Сафари аҳли маориф ба хориҷа танзим аст, на маҳдудият30-07-2018, 10:11
Хабарро хонданд: 414 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин дар асоси созишномаҳои дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ тибқи бурсия ба хориҷи кишвар ба таҳсил фиристодани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аммо чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма иттиллоъ оид ба маҳдуд кардани сафари аҳли илму маориф аз тарафи вазорат ба хориҷи кишвар паҳн шуд ва ишора бар он дошт, ки довталабон танҳо бо иҷоизаи масъулини мақомати мазкур метавонанд ин корро анҷом диҳанд. Вале кормандони Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ маҳдудият будани ин санадро қатъиян инкор карда, гуфтанд, ки воқеан ҳам 3 феврали соли 2017 қоидаҳои ба хориҷа фиристондани кормандони соҳаи маориф, аз ҷумла омӯзгорон, профессорон ва дигар ҳайати муассисаҳои олии касбӣ таҳлилу баррасӣ шуд, аммо он ҳаргиз нақзи ҳуқуқи инсон, махсусан маҳдуд кардани шумораи устодону донишҷӯён, аз сафар ба хориҷи кишвар нест, танҳо танзими мусофирати онҳо, ки тибқи қоида амалӣ мегарданд, дар назар дошта шудааст. Ин санад набояд ҳамчун маҳдудият ва ё поймол шудани ҳуқуқи инсон ба мусофират ва озодии ҳаракат ӯ рабт дода шавад. - Қоидае, ки мо пешбарӣ кардем, се ҳолати асосиро фаро мегирад: симпозиум, идомаи таҳсил ва сафари хидматӣ. Бо кори шахсӣ ба хориҷа сафар кардани аҳли маориф ва илм предмети танзими қоидаҳое, ки қабул кардем, нест ва ҳаргиз намешавад. Ногуфта намонад, ки ҳангоми иҷрои дастуре, ки ба конфронс, таҳсил ва иштирок дар симпозиум, табодули академӣ аз донишҷӯ сар карда то сатҳи докторҳову профессорон вобаста асту амал мекунанд, то ҳанӯз ягон нафаре аз мо ҷавоби рад нагирифтааст. Тарафи дигари ин қоида аз он иборат аст, ки мо ҳама вақт мехоҳем манфиатҳои шаҳрвандони кишварамонро берун аз ватан низ ҳимоя кунем,-мегӯяд сардори раёсати равобити байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Камолзода. Гулҳаёи Мадимар |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.