Ваҳдати миллӣ-моро ба ҳам овард21-04-2017, 11:37
Хабарро хонданд: 236 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи 20- солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар бораи талошу кӯшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳи тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёдрас мешавем. Баъди пароканда гардидани ҳокимияти Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд, ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангин, бадбинӣ, гурӯҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншинӣ рӯй дод, ки оқибат ба ҷанги гражданӣ оварда расонид.
Ҷангҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Баъзе аз мутахассисони варзидаи ватанию хориҷӣ тарки ватан намуда, дар фазои ноором даҳҳо ҳазор нафар дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ҳалок гардиданд. Бисёриҳо бе хонаву дар монда, манзили бештаре валангор гардида, ҳазорон нафар кӯдакону наврасон ятим, қариб як миллион нафар хонаву манзили худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шуданд. Ин ҳама дасисабозиҳо маҳсули дасти хоҷагони беруна буд, ки тавонистанд мардуми тоҷикро душман ва қотили якдигар созанд ва мақсадашон миллати куҳанбунёдро пора -пора карда бе ватан гардонанд. Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо райъи вакилон интихоб гардид ва бо қатъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буд: «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурӯъ накунем, ҳеҷ гуна кӯмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад ва то охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам, худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва дар ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам». Баъдан Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргардонидани гурезаҳо комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда, ба хоки Афғонистон фиристоданд ва онҳоро ба ватан баргардонданд. Дар ҳақиқат таърих гувоҳ аст, ки ин суханон амалӣ шуданд. Барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳамватанонамонро бовар мекунонд, ки ба ватан баргарданд, ватан обод гардида истодааст ва кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро медод. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро тассаввур намекард. Соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати конститутсионӣ таъсис ёфт ва фарзанди барӯманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати миллии тоҷикон интихоб шуд. Маҳз бо талошҳои пайвастаи ӯ мусолиҳаи миллй ва гуфтушуниди байни тоҷикон шуруъ шуд. Чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуд, дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гардид. Заҳмати Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба Сулҳ ва эҳёи Ваҳдати миллӣ шоистаи таҳсину қадрдонист. Маҳз он сиёсати оқилона, дурандешӣ, қатъият, садоқат ва сулҳхоҳии ӯ боис шуд, ки моҷароҷӯӣ ва нофаҳмиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ таъмин шавад. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ бирасем, онро эҳтиром кунем, аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо муҳофизат намоем. Давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти озуқаворӣ зина ба зина пеш меравад. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимой бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон таъмин хоҳад гардид. Самараи фазои мусоиди Ваҳдати миллӣ дар фаъолияти мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007, таҳти рақами 271 ба тасвиб расидани «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки дар доираи он ба мақсади баланд бардоштани мавқеияти ҳокимияти судӣ, таъмини мустақилияти судӣ ва қонунӣ будани қарорҳои судҳо, ки намоёнгари пойдории адолати судӣ мебошанд, чораҳои ҳуқуқӣ, сохторӣ ва амалӣ татбиқ шудаанд. Инчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011—2013» тасдиқ гардид, ки салоҳияти конститутсионии ҳокимияти судиро тақвият бахшид. Эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ ва Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Имрӯз моро ҳушёрӣ мебояд, ки ин санади тақдирсозро ҳифз намуда, ба қадри он расем. Қаҳрамонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, наслҳои ҳозира ва ояндаи тамаддунофари мо ин дастовардҳоро донанд ва аз он сабақ гиранд. Халқи тоҷик ҳамеша бо қалби пок, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ, меҳрубонию самимият умр ба сар бурда, минбаъд баҳри шукуфо гардонидани мулки аҷдодӣ сидқан ҷаҳду талош варзанд. Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ бояд бошад. Таҳмина Амирзода, судяи Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.