Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Эҳтиёт кунед ба доми миёнаравҳо наафтед

Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Эҳтиёт кунед ба доми миёнаравҳо наафтед

24-11-2021, 09:54
Хабарро хонданд: 114 нафар
Назарҳо: 0
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Эҳтиёт кунед ба доми миёнаравҳо наафтед

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид гардидан ба Русия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, ҳамроҳ бо соҳибхона барои ба расмиятдарории будубоши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.
Манбаъ қайд кардааст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии будубоши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагӣ зиёд ворид гаштааст.
“Аз ин лиҳоз, маълум менамоем, ки бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил, корҳои илмӣ, сайёҳат, тиҷорат ва дигар масъалаҳои корӣ ба муддати тулонӣ ба Русия ворид гардидаанд ва барои муваққатан зистан дар қаламрави ин кишвар хонаи иҷора ва ё дар хонаи хешу ақрабҳо муваққатан зиндагӣ доранд бояд дар ҳамон хона муваққатан худро ба қайди муҳоҷиратӣ гузоранд”, - илова кардааст манбаъ.

Спуник-Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: