
Иштирокчиёни Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» дидан намуданд. Қобили зикр аст, ки корхона санаи 21 –уми октябри соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот аз се ошёна иборат буда, дар масоҳати 786 метри мураббаъ бунёд карда шудааст.
Дар ошёнаи якум сехи дӯзандагӣ мавҷуд буда, барои дӯхти либосҳои низомӣ ва либоси занонаву мардона фаъолият мекунад. Он бо 30 мошинаи дарздӯзӣ ва таҷҳизоти касбӣ муҷаҳҳаз мебошад. Корхона иқтидори дар як сол дӯхтани 27 ҳазор либоси низомӣ ва шаҳрвандиро дорост.
Дар ошёнаи дуюм меҳмонон бо рафти кор бо чарм ва истеҳсоли пойафзоли мардона аз ҷониби мутахассисон аз наздик шинос шуданд. Иқтидори ин корхона дар як рӯз истеҳсоли аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад.
Қабати сеюми бино аз Меҳмонхонаи замонавӣ, бо ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо катҳои хоб, иншооти ёрирасон ва дигар лавозимот таъмин карда шудааст.
Иншооти навбунёди ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик 100 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.