Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф назаррас аст

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф назаррас аст

16-11-2021, 14:00
Хабарро хонданд: 419 нафар
Назарҳо: 0
Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф назаррас аст
Ноябрь 16, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар инчунин дар ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳа ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Ин нуқтаро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода зимни баргузории Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф», ки дар Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баён намуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ба зикри Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омаданашон тамоми имконияту василаҳоро ба таҳким бахшидани пояҳои илму маориф равона карда, ба рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ диққати махсус медиҳанд. «Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки «маориф омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат аст» ва ё «ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам». Ин андешаҳои ҳакимонаи Пешвои миллат дар бораи маориф ва тарбияи насли наврас дар таърихи давлатдории тоҷикон беҳтарин дастуру ҳидоятҳоянд, ки аз раванди ҳаёти сиёсию воқеии мамлакат манша мегиранд», илова намуд Муҳаммадюсуф Имомзода.
Дар конференсияи мазкур роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, адибону донишмандон, рӯзноманигорон, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, кормандон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Махфират Хидирзода гуфт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои Пешвои миллат мақому манзалати омӯзгору олим хеле боло рафт. Президенти малакат ба мавқеи омӯзгорону олимон таваҷҷуҳ карда, чунин изҳори назар карда буданд: «Давлату Ҳукумат ба шумо эътимоди комил дорад, зеро инсоният ба омӯзгор ҳамеша ниёз дошту дорад. Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд».

Дар ҳамоиши илмӣ-назариявӣ муовини Сардабири нашрияи КИМ ҲХДТ, номзади илмҳои сиёсӣ, Маҳмадулло Наимов дар мавзўъи «Замони гузариш: ҷанбаҳои муҳим ва хатарноки фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаи пурмуҳтаво намуданд.

Зимни баргузории ҳамоиш ба муовини якуми Вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Саъдӣ Қосимӣ, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм Илҳом Камолзода, сармутахассиси раёсати муносибатҳои байналмилалии вазорат Зоир Кулобиев медали ҷашнии «20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхай» тақдим гардид.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: