Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Неруи пешбарандаи ҷомеа

Неруи пешбарандаи ҷомеа

12-11-2021, 08:47
Хабарро хонданд: 147 нафар
Назарҳо: 0
   Неруи пешбарандаи ҷомеа

Идаае аз коршиносон ва олимони соҳаи журналистӣ андешаи он доранд, ки вобаста ба пешрафти технологияи комюторӣ ва шуҳрату эътимод пайдо кардани шабакаҳои иттилоотии интернетӣ, манзалати матбуоти даврӣ дар ҷомеа паст шуда, оҳиста - оҳиста рӯ ба нестӣ меорад.

Албатта, ин андеша то андозае ҳақикат ҳам дорад, аммо то ба ин нуқта расидан ҳамвора бояд мо роҳи дуру дарозеро тай кунем. Дуруст аст, ки бо мурури замон, бо сабабҳои гуногун чанде аз рўзномаву маҷаллаҳо рӯ ба нестӣ меоранд. Бо гузашти солҳо мо шоҳиди он будем, ки як замон нашрияҳое, ки байни мардум маҳбубияти баланд доштанд, аз фаъолият бозмонданд. Масалан солҳои 2015-2016 рӯзномаҳои ”Вечерний Душанбе” ва “Комсомолкая правда” бо сабаби буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, набудани реклама ва қиммат шудани чопашон баста шудаанд. Дар ҳамин ҳолат буданд дигар рӯзномаву маҷаллаҳое, ки умри дароз надиданд.
Ба назари банда баста шудани рӯномаву маҷаллаҳо агар аз як тараф таъсири иқтисодӣ бошад, аз ҷониби дигар бо сабаби муҳтавои паст доштану барои хонанда хоно набуданнашон мебошад.
Агар ин мавзӯро васеътар мавриди назар қарор диҳем, хонандаи муосир нигоҳ ва тафаккури пешрафта дорад ва на ҳар мавзӯи пешниҳодгардида ӯро қонеъ карда метавонад. Ҳастанд рӯзномаю маҷаллаҳое, ки муҳтавои паст доранд ва маводҳое ба нашр мерасанд, ки барои хонанда муҳимият надоранд. Чуноне, ки дар боло гуфтем маводи интихобшуда дар рўзнома бояд барои хонанда ҷолибият дошта бошад ва ин ҷолибият қабл аз ҳама ҳадафрас будани он, инъикоси дард ва мушкилоти ҷомеа шуда метавонад. Чунин таъсир ва шинохт дар асл омили асосии таъмини сатҳи матлаби худшиносиву худогоҳӣ ва муҳити солими иҷтимоӣ мебошад. Ин мазмунро устод ИброҳимУсмонов хеле рушан ва ихчам тарҳрезӣ кардааст: «дар ҷомеае, ки мо ба сар мебарем ду чиз муҳим аст: “аввало мавҷудияти масъалаи мубрами зиндагӣ, ки таваҷҷўҳ ба он ҷалб карда мешавад ва дуюм, услуби баён, ки он таъсиргузор ба раванди ҷомеа мегардад».
Аз ин рў, ба ин самти мавзуъ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад ва матбуот дар инъикоси масъалаҳои барои мардум муҳим, ҳеҷ гоҳ бояд худро канор нагирад. Муҳаққиқи рус Семёнов таъсир расондани матбуотро ба афкори мардум ба шакли зеррин тавсиф мекунад: «Матбуот силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигаре қиёс кард”. Ба ин тартиб қарнҳо ин ҷониб ҷомеаи башарӣ ба тарзи ҳамешагӣ ба алоқаю иттилоот ниёз дошт ва ин ниёзмандӣ тадриҷан боиси кашф гардидани шаклҳои мухталифи робитаҳои маънавӣ ва ташаккули воситаҳои иттилоотӣ гардид. Дар айни замон воситаҳои ахбори оммавӣ: матбуот, радио ва телевизион дар ин миён мавқеи хосе пайдо карда, дар давраҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ муҳимтарин масоили давру замонро аз як тараф инъикос, аз ҷониби дигар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст.
Воситаҳои ахбори омма тадриҷан ҳокимиятро ба халқ ва халқро ба ҳокимият пайваст менамоянд. Ин аст, ки онҳо чун як соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ эътироф шудаанд. Маҳз ҳамин аст, ки журналистикаро неруи пешбарандаи ҷомеа меҳисобанд. Ҳамчунин нақши журналистика дар пур кардани фазои иттилоотӣ ва фарҳангӣ хеле босазо аст. Зеро бидуни огоҳӣ аз навигариҳои рўз, бидуни ѓанӣ гардонидани донишу таҷриба ҷомеаро пеш бурдан ѓайри имкон мебошад. Зеро матбуот василаест, ки бо иттилооти худ мардумро ба сўи пешрафт ва корҳои нек даъват мекунад. Агар ин иттилоот ѓайри воқеӣ бошад, мардум гумроҳ мешавад. Ба таъбири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Имрўз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озод ва демократии мо буда, ба таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзўъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад». Бале, интихоби дурусти мавзуъ, возеҳбаёнӣ, инъикоси ҳақиқат метавонад таваҷҷуҳи хонандаро зиёд намояд ва нашрия дар назди мардум маҳбубият пайдо кунад.
Акнун мехостам чанд андеша роҷеъ ба таъсири матбуот дар раванди бунёдкорӣ ва рисолати он дар ҷомеа иброз дорам. Дар ҷомеаи муосир матбуот дар инъикоси ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маърифтатии мардум мақом ва манзалати махсус дорад. Албатта, дар ҷомеаи кунунии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма новобаста аз шакли моликияташон барои иттилоот додан ба хонанда саъю талош мекунанд. Агар ба равзанаи таърих назар афканем, дар низоми коргузориву корбарӣ ва таѓйири масоили баҳсбарангез матбуот нақши калидӣ доштааст. Ба ҳар ҳол бояд гуфт, ки матбуот дар ҷомеаи кунунӣ ба ҳар навъе набошад рисолати худро то андозае ба итмом расонда истодааст. Аз рўи самти инкишоф ва марҳилаҳои таърихӣ, хатти инкишофи матбуот ва расонаҳои хабарии мо дар ҳама давру замон баҳри инъикос намудани масъалаҳои рўзмараи ҳаёти мардум кўшиш кардаанд. Ҳамин аст, ки рисолати бузурги воситаҳои ахбори омма қаблан аз ҷониби донишмандону соҳибназарон таъкид гаштааст. Ин нукта ҳангоми ба миён омадани аввалин рўзномаи тоҷикӣ бо номи «Бухорои шариф» (с.1912) аз ҷониби дастандаркорони нашрия таъкид шуда буд. Ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «Матбуот солномаи таърихи миллат аст». Агар имрўз аз ин дидгоҳ ба матбуот назар кунем мебинем, ки то чӣ ҳадде ин масоил пайгириву баррасӣ шуда истодааст. Аз ин рў кўшишҳои бархе афрод, ки мехоҳанд саҳми матбуотро дар инъикоси раванди бунёдкорӣ нодида бигиранд арзиш надорад.
Агар бори дигар ба равзанаи таърих назар афканем мебинем, ки аз нашри нахустшумораи «Бухорои Шариф» масъалаи бунёдкориву созандагӣ зери назари рўзноманигорон қарор доштааст.
Дар ҳама давру замон маҳз қаламкашон инъикосгари тамоми некиву накукорӣ, пешравиҳои ҳукумати кишвар ва баррасикунндаи мушкилоти рўз буда, тамоми дастовардҳои кишварро ба омма мерасонанд. Яъне онҳо пуле мебошанд миёни давлату миллат. Бояд гуфт, ки хонандаи имрўз хел зираку доно ва таҳлилгарӣ хуб аст. Тамоми он нигоштаҳое, ки имрўз ҳамқаламони банда, тариқӣ ВАО-и кишвар ба омма пешниҳод менамоянд, аз ҷониби хонадагон баробари мутолиа баррасӣ низ мегарданд. Мавриди зикр аст, ки тамоми нигоштаҳои қаламкашон дар матбуот ва дигар ВАО ба риштаи таҳлил кашида шудаанд, ки қобили қабули хонандагон гардидаанд. Эҷоди онҳо дар дили хонандагон эътимоду эътиқодро нисбат ба имрўзу фардо қавӣ гардонда, ҳидоятгарӣ онҳо ба фардои нек мешавад.

Т.Орифӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: