НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶОМЕА14-12-2021, 08:14
Хабарро хонданд: 13083 нафар
Назарҳо: 2
АНДЕША. Бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишҳои худро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсат дар самти масъалаҳои занон ва ҷавонон мунтазам тақвият мебахшад. Бо дарки муҳимияти дастгирии қувваи ин ду қишри ҷомеа ҳамчун қувваи асосӣ ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати иҷтимоӣ тавассути истифодаи нерӯи занон ва ҷавонон дар ташаккул, пешрафти давлат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ниҳоди давлатдорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумат маҳсуб меёбад. Зеро таърих исбот намудааст, ки субот ва пешрафти давлат аз дастгирии ин ду қишри ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Вобаста ба ин, дар риштаи рушди қонунгузорӣ оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои занон ва ҷавонон дараҷа ва миқёси татбиқи онҳо дар ҳаёти имрӯза таҷассуми худро ёфтааст. Яъне, барои дастгирии ин табақаи ҷомеа дар сатҳи қонунгузории амалкунанда дар баробари қабули қонунҳо, қабули барномаҳои рушди иҷтимоии онҳо ҷиҳати таъмини иштироки васеъ дар ҳаёти ҷамъиятиву идоракунии давлатӣ қабул гардида, самти фаъолияти занон ва ҷавонон дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ дар мамлакат муайян гардидааст. Вобаста ба дастгирии ҷавонон 23 майи соли 1997 мулоқоти бо ҷавонон доштаи Пешвои миллат шаҳодат аз боварӣ ба нерӯи созандаи ҷавонон, инчунин, ҷиҳати дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод таъсиси Стипендияҳои президентӣ ва номӣ, Квотаи президентӣ, Стипендияи байналмилалии президентӣ – “Дурахшандагон”, Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгарони мамлакат, таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба хотири таҳкими робита миёни Президент ва ҷавонони мамлакат роҳандозӣ гардид, иқдомоти муҳими Пешвои миллат мебошанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ бесобиқа аст. Дар баробари ин, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам овард, ки шоҳиди чорабиниҳои имсолаи ҷавонон ва шарики нишоту муваффақиятҳои онҳо гардем. Ин иқдом барои ҷавонон дар ҷодаи амалигардонии сиёсати иҷтимоии мамлакат дар риштаҳои гуногуни соҳаҳои ҳаёти кишвар шавқу ғайрати дубора мебахшад. Дар ин росто мисол овардани суханҳои Пешвои миллат хеле бамаврид хоҳад буд: “Имрӯз ҷомеаи кишвар ба қудрат ва тавоноии ҷавонони тоҷик дар таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва умури давлатдорӣ сахт эътимод дорад”. Дар ҳақиқат, занон ва ҷавонон ҳамчун қувваи бузург дар маркази ҳар гуна тағйироту таҳаввулот ва падидаҳои ҷамъиятӣ қарор дошта, дар дигаргуниҳои ҷомеа нақши хеле муҳим доранд. Таърихи инсоният аз асноде, ки занон нерӯи созанда ва ҷавонон нерӯи бузург ҳастанд, саршор аст. Имрӯзҳо занон ва ҷавонон бо дарки амиқи дастгириҳои давлату Ҳукумат дар амалӣ гаштани сиёсати иҷтимоии давлат бо қаноатмандӣ, азму иродаи қавӣ ва завқи баланд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат кору фаъолият намуда истодаанд, ки ин аз пешрафти воқеии ҷомеа, роҳи рушду субот ва ояндаи миллат дарак медиҳад. Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.