Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСТЧОҲ: Вохӯрӣ бо номзади пешбаринамудаи ҲХДТ

МАСТЧОҲ: Вохӯрӣ бо номзади пешбаринамудаи ҲХДТ

22-11-2021, 09:25
Хабарро хонданд: 229 нафар
Назарҳо: 0
МАСТЧОҲ: Вохӯрӣ бо номзади пешбаринамудаи ҲХДТ

Рӯзи гузашта дар толори хоҷагии Ҳоҷӣ Амирови Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ вохӯрии Ниёзов Ниёз Умарович – номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Оббурдон – 52, аз ҷониби Конференсияи 22-юми ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ пешбарӣ гардидааст, бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Сараввал раиси комиссияи ҳавзаи интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Муллопартоб Муҳаммедов оид ба мақсаду вазифаҳои вохӯрӣ сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки бо даргузашти ногаҳонии собиқ раиси ноҳияи Мастчоҳ, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Оббурдон-52 шодравон Тоҳир Азиззода ваколати марҳум қатъ гардида, 28 ноябр рӯзи интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи мазкур муайян шудааст.

Сипас шахси боэътимоди номзад Муллораҳмат Азиззов доир ба фаъолияти меҳнатӣ ва Барномаи пешазинтихоботии Ниёз Ниёзов маълумот дод.

– Барномаи пешазинтихоботии номзад аз Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020 – 2025 сарчашма гирифта, заминаҳои воқеии татбиқшаванда дорад, – иброз дошт М. Азизов.

Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ зимни суханронии худ доир ба ҳадафҳои барномавии ҳизб маълумот дода, гуфт, ки кулли вакилони ҳизб ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилояту ноҳия татбиқгари муваффақи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ниёз Ниёзов, номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Оббурдон- 52 дар баромади худ аз пешрафту ободии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар сурати интихоб шудан тамоми донишу нерӯ ва таҷрибаи худро барои ободии диёр, таҳкими Истиқлолу Ваҳдат ва табиқи амалии Барномаи худ сафарбар менамояд.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,

“Нигоҳи халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: