Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дастури Путин муҳоҷирони тоҷикро хурсанд кард

Дастури Путин муҳоҷирони тоҷикро хурсанд кард

11-03-2020, 09:29
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Дастури Путин муҳоҷирони тоҷикро хурсанд кард
Раиси ҷумҳури Федратсияи Россия Владимир Путин амр додааст, санади ҳаққи иқомати муваққатро (РВП) аз байн баранд ва ба онҳое, ки мехоҳанд, дар Русия зиндагӣ кунанд, якбора ҳаққи иқомати доимӣ (ВНЖ) бидиҳанд.
То кунун онҳое, ки мехостанд, шаҳрвандии Русияро бигиранд, маҷбур буданд, аввал ҳаққи иқомати муваққат бигиранд ва баъди чанд сол барои ҳаққи иқомати доимӣ ариза диҳанд. Баъди ҳаққи иқомати доимӣ навбат хориҷӣ ҳақ дорад, барои гирифтани мақоми шаҳрвандӣ муроҷиат кунад.
Дар ҷаласаи ҳукумати Русия дар рӯзи 6-уми март гуфтаанд, ки дигар давраи санади ҳаққи иқомати муваққат гузаштааст. Бо дастури Владимир Путин акнун бояд қонунҳои муҳоҷирати Русияро ислоҳ кунанд ва баъд аз он якбора ба хоҳишмандон ҳаққи иқомати доимӣ диҳанд. Матни дастурҳои Владимир Путин дар вебсайти расмии раиси ҷумҳури Русия нашр шудааст. Дастурҳо бояд то соли 2021 иҷро шаванд ва ҳоло маълум нест, ки кай Русия аз ҳаққи иқомати муваққат даст мекашад.
Дар матни дастурҳои Путин гуфта мешавад, ки бархе аз муҳоҷирон барои раҳо шудан аз ташвишҳои қонунӣ ва патенти кор аввал ҳаққи иқомати муваққат мегиранд, вале ҳадафашон фақат муҳоҷирати муваққатии корӣ аст. Коршиносон гуфтаанд, чунин санад, як расмиёти нозарурест, ки монеи зудтар гирифтани мақоми шаҳрвандии Русия барои талабгорон мешавад.
Коршиносон мегӯянд, Русия бинобар вазъи ногувори демографӣ ночор ба чунин иқдом даст задааст, то аз ҳисоби муҳоҷирону хориҷиён монеи коҳиши аҳолӣ дар кишвар шавад. Раҳмон Улмасов коршиноси масоили муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, Русия бо назардошти камбуди нерӯи кор мехоҳад, аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, теъдоди аҳолиро бештар кунад.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар ин робита гуфт: «Ҳудуди 80 дар сади шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия мебошанд, мекӯшанд, ки ҳаққи иқомати доимӣ ба даст оранд. Чунки ин санад онҳоро аз хавфи ихроҷ шудан аз Русия эмин нигоҳ медорад ва аз пардохти ҳармоҳаи пули патент халос мекунад”. Соли 2019 муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон 2 миллиарду 700 миллион доллар фиристодаанд.
Бинобар иттилои мақомоти Русия, соли 2018 беш аз 35 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Миёни Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандӣ амал мекунад ва тоҷикон бидуни даст кашидан аз шаҳрвандии худ ҳақ доранд, шаҳрванди Русия шаванд. Тоҷикистон мегӯяд, дар Русия 480 ҳазор шаҳрвандаш кор мекунанд, Русия мегӯяд, теъдоди онҳо аз як миллион нафар бештар аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: