Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Тақдиронии 60 ҷавони фаъол бо стипендия ва туҳфаҳои хотиравӣ

Тақдиронии 60 ҷавони фаъол бо стипендия ва туҳфаҳои хотиравӣ

30-05-2017, 10:43
Хабарро хонданд: 349 нафар
Назарҳо: 0
Тақдиронии 60 ҷавони фаъол бо стипендия ва туҳфаҳои хотиравӣ

БӮСТОН. Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон мулоқоти Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода бо ҷавонони касбу кори гуногун баргузлр гардид. Нахуст Раиси шаҳр аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат ва пуштибониҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии ҷавонони созанда ва татбиқи иқдомҳои наҷиби онҳо дар пешрафти ҷомеа ибрози назар намуд. Баъдан дар фазои тантанавӣ ба 22 нафар фаъолҷавонон аз донишҷӯёни Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, мактаби Президентӣ ва муассисаҳои таълимӣ стипендияи Раиси шаҳр тақдим гардида, ҳамчун нахустин иқдом бо мақсади оммавияти варзиш ва дастгирии варзишгарони беҳтарин ба 10 нафар варзишгарон-ғолибони мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ стипендияи Раиси шаҳр барои варзишгарон тақдим гардид.
Дар фазои тантанавӣ ба 4 нафар устодони ҷавони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, 11 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ, 7 нафар ҷавонон аз риштаи санъат, ки ҳамагӣ ғолибони озмунҳои гуногунсатҳ мебошанд сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба 8 нафар фаъолҷавонони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, ки аз 15 то 19 май дар ҳафтаи иштироки донишҷӯён дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолона ширкат намуданд гувоҳномаҳо тақдим гардид. Ёдовар мешавем, ки маблағи стипендияи Раиси шаҳр аз 60 сомонии соли 2016 ба 80 сомонӣ дар соли 2017 дар як моҳ муқаррар гардида, маблағи стипендия барои варзишгарон бошад барои як сол 200 сомониро ташкил медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: