Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд

Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд

10-12-2021, 10:07
Хабарро хонданд: 163 нафар
Назарҳо: 0
Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд

Субҳи дирӯз дар назди Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбуки ноҳияи Восеъ баъди истиқболи меҳмонон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса оғоз гардид. Дар ҳамоиши идона аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони сохторҳои ҲХДТ аз ВМКБ, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, аъзои фаъоли ҳизб, олимону шоирон иштирок доранд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявӣ ба Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук рафта, аз таърихи он маълумот ва таассуроти бештар гирифтанд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳазор сол муқаддам Ҳулбук шаҳри обод буд ва маркази сарзамини Хатлон ҳисоб меёфт. Якум, давраи пайдоиш ва тараққиёти шаҳр ба аҳди Сомониён – ташаккули халқияти тоҷик ва сохти давлатдории он, инкишофи забони адабии тоҷикӣ марбут аст. Аз ин рӯ Ҳулбук ҳамзамони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Синову Абурайҳони Берунӣ, Хоразмиву Форобӣ, Нархашиву Табарӣ ва даҳҳо дигар бузургони илму фарҳанг мебошад.

Дуюм, Ҳулбук аз ҷониби муаррихону сайёҳони давр дар радифи Самарқанду Бухоро, Балху Ғазнин, Марву Тирмиз ва дигар шаҳрҳои бузурги Мовароуннаҳру Хуросон гузошта мешавад. Дар тӯли таърихи дусадсолаи худ Ҳулбук маркази иҷтимоию сиёсӣ, инчунин маркази асосии тиҷорати мардуми кӯҳистони тоҷик буд. Корвонҳои зиёди мамолики Шарқ аз гузаргоҳи Чӯбаки дарёи Панҷ гузашта, вориди Ҳулбук мешуданд.

Сеюм, замоне Ҳулбук ба маркази мадании ноҳияҳои ҷануби шарқи Мовароуннаҳр табдил ёфта буд.

Дар идомаи сафар иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ, ки ба ифтихори 27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ба “Ҳавзи Қайнар” ташриф оварда, аз табиати афсункори ин мавзеъ дидан намуданд. Ҳамчунин меҳмонон ба ин кӯл, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, мароқ зоҳир карда, маълумоти муфассал гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳавзи Қайнар»-ро ифтитоҳ карданд. Дар ҳудуди мавзеъ дарахтони ороишии маҳаллӣ ва аз хориҷ воридшуда, аз қабили арча, магнолия, клён, каштан, сирен ва дигар навъу намуди дарахтони сояафкан шинонида шуда, замини он майсазор карда шудааст. Ҳамзамон ба таври таҷрибавӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Парандаҳои нодир рангорангии табиати ин мавзеъро таъмин ва хотири сайёҳонро болида мегардонанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз рӯи маълумоти таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ, таҳқиқу пажуҳиш дар ин мавзеъ аз соли 1960 оғоз гардида буд ва нишонаҳои таърихии он тавассути тасвирҳо пешниҳод шудаанд. Нигораҳои аз чуқурии 1,5 то 6 метр ёфтшуда ба давраи Сомониён, Кӯшониён ва Юнону Бохтариён тааллуқ доштани ин мавзеъро собит мекунанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо, «Ҳавзи Қайнар» манбаи асосии таъмини оби нӯшокии шаҳри Ҳулбук ба ҳисоб рафта, оби нӯшокӣ аз ин ҷо то шаҳри Ҳулбук тавассути қубурҳои сафолин бурда мешудаст.
Мавқеи ҷуғрофӣ ва санъати волои шаҳрсозии ниёгон дар мисоли Қайнар бори дигар миллати тамаддунофар будани тоҷиконро собит мекунад. Роҳравҳои ҳудуди мавзеи таърихӣ ба андозаи 4580 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, дар ду шафати роҳ гулҳои мавсимӣ ва доимӣ шинонида шудаанд. Барои равшаннамоӣ 53 сутунпоя насб гардидааст. Ҳамзамон дар шафати мавзеи таърихии «Ҳавзи Қайнар» чойхонаи замонавӣ бунёд гардидааст, ки сокинони деҳа пайваста метавонанд аз он истифода баранд.
Хотиррасон мешавем, ки дар доираи ҳамоиш, ки ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад, ҳайати меҳмонону иштирокчиён аз мавзеъҳои зебои таърихиву сайёҳӣ ва якчанд иншооти навбунёди шаҳру ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Темурмалики вилояти Хатлон боздид мекунанд.
Дар рӯзи дуюми ҳамоиш дар ноҳияи Темурмалик Конференсияи ҷумҳуриявии «Нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ» баргузор мегардад. Дар ҳошияи он барномаи фарҳангӣ пешниҳоди меҳмонон гардонида мешавад.
Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд
Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд
Иштирокчиёни ҳамоиши ҷумҳуриявӣ аз мавзеъҳои таърихии Восеъ дидан намуданд
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: