Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Хуҷанд: ҲХДТ – роҳнамои халқ ба ояндаи дурахшон“

Хуҷанд: ҲХДТ – роҳнамои халқ ба ояндаи дурахшон“

14-12-2021, 08:00
Хабарро хонданд: 128 нафар
Назарҳо: 0
Хуҷанд: ҲХДТ – роҳнамои халқ ба ояндаи дурахшон“

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад”.Эмомалӣ РаҳмонВоқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 27 соли фаъолияти босамар таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба ҷомеаи мо марҳила ба марҳила навгонӣ ворид карда истодааст ва баҳри таҳкими дастовардҳои соҳибистиқлолӣ, ваҳдату ягонагӣ ва пешрафту тараққиёти ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста кӯшиш менамояд.Бахшида ба 27-солагии Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ташкилоти ибтидоии “Сино” дар назди Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Ю.Б. Исоқӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.Дар кори он аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филология, дотсент Зеварой Бобоева, мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсон Исоев, сармухаррири рӯзномаи “Шафақ” Назокат Юсупова ва мудири бахши кор бо ҷавонони Коллеҷи мазкур Амбарой Волидова ширкат варзиданд.Конференсияро Волидова Амбарой ифтитоҳ намуда, оиди мӯҳтавои конференсия маълут дод. Сипас, аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои филология, дотсент Зеварой Бобоева дар бораи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, мақсаду мароми он, ғояҳои асосӣ ва фарқияту ҳадафи ҲХДТ нисбати дигар ҳизбҳо бо маърӯзаи пурмуҳтавои хеш баромад кард.Ҳамчунин мудири шуъбаи ҷавонони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев дар мавзӯи “Саҳми ҷавонон дар пешрафти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баромад намуда, зикр намуд, ки маҳз ҷавонон ояндасози миллат буда, пеш аз ҳама аз мактаби бузурги инсоншиносии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашта, бояд садоқат ба ватану обу хоки сарзамини хеш ва аз кору пайкори ин марди шариф ибрат гиранд. Табрикоти раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунавварро сармуҳаррири рӯзномаи “Шафақ” Назокат Юсупова ба саҳми ҳозирин расонида, иштирокчиёнро бо Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ муборакбод кард.Имрӯз низ ҲХДТ боэътимодтарин, сернуфузтарин ва қавитарин нерӯи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад. Зеро он баҳри зиндагии осоишта ва пешрафти ҷомеа ҳамеша талош варзида, беҳбудии рӯзгори мардум ва ободии кишварро ҳадафи асосии хеш меҳисобад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: