Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

1-12-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 1096 нафар
Назарҳо: 0
Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон, ки таҳсилашон ба забони русӣ ба роҳ монда мешавад, доир гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Тибқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили таъминоти фаъолияти таълимии кормандони педагогии рус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори тарафи Тоҷикистон ҳамасола пешниҳодҳои худро вобаста ба талаботи касбӣ, ки ба кормандони педагогии рус алоқамандӣ доранд, ба мақомоти ваколатдори тарафи Русия пешниҳод намуда, Русия ҷиҳати таъмини талаботи пешниҳодшуда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкил ва шартҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад, гуфта шудааст, ки фаъолияти таълимӣ дар мактабҳо дар асоси қонунгузории Федератсияи Русия аз рӯйи барномаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии умумӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, таълим дар мактабҳо бо забони русӣ бо омӯзиши ҳатмии забони тоҷикӣ ба амал бароварда мешавад.

Зимни имзои созишномаҳо таъкид гардид, ки соли панҷум аст Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ менамояд.

Зикр шуд, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои забон ва адабиёти рус, математика, физика, биология ва дигар фанҳо ба забони русӣ ба хонандагон таълим медиҳанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: