Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

14-03-2019, 17:27
Хабарро хонданд: 4 нафар
Назарҳо: 0
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад

ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба баргузории марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе 16 марти соли 2019 аз соати 07:00 то 11:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ то собиқ дидбонгоҳи БДА «Чорбоғ» муваққатан қатъ мегардад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамчунин дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ муваққатан қатъ гардидани ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳр, аз ҷумла, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ин робита Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хоҳиш менамояд, ки дар ин мавридҳо аз дигар кӯчаю хиёбонҳои ҳамшафати роҳҳои мошингарди шаҳри Душанбе истифода бурда, қоидаҳои ҳаракати роҳро қатъӣ риоя намоянд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: