Посдорони сулху суботи кишвар5-07-2018, 08:17
Хабарро хонданд: 433 нафар
Назарҳо: 0
Баъд аз ба даст овардани истиклолияти давлатии Тоҷикистон парламенти кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро ба тасвиб расонд. Ин санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳаё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Тоҷикистон дар байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яке аз аввалинҳо шуда ин иқдомро ба роҳ монд. Ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандўст ба ҳисоб мерафт. Ҷавонон,ки сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллои миллату давлат дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон буда, ҳамчун такягоҳи бо эътимоди давлат дониста мешаванд. Воқеан имрўз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдкору созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рў, ҳукумати имрўзаи Тоҷикистон ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаётии наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст. Табиист, ки бе иштироки фаъолонаи чунин неруи бузург рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатамонро тасаввур кардан гайриимкон аст. Бинобар ин, ҳукумати кишвар иштироки ҳамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани муқаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомузӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Мавриди зикр аст, ки имруз бо дастгири ва кўмаки давлат ва Ҳукумати Чумхурии Тоҷикистон ҷавонони зиёде дар мамолики хориҷа таҳсил доранд. Хондан дар давлатҳои пешрафта, ошноӣ пайдо намудан ба усулҳои нави корӣ ва ба тарзи амали фаъолият намудан дар соҳоти гуногуни иктисодӣ , иҷтимоии мамлакатҳои тараққикарда, ҷавононро ба роҳи наве ҳидоят мекунад. Чунин ҷавонон бо дид ва нингоҳи нав ба ватан бар гашта, онро ободу зебо мегардонанд. Барои дасгириву ҳавасмандгрдонии ҷавонон тули солҳои истиқлолият, имтиёзҳо аз қабили спендияҳои президентӣ ва номӣ , квотаи президентӣ , стипендияи байналмилалии президентӣ , грантҳои Ҳукумати Чумҳурии Точикистон барои ташкилотҳои ҷаъмиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дасгириҳои давлатӣ , оид ба ҷудо кардани манзил ва қитъаи замин муқаррар шуда, ҷалби ҷавонони лаёкатманд ба идоракунии давлатӣ ва пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда чун зуҳуроти ғамхории доимии ҳукумати мамлакат мунтазам идома дорад. Дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Ба андешаи мо яке аз вазифаҳои асосии ҷавонон ин самимона ва сидқан дўст доштани ин ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои неки миллӣ ва сайъу талош кардан ба хотири ҳифзу густариши он, оштинопазир будан бо ақидаву гароишҳои бегонапарастӣ мебошад, ҳамаи ин дар маҷмуъ андешаи миллиро ба вуҷуд меорад. Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандўстии онҳо боварӣ дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем, зеро ҷавонон воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи гузаштагони мо ҳастанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.