Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент ба ифтихори 27-умин солгарди таъсиси ҳизб баргузории силсилаи мулоқоту сӯҳбатҳоро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ тарҳрезӣ намудааст.
Дар доираи ин нақша бо иштироки мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Кумитаи иҷроия Бурсибой Лутфуллоев ва сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо Муҳаммадтоҳир Мухторов бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти иловагии № 1-и шаҳр сӯҳбат доир гардид.
Ҳини сӯҳбат ба ҳозирин дар ибораи нақши Пешвои миллат, раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси ин ниҳоди бонуфузи сиёсӣ, нақши он дар таҳаввулот дар ҷомеаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлол нақл карда, аз ҷумла таъкид шуд, ки дар ҳама дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши бориз дорад.
Чунин сӯҳбату мулоқот ва ҳамоишҳо дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор мешаванд.