуъбаи эъҷози мўқалам ва шуҳрати ҷангиро дар бар гирифта, 7 толори намоишӣ ва 7040 нигора дорад.
Сипас, меҳмонон дар Қасри фарҳанги шаҳр намоишгоҳи “Чакан” ва барномаи фарҳнгии ҳунармандони шаҳрро тамошо карданд.

Ба иштирокдорони Гурўҳи дувуми ҳамоиш дар ноҳияи Ховалинг баъди истиқболи гарм аз ҷониби роҳбарият ва дигар масъулини ноҳия намоиши гулу гиёҳҳои шифобахш ва маводи доруворие, ки аз онҳо омода мешаванд, писанд омад.
Маълум шуд, ки сокинон ин гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кўҳ ва талу теппаҳои ҳудуди ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Ҳамон рўз, дар идомаи сафар меҳмононро ба тамошои мавзеи сайёҳии “Чилдухтарон” роҳнамоӣ карданд, ки дар ноҳияи Муъминобод воқеъ гардидааст.
Доир ба қуллаҳои кўҳи “Чилдухтарон” дар миёни мардум ривоятҳои зиёд паҳн шудааст. Чунончи, дар замонҳои хеле қадим тўдаи аҷнабиёни ғоратгар ба Хатлонзамин ҳуҷум оварда, мардону занон ва писарону духтаронро асир гирифта, ба мисли ғулом ба мамлакатҳои дур бурда мефурўхтаанд. Хусусан, духтарони хушлиқоро зўран асир мегирифтанд. Дастаи ғоратгарони малъун ба сарзамини Муъминобод ҳуҷум мекунанд, ҳар ҷонзоди зиндае, ки аз пеши ин гургони гурусна мебаромад, пора-порааш мекарданд. Баъд аз оне, ки деҳаҳои минтақаи Дуобро ба хок яксон карданд, мардуми бонангу номуси Дуоб ба муҳофизати занону духтарон ва пирони барҷомонда бархоста, ба муқобили душманони ғоратгар диловарона меҷанганд. Бо корнамоию ҷоннисориҳояшон чандин маротиба ҳамлаи хунхоронаи душманонро зада гардонданд. Аммо дар охир аҷнабиҳои хунхор тамоми қувваҳои худро аз минтақаҳои Яхсу, Вахё, мулкҳои лақаю туркнишин ҷамъ оварда, ба қувваи даҳчанд ба Дуоб ҳуҷум оварданд. Ин дафъа барои ҳимояи марзу буми хеш тамоми пиру барно, ҳатто духтарони хушлиқои товусхироми ин сарзамин бархостанд. Задухўрд чанд шабонарўз давом кард. Оқибат душман бо қувваи калони худ бартарӣ нишон дод, аҳолии бесилоҳу бепушту паноҳ бошад, ба сўи кўҳҳои сарбафалак рў оварданд. Як қисми душманонро мардум фиреб дода, ба сўи кўҳи Пирӣ, Дашти Ҷум паноҳ бурданд. Қисмати бечораю бенавояш, хусусан кампирону мўйсафедон ва беморон аз дами шамшери хунхорон наҷот наёфтанд. Як гурўҳ духтарон низ, ки қувваи асосии душманро пайиҳам шикаст медоданд, ба фишори шадиди душманони хунхору малъун тоб наоварда, сўи кўҳҳо паноҳ бурданд. Аммо мақсади душманон зинда дастгир кардани онҳо буд.
Духтарон чун мебинанд, ки аз дасти ин тўдаи гургони гурусна шаъну шараф ва покдоманиашонро наҷот дода наметавонанд, ба Худо рў оварда, илтиҷо мекунанд, ки онҳоро ба дасти ин девсиратон насупорад. Дуои ҳар яки онҳоро Худои бузург иҷобат мекунад. Бо амри ин Офарандаи ҳама мавҷудоти олам духтарон ҳар яке дар ҷои истодааш ба санг мубаддал мегардад ва чун рамзи покдоманию озодӣ, ватанпарварию хештаншиносӣ то ҳанўз дар қиёманд.
Ба маркази ноҳияи Ховалинг Чойхонаи «Чилчанор» ҳусни тоза мебахшад, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ аст. Чойхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ асосан таомҳои миллӣ пешкаш карда мешавад ва имкони дар як вақт ба 280 нафар хизмат расонданро дорад.
Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.
Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 2 тарабхона, 2 осорхона, 4 мавзеи сайёҳӣ ва 2 ширкати сайёҳӣ аз рўйи 9 хатсайр фаъоланд. Меҳмонхона ва хостелҳои ноҳия дар як вақт имкони қабули то 500 нафар меҳмонро доранд.
Дар қаламрави ноҳия 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фурўши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ - фароғатӣ мавҷуд аст.

РЎЗИ ДУВУМ
Пагоҳии 10 декабр иштиркдорони Гурўҳи дувуми ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баъди зиёрати оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ ба самти ноҳияи Балҷувон раҳсипор шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Султон Увайси Қаранӣ шахсиятест, ки дар дили ҳазорон нафар маҳбубият дорад ва ҳар сол ба зиёрати оромгоҳи ў аз дохил ва хориҷи кишвар даҳҳо ҳазор одамон меоянд.
Нақл аст, ки аз пайғамбар Муҳаммад алайҳиссалом дар сакароти ҷон мепурсанд, ки ҷома ва асои Шуморо ба кӣ диҳем?
Пайғамбар посух медиҳанд: “Ба Увайси Қаранӣ, зеро ў ба Худову Пайғамбараш доимо дар муноҷот буд”.
Мазори ин бузургвор дар масофаи 18 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ховалинг дар сояи долу дарахтони сарсабз ҷой гирифтааст.
Аз канори оромгоҳ чашмаҳои шаффоф ва шифобахши обашон хуштамъ ҷорист. Ковишҳои бостоншиносӣ дар соли 2004 аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуд, ки ҳанўз дар асрҳои қадим (6 - 9) атрофи мазор бо девори аз гил сохташуда иҳота гардида ва берун аз девор биноҳои истиқоматӣ ва хоҷагидорӣ ҷойгир буданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ин мавзеъ аз қадим ҳамчун макони муқаддас будааст.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳудуди мазор ба мамнўъгоҳи таърихӣ – кишваршиносӣ табдил дода шуд.
Мақбараи Султон Увайси Қаранӣ соли 2006 бо иқдом ва дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифз, истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бо ин восита тарбия намудани мардум дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандўстӣ, поси хотири ниёгон ва эҳтироми мероси фарҳангӣ аз нав бунёд шуд.
Дар даромадгоҳи ноҳияи Балҷувон низ чун дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа меҳмононро бо нону намак, гулу гулдастаҳо, бо парфашонии парчами миллӣ дар ҳавои суруду мусиқӣ гарм истиқбол гирифтанд.
Мардуми меҳмоннавози ноҳия ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон 380 иншооти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоиро бунёду азнавсозӣ кардаанд ва имрўзҳо дар даҳҳо иншооти дигар корҳои бунёдкориву азнавсозӣ идома доранд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди ноҳияи Балҷувон ва ҳалли масъалаҳои иқтисодии он пайваста дасти мадад дароз мекунад.
Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2016 – 2020 25 лоиҳа ба маблағи 84 миллион сомонӣ иҷро шудааст ва дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 боз 129 лоиҳа ба маблағи 334 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки барои рушди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешаванд.
Шароити ноҳия барои растанипарварӣ ва чорводорӣ бисёр мусоид буда, рушди ин бахшҳо метавонад дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дошта бошад.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои беҳтар таъмин намудани мардум бо неруи барқ дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон неругоҳҳои хурди барқи обии «Ҳорма» ва «Пушти боғ» бо иқтидори умумии 360 киловатт сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидан ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ як қатор лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ амалӣ карда шуд, ки ноҳияи Балҷувонро низ дар бар мегирад. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Данғара – Кангурт – Балҷувон – Ховалинг ба маблағи 190 миллион сомонӣ таҷдид гардида, соли 2019 ба истифода супорида шуд.
Ҳамчунин, сохтмони роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор ба маблағи умумии 85 миллион сомонӣ идома дорад.
Бо мақсади шиносоии бештар бо таърихи дирўзу имрўзи ноҳия меҳмонон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро тамошо карданд, ки 23 сентябри соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст.
Осорхона аз се ошёна иборат буда, дорои тамоми шароит барои маҳфуз доштани нигораҳо, бозёфтҳо ва аксу мусаввараҳо мебошад ва ҳар як ошёна давраҳои таърихии ба худ хосро инъикос менамояд.
Дар ошёнаи якуми бино толори калони намоиш дар масоҳати 193 метри мураббаъ, хазина ва даҳлез ҷойгир шудааст.
Толори намоиши ошёнаи дуюм дар масоҳати 400 метри мураббаъ таърихи ноҳияро дар даврони пеш ва баъди соҳибистиқлолии мамлакат фаро мегирад.
Бинои осорхона бо истифода аз унсурҳои хоси миллӣ ва таърихӣ бунёд ёфта, дар он тасвирҳо аз гузаштаи таърихии сокинони ноҳия ҷойгир карда шудаанд, ки аз соҳибтамаддун, соҳибкасб, соҳибтахассус ва ҳунарманд будани миллати тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Дар ин ҷо аз давлатдорӣ, муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони барўманди миллат, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Муқаннаъ, Сумбоди Муғ, Деваштич, Абўмуслими Хуросонӣ, Яъқуби Лайс, Темурмалик, Восеъ ва садҳо нафари дигар маълумоти зиёд маҳфуз мебошад.
Ҳоло дар хазинаи осорхонаи навбунёд зиёда аз 1500 нигораи таърихӣ ҷамъ оварда шудааст.
Осорхона аз 5 шуъба иборат буда, ҳар кадоми он вобаста ба таъриху тамаддуни халқи тоҷик фаъолият намуда, насли ояндаро бо таърихи ниёгонамон шинос месозанд.
Дар толорҳои осорхона ҳунарҳои мардумӣ бо осорҳои заргарӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, мисгарӣ аз асрҳои 9 то 19 ва дигар бозёфтҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Маркази ноҳия сол то сол ободу зебо мешавад. Тамошои гулгашти марказии ноҳия. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ ба меҳмонон таассуроти нек бахшид.
Баландии пояи Нишони давлатӣ 21,5 метр буда, бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар ин ҷо 35 метрро дар бар мегирад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.
Парафшонии Парчами миллӣ ва бунёди Нишони давлатӣ дар маркази ноҳияи Балҷувон баробари таъмини зебоии мавзеъ, ҳамчунин омили муҳим дар самти бедор кардани эҳсоси ватандўстию меҳанпарастии ҳар як сокин, хоса наврасону ҷавонон мебошад.
Дар паҳлуи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ Варзишгоҳи марказии ноҳия бо 6 ҳазор ҷойи нишаст бунёд шудааст, ки гувоҳи таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа аст.
Дар ин рўз, Гўрўҳи якум иштирокдорони Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кўлоб Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанўз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст.
Дуруст аст, ки соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхўҷа Султонов шиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омўзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Ба ин гуфтаҳо бояд илова намуд, ки мутобиқ ба дараҷаи мақому мартабааш аз ў дар мамолики Машриқзамин бо номҳои дигар низ аз қабили Шоҳи Ҳамадон, Мири Ҳамадон, Мири Кабир, Сиёҳпўш, Мири Сиёҳпўш, Ҳазрати Амирҷон ёдовар мешуданд.
Дар Тоҷикистон, хосса дар шаҳри Кўлоб аз рўи муҳаббати бепоёну самимӣ ўро Ҳазрати Амирҷон ном мебарем. Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳободдин буда, дар Ҳамадонӣ Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барўманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ў чандон фикрҳои мухталиф вуҷуд надоранд. Лекин дар бештари сарчашмаҳои таърихию адабӣ, соли мавлуди Сайид Алии Ҳамадонӣ 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 омадааст.

Баъди сайёҳат аз мавзеъҳои дилнишин ва таърихии шаҳру ноҳияҳои Кўлоб, Муъминобод, Ховалинг ва Балҷувон Гурўҳҳо дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ба ҳам омаданд ва бо фаъолияти чанд муассисаву корхонаҳои тозабунёд шинос шуданд.

Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти Кангурт дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва 21 октябри соли равон ба истифода дода шудааст.
Муассисаи мазкур бо шакл ва тарҳи ҷолиб бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат аст ва имкони фарогирии 250 нафар донишҷўро дорад.
Коллеҷ дорои 36 синфхонаи таълимиву лабараторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.
Дигар муассисаи таълимӣ, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҷо таъмиру азнавсозӣ шуд, Боғчаи кўдаконаи “Бону” мебошад.
Кўдакистони мазкур соли 1985 сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кўдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.
Боғчаи кўдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кўдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.
Ду моҳ қабл дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чарм” дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” ба фаъолият оғоз намуд.
Корхона аз 3 ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино коргоҳи дўзандагӣ фаъолият мекунад, ки бо 30 мошинаи дарздўзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дўхти сару либоси занонаву мардона ва либосҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо 40 нафар занону ҷавондухтарони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Барои такмили ҳунари дўзандагии онҳо масъулин мутахассисонро аз пойтахти кишвар ҷалб намуданд. Қисме аз кормандони ин коргоҳи дўзандагӣ, ки сокинони деҳаи Кангурт ва деҳаҳои гирду атрофи он мебошанд, то ин вақт фаъолиятро дар хонаҳояшон идома медоданд. Акнун бо бунёди Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”, чеварони маҳаллӣ корро дар шароити беҳтару хубтар идома медиҳанд.
Дар ошёнаи дуюм истеҳсоли пойафзол ба роҳ монда шудааст. Дар коргоҳ асосан пойафзоли чармӣ, ки дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ талабот ба он зиёд аст, истеҳсол мегардад. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойафзолро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.
Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рўз аз 300 то 500 ҷуфт пойафзол мебошад. Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолотро дар ин самт афзун намоянд.
Дар иншооти навбунёд дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик дар маҷмуъ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Қабати сеюми бино меҳмонхонаи замонавиро дар бар мегирад. Дар он ҳуҷраҳои муосир бо катҳои хоб, иншооти ёрирасон ва ғайра ҷойгир шудааст.
Дар ҳудуди иншоот, ҳамчунин, толори намоиши маҳсулоти Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт” бунёд гардида, дар он намунаи маҳсулоти корхона ба маъраз гузошта мешаванд.
Дар қисми дигари корхона мағоза низ сохта шуда, маҳсулоти Корхонаи “Пойафзоли Кангурт” ба фурўш бароварда мешавад.
Маҳсулоти корхона дорои сифати хуб ва рақобатпазир буда, қисме аз он барои содирот пешбинӣ мешавад.
Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноаткунонии босуръати кишвар, таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат дар деҳоти Кангурт, ҳамчунин, корхонаи истеҳсоли мебел фаъолияташро ба роҳ мондааст, ки ба истеҳсоли барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар корхонаҳо мизу курсӣ истеҳсол мекунад. Алҳол дар ин ҷо 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» симои ҷамоати деҳоти Кангурт куллан дигаргун шудааст.
Бо дарназардошти талаботи зиёди аҳолӣ ба табобати дандон Маркази табобати дандон дар ин ҷо ба истифода дода шудааст, ки дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, дар он табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ васлу насб гаридааст ва дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонида мешавад.
Дар марказ ташхиси ултрасадоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст.
Мардуми деҳоти Кангурт кайҳо боз орзуи доштани Кохи фарҳангро мекарданд. Ин амри хайр бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Пиров амалӣ шуд.
Кохи фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, аз толори кинову консертӣ бо беш аз 500 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар он муосиртарин шароити кору фаъолият барои аҳли фарҳанг ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ фароҳам оварда шудааст.
Толори асосии иншоот бо истифода аз санъати наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулкорӣ ва оинабандӣ оро дода шудааст, ки хеле диққатҷалбкунанда мебошад.
Толори кинову консертии бино бо дастгоҳҳои намунаи беҳтарини намоиш, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшанидиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, барои дар сатҳи баланд пешниҳод намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини аҳли ҳунар мусоид аст.
Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва пардозгарии кормандони Кохи фарҳанг ва дигар иншооти ёрирасон дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин мебошанд.
Сутунҳо ва деворҳои бино дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ дар омезиш бо меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд карда шудааст.
Дар девору сутунҳои бино нақши “Коса”, “Рубоб”, “Шапарак”, “Ова” ва “Каҷак” дар асоси омўзиши чакандўзиҳои сокинони маҳаллӣ бо усули гаҷкорӣ ҳаккокӣ гардидааст.
Дар девори оинабандии Кохи муосири фарҳанг нақшу нигори миллӣ ба мисли қасри “Ситорамоҳи Хоса”, ки дар Бухоро аввали асри 20 сохта шуда буд, бо усули боз ҳам беҳтару рангин гаҷкорӣ шудааст.
Кори рассомон низ бо офаридани беҳтарин нигораҳои “Кундал”, расми гўшаҳои табиати афсункори Ватан, акси абармардони сиёсат ва фарҳанги миллат дар роҳравҳои бино мавқеи хос доранд.
Дар ошёнаи дуюми бинои Кохи фарҳанг ду ҳуҷраи корӣ ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва китобхона таъсис дода шудааст.
Китобхонаи замонавӣ дар Кохи фарҳанг, ки бо мақсади рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ташкил гардидааст, дорои беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ мебошад.
Дар китобхона, ҳамчунин, гўшаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, ки дар самти тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ватандўстию хештаншиносӣ мусоидати зиёд мекунад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави фарҳангӣ 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.
Баъди сайёҳату шиносоии дурўза дар ҳамин Кохи фарҳанг Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид, ки бо мақсади иштирок дар он масъулин ва фаъолони ҳизбӣ аз тамоми гўшаю канори мамлакат ҷамъ омаданд.
Алӣ ҶЎРА,
Душанбе-Восеъ-Муъминобод-
Кўлоб-Ховалинг-Балҷувон-
Темурмалик-Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: