Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

16-11-2021, 09:43
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БАРҚАРОРИИ СУЛҲ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин неъмат ва дастоварди беназири миллати кӯҳанбунёди тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро пас аз ба даст овардани он бо сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар, махсусан, бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳими хоҷагии мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик чӣ рӯзҳои сахту сангинеро дар солҳои 90-уми қарни гузашта паси сар кардааст. Ҳарчанд ки мо ҷавонони зодаи соҳибистиқлолӣ кишвар бошем вале аз саргузашти аҷдодони хеш набояд фаромӯш созем ва онро ба наслҳои минбаъда ёд оварем.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Тоҷикистонро фарогир буд ва куштору ғорат миллати тоҷикро дунболагир. Ин марзи аҷдодӣ замоне ба дасти нохалафоне афтод, зиндагӣ барои халқ тираву торик гашт, хандаи кӯдакон ба гиря табдил ёфт.
Мардум сарсону саргардон роҳи ҳазорсола тайнамудаи гузаштагони хешро гум намуданд. Падар писарро мекушту бародар хоҳарро.
Қисме аз шаҳрвандон роҳи гурезро ба давлатҳои ҳамсоя пеш гирифтанд. Дар ин рӯзҳои мудҳиш ҳазорҳо нафар бе хонаву дар монданд, миллати тоҷик талафоти зиёде дид ва зиёда аз 15 ҳазор нафар кушта шуда кӯдакон ятиму бесарпаноҳ монданд. Тоҷикистони воҳидро ба пораҳо тақсим карданд. Вале хиради азалӣ ва фарҳанги ғании миллати тамадунофари тоҷик ба қувваи бади ғолиб омад. Дар ин рӯзҳои даҳшатбор Худованд ба миллати дилшикастаи тоҷик чеҳраеро ба саҳнаи сиёсат овард, ки ба дарди миллат малҳам шуданд. Бо роҳнамоии марди хирад ва парвандаи Ваҳдату Сулҳ мардуми тоҷик аз оташи ҷанги шаҳрванди раҳоӣ гардид ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт.
Чун мо дар омад омади ин санаи муборак, яъне тавлиди давлати Тоҷикистони навин 16- ноябр қарор дорем, ҳеҷ гоҳ намесозем, ки 16- ноябр ин рӯзест, ки миллати парокандаи тоҷикро шахсияти барҷаставу оқил ва қавиирода Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам ҷамъ оварданд. Дар ин санаи муқаддас дар шаҳри бостонии Хуҷанд иҷлосияи тақдирсоз яъне Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Оллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Савганди Пешвои миллат содиқона буда Ватани ҷангзадаро ба гулистон табдил дод. Дар он рӯзҳои даҳшатбор Раиси Шӯрои Олии тоза интихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷон ба каф гирифта барои овардани гурезаҳои худ ба Ҷумҳурии исломии Афғонистон рафта тамоми гурезаҳоро ба Ватан баргардонданд.
6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Миллати тоҷик соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид, ки ин аз соҳибдавлатӣ ва ягонагии миллат далолат медод.
Бояд зикр намуд, ки 27- июни соли 1997 миллати тоҷик дар таърих саҳфаи наверо оғоз кард. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия бо мухолифини кишвар гуфтушунид намуда Эъломияи Истиқрори сулҳро ба имзо расониданд. Кабутари бахти тоҷикон имрӯз дар фазои софи беғубор парвоз мекунанд. Асоси ин ҳама хушбахти ва Ваҳдат шахсияти беназиру нотакрор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки миллати тоҷикро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо миллат ошно сохт.
Имрӯз зиёда аз 160 кишвари рӯи дунё Тоҷикистонро ба расмият мешиносанд ва ин ҳама аз хизматҳо ва талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ бо забони тоҷикӣ суханронӣ менамоянд.
Пас бояд гуфт, ки зиҳи Пешвои миллати тамадунофари тоҷикони рӯи дунё муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сад шукр, ки бар субҳи саодат бирасидем,
Бар ҷашни сарафрозии миллат бирасидем.
Аз дӯзахи сӯзони парешонӣ раҳидем,
Бар Ҷаннати раббонии Ваҳдат бирасидем.
Фархундаю поянда бувад давлати тоҷик,
Оянда намоянда бувад миллати тоҷик.

ОДИНАЗОДА МОҲИРА мутахассиси пешбари бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: