Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » «ТОЛИБОН»* ДАР КОБУЛ ПАРАДИ ҲАРБӢ ДОИР КАРДАНД. Трамп инро «намоиши таассуфовар» номид

«ТОЛИБОН»* ДАР КОБУЛ ПАРАДИ ҲАРБӢ ДОИР КАРДАНД. Трамп инро «намоиши таассуфовар» номид

19-11-2021, 08:42
Хабарро хонданд: 94 нафар
Назарҳо: 0
«ТОЛИБОН»* ДАР КОБУЛ ПАРАДИ ҲАРБӢ ДОИР КАРДАНД. Трамп инро «намоиши таассуфовар» номид
Ноябрь 18, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Толибон»* рӯзи душанбеи 15 ноябр дар Кобул- пойтахти Афғонистон паради ҳарбӣ гузаронида, дар он таҷҳизоти мусодиранамудаи истеҳсоли Русия ва Амрикоро намоиш доданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хабаргузории «Reuters» иттилоъ додааст.

Дар парад даҳҳо мошинҳои зиреҳпӯши амрикоии М117 иштирок доштанд. Онҳо аз роҳи асосии Кобул оҳиста-оҳиста ҳаракат карда, аз болои онҳо чархболҳои Ми-17-и Русия (намунаи содиротии Ми-8) парвоз мекарданд. Сарбозон бо автоматҳои амрикоии М4 мусаллаҳ буда, либоси камуфляжӣ доштанд, на либоси анъанавии толибон.

Муовини раиси вазорати дифои ҳукумати толибон Иноятуллоҳи Хоразмӣ гуфт, ки ин парад ба муносибати пурра шудани сафи артиш (толибон – тавзеҳи АМИТ «Ховар») бо 250 ҷангии навтаълим баргузор шуд.

«Reuters» менависад, ки толибон бо ин роҳ табдили худро аз як неруи шӯришӣ ба артиши муқаррарӣ бо таҷҳизоти низомӣ нишон доданд. Тайи бист соли охир онҳо ҷангҳои партизанӣ мебурданд, аммо пас аз он ки Амрико моҳи августи соли ҷорӣ Афғонистонро тарк карда, таҷҳизоти низомии худро дар ин кишвар гузошт, он ба дасти толибон афтод.

Дар ҳамин ҳол, ба гузориши ТАСС, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико, намоиши таҷҳизоти низомии Амрико аз сӯи толибонро дар паради Кобул «намоиши таассуфовар» номид.

«Паради бузурги низомӣ, ки толибон баргузор карда, таҷҳизоти ба маблағи 85 миллиард доллар ба онҳо супурдаи амрикоиро нишон доданд, ба намоиши хеле ғамангезу таассуфовар табдил ёфт. Он тарзе, ки анҷоми хуруҷи неруҳо аз Афғонистон сурат гирифт- бузургтарин шармандагӣ дар таърихи кишвари мост», — гуфт ӯ рӯзи чаҳоршанбеи 17 ноябр дар иттилоияе, ки дафтари матбуоташ ба нашр расонидааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: