Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-11-2021, 09:13
Хабарро хонданд: 203 нафар
Назарҳо: 0
Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Чанд рӯз пештар аз пойтахти кишвари маҳбубамон – шаҳри Душанбе ба маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд як гурӯҳ меҳмонони олиқадр барои иштирок ва баргузории Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти унвони «Президент – кафили рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташриф оварданд. Меҳмононро кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо гулу гулдастаҳои тару тоза ва дар фазои тантанавӣ хубу хотирмон пазироӣ намуданд.

Худи ҳамон рӯз ҳайати меҳмонон нахуст аз маҷмааи “Дуои модар” боздид намуданд. Муҷассама бо иқдоми роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дар майдони саҳни фурудгоҳ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ва муҳаббату самимият нисбат ба модари тоҷик бунёд шуда, аввалин муҷассамаи бузург дар ин намуд арзёбӣ карда шудааст. Муҷассама бо пояаш 13 метр буда, баландиаш 6,7 ва пояи он 5,5 метррро ташкил медиҳад. Маҷмааи “Дуои модар” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7 октябри соли равон ифтитоҳ гардидааст.

Иштирокчиёни конфронс дар пояи муҷассама гулчанбар гузошта, акси хотиравӣ гирифтанд.

Баъдан бо мақсад мушоҳида намудани татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз корхонаи ҶДММ “Текстилимпекс” дидан намуданд.

Бояд қайд кард, ки масоҳати умумии коргоҳи истеҳсолии мазкур наздик ба 1 гектар буда, дар он биноҳои сехи истеҳсолӣ ва маъмурӣ бунёд шудааст. Ҳангоми ахнавсозии корхона тамоми биноҳои он бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни ботаҷрибаи маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру тарҷид карда шудааст.

Чӣ тавре ки роҳбарияти корхона иброз дошт, таҷҳизоти истеҳсолии корхона истеҳсоли Федератсияи Русия ва фаъолияти асосии коргоҳ истеҳсоли матои бахмал мебошад. Дар як шабонарӯз кормандони корхона дар се баст фаъолият мебаранд ва 120 метри мураббаъ матои хушсифати бахмал истеҳсол карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 30 июли соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нави мазкурро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин, ҳайати меҳмонон аз коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон дар шаҳри Хуҷанд, Осорхонаи таърихию кишваршиносии вилоят ва Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ боздид ба амал оварда, таассуроти нек бардоштанд.

Субҳи барвақти санаи 14 ноябри соли равон Қасри фарҳангии Арбоб шукӯҳу шаҳомати идона дошт.

Меҳмононро гулдухтарони қабои атлас ба бар бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд ва қабл аз баргузории конфронс онҳо аз Осорхонаи Қасри Арбоб дидан ба амал оварданд.

Сипас, кори Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори барҳавои Қасри сарнавиштсози миллат оғоз ёфт.

Дар конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Қурбон, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савридинова ва Ғайбулло Афзалов, собиқ муовини Сарвазир Руқия Атоева, муовини аввали сардори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Юнусова, муовини сардори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Хукумати кишвар Аҳмадзода Дилнозаи Даврон, олимону омӯзгорон, ҷавонони ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Конфронсро муовини Раиси ХХДТ Хайринисо Юсуфӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Мавсуф оид ба хидматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан намуд ва меҳмононро ба аҳли ҳузур муаррифӣ кард.

Сипас Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ба сухан баромада қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни умумимиллӣ нишонаи эътирофи умумихалқии ин шахсияти бузурги таърихӣ, эҳтиром гузоштан ба меҳнату талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ сафинаи давлатдориро беосеб пеш бурда истодаанд, мебошад.

Директори Маркази Исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдураҳим дар мавзӯи “Президент – поягузорӣ ислоҳоти ҳуқуқию маънавии ҷомеа” маърӯза намуда, шарҳ дод, ки эътиқоду эътимоди мардуми кишвар нисбат ба Пешвои миллат буд, ки дар интихобот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гирифтани 90-92 % овозҳо пирӯзиро ба даст оварданд.

Баъди маърӯзаи пурмӯҳтаво Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Идизода Файзалӣ Фузайлшо дар мавзӯъи “Нақши Президенти Тоҷикистон дар ташкил ва рушди бовусъати Парлумони касбӣ дар мамлакат” сухан намуд.

Ҳамчунин дар Конфронси мазкур маърӯзаҳои намояндаи доимии ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон, сафир Қозидавлат Қоимдодов дар мавзӯъи “Президенти Тоҷикистон – асосгузори сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва уфуқҳои байналмилалии кишвар”, маърӯзаи Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмиҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот дар мавзӯъи “Саҳми беназири Президенти Тоҷикистон дар рушди инноватсионии иқтисодиёт ва нерӯи инсонӣ”, маърӯзаи мудири шуъбаи масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ Зиёев Субҳиддин дар мавзӯъи “Сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва нақши Пешвои миллат дар густариши он”, шунида шуд.

Инчунин, иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савридинова ва Ғайбулло Афзалов аз таърихи баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, иброз доштанд, ки Эмомалӣ Раҳмон фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд дар муддати ниҳоят кўтоҳ системаи мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдориро эҳё намоянд.

Дар Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимону профессорон фаъолони ҲХДТ бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии ҲХДТ сарфароз гардиданд. Дар фарҷом баҳри болидахотирии иштирокдорони конфронс консерти идона дар иҷрои ҳунармандони маҳбуби вилояти баргузор гардид. Бо ҳамин Конфренсияи илмию амалии ҷумҳуриявии ҲХДТ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт, ки дар ёдҳову хотираҳо нақши муассир хоҳад гузошт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: