Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДИДАИ ДАРД Андешаҳо перомуни китоби тозанашри шоири дардошнои тоҷик Гурез Сафар “Дидаи дард” Душанбе “Шарқи Озод” 2021

ДИДАИ ДАРД Андешаҳо перомуни китоби тозанашри шоири дардошнои тоҷик Гурез Сафар “Дидаи дард” Душанбе “Шарқи Озод” 2021

10-11-2021, 09:33
Хабарро хонданд: 498 нафар
Назарҳо: 0
ДИДАИ ДАРД Андешаҳо перомуни китоби тозанашри шоири дардошнои тоҷик Гурез Сафар “Дидаи дард” Душанбе “Шарқи Озод” 2021

Шеър меваи андеша ва зангулаи эътибори қаламдорони хиттаи фарҳанг ва ҳунари эҷоди бадеии ҳар як қавму соири миллатҳои олам буда, нишоне аз тамаддуни башарӣ мебошад. Дар қаламрави эҷоди бадеӣ миёни соири кишварҳои олам дар олами соноеи шеъри форсии тоҷикӣ ва ё тоҷикии форсӣ, аз қарнҳои ҳашт ва нуҳи милодӣ аз замони Рўдакии Самарқандии хонадони Оли-Сомон то ба аҳди нави бунёдгузори адабиёти навини тоҷик устоди зиндаёд, қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ соҳиби ҷойгоҳи хоса буда, эътибораш дар ин қаламрави пуровоза хеле баланд будааст. Охири садаи пуршўру пур аз валвалаи ҳаждаҳи милодии гузашта, як иддаи бузурги қаламкорони хиттаи пурэътибори эҷод аз муҳаққиқ ва олими барҷаста, адиб ва риёзидони машҳури тоҷик устод Аҳмади Дониш, шоири шаҳир ва хушкаломи қаламрави шеъри навини бедории миллӣ Шамсиддин Шоҳини Кўлобӣ, Мунзим, Савдо, Ҳайрат, Саҳбо, Мирзо Содиқи Муншӣ, Рафеъ ва даҳҳои дигарон эътибори шеъру шоири тоҷикро то ба арши эътибор расонида, ин шуҳрату шон бо баракати тазкираи пурэътибори «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устоди зиндаёд Садриддин Сайидмуродхоҷаи Айнӣ ба мо ба ёдгор мондааст. Бинобар таъбири шоири шаҳири зиндаёди замони нави адабиёти форсии тоҷикӣ устод Лоиқ: «Баски коми тоҷиконро бо сухан бардоштанд…» киштзори сарсабзи ҳамешабаҳори реша дар оби шеъри ноби тоҷикӣ дар нашъу нумуъ буда, садҳо шоиру нависанда ва адибони хушзавқро рўйи майдони ҳунари эҷодӣ оварда, ин эътиборро то ба арши барин расонидаанд. Қаламкорони роҳи пуршебу фарози суханварӣ бо фотеҳаи адибони номбардори миллати қаҳрамонофари достонангези тоҷик устодони зиндаёд Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Фазлиддин Муҳаммадиев ин боғи сарсабзи ҳамешабаҳори маониро бо ҳазор орзуву ормон то бад-ин аҳд расонидаанд. Охири солҳои ҳаштодуми садаи гузашта, як зумра адибони ҷавони хушқалам ва рушанзамиру бедордили тоҷик устодон Низом Қосим, Рустам Ваҳоб, Гурез Сафар, Маҳмадалӣ Аҷамӣ, Абдулқодири Раҳим, Фарзона, Сиёвуш, Салими Хатлонӣ, Озар, Озарахш бо фотиҳаи пирони каломи бадеӣ устодони зиндаёд Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Ашур Сафар, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Сафармуҳаммад Аюбӣ рўйи майдони ҳунари эҷод омада, бо ашъори ботароват ва пурмазмунашон миёни хонандагони тоҷик ва қаламрави шеъри нави форсии тоҷикӣ соҳиби эътибори баланд гардиданд. Дар ин миён, адиб ва донишманди шинохтаи тоҷик Гурез Сафар бо ашъори рангинаш ин боғи маъониро ҳусну қубҳи тозае бахшид. Қаламроҳи эҷоди ин адиби хушқаламу донишманд охири солҳои ҳаштод ва оғози солҳои навадуми садаи гузашта миёни аҳли сухан соҳиби мавқеъ ва мақоми арзишманд гардида, ашъори рангинаш чун падари донишманду хушқаламаш бинобар таъбири устод Лоиқ: «Пири ҳакимону суханварони Кўлоб «Шоири халқии Тоҷикистон» устоди хушкаломи зиндаёд Ашур Сафар зуд дар қалби ташнагони суханони ноб ҷой гирифта, эътибораш ҳамчун шоир дар қаламрави шеъри форсии тоҷикӣ саҳиби ҷойгоҳи хоса буда, шеърҳояш соҳиби эътибори баланди адабиву бадеӣ мебошанд.
Ҳаҷву мутоиба ва лутфу латоифи шоирона дар ашъори Гурез Сафар хеле нишонрас буда, муҳаббат ва самимияташ ба Ватан ва арзишҳои миллӣ ифодагари тиннати поки ў мебошад. Китоби ба тозагӣ ба дасти хонандагони сершумор ва муштоқони ашъораш расидаи «Дидаи дард» ифодагари ин ҳама гуфтаҳо буда, шояд беҳтар он бошад, ки аз рўйи муҳаббат ва самимият ва инсофу адолат вориди ин боғи бо ҳазор ранҷ парвардаи ў бигардему аз меваҳои шаҳдбораш коми худ ширин намуда, дидаи дарди ўро бо чашми дил бихонем. «Дидаи дард» -ном гузоштани ин маҷмуаи ашъори шоир воқеият буда, на ба хотири шикоят ва ё таъну маломати касе номгузорӣ шуда бошад, балки дард ва ранҷи шоире мебошад дар бистари беморӣ чанд сол боз ранҷ мекашад. Дарди Ватан, дарди шеър, дарди ватандоре, ки барои ободиву сарсазбии ин кишвар ҷоннисор мебошад, дарди ёроне, ки замоне паҳлуи ў нушбод мегуфтанду ўро гули сари сабади эътибори дўстиву бародарӣ номаш мебурданд, дарди ёру бародар, модари мушти пар ва падари номдору нондори пурэътибори қаламрави шеъри тоҷик, ин ҳама дардҳо чанд сол боз тану ҷон ва ҷуссаи паҳлавононаи аҷдодии ўро дар бистари ранҷҳо мехкубаш намудааст. Шеъраш пайки матонату қаҳрамонӣ ва ватанхоҳиву ватандорӣ буда, васфи сарсабзӣ ва шукуфоии Ватан, хидмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат ва фарзандони содиқи Ватан мебошад. Ин ҳама меҳру муҳббат ва самимият бо Ватан барои шоир Гурез Сафар аз хонадони покмаҳзари шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии Рўдакӣ устоди зиндаёд Ашур Сафар сарчашма гирифтааст. Ногуфта намонад, ки устод Ашур Сафар аз аввалин қаламдорони кишвар будааст, ки мақдаи нахустини сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мақоми Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст гом гузоштанаш ва пайи сулҳу ошноиро бар гўши ҷони мардуми кишвар расониданаш рўзҳои охири моҳи ноябри соли 1992 пуштибонӣ намуда, дар ин рўҳия тамоми хонаводаашро тарбият намуда, ниҳоли ормонҳои шоир ҳамакнун ба дарахти пурбору пурбаракати умри сисолаи истиқлолият расида. Яъне ин хонадони саршор аз меҳри Ватан ва муҳаббату самимияти ватанхоҳона бунёдгардида, садоқат бар Ватан ва Пешвои муаззам, ифтихори ирсии онҳо мебошад. Яъне шоире дардошнову донишманд аз мактаби бузурги касбии фарҳанги миллии классикии форсу тоҷик хеле баҳраҳо бурда, факултаи филолгиияи Донишгохи ягонаи миллии Тоҷикисон дар роҳи омўзишҳои фанни шеър ва адабиёт бар ў сабақҳои зиёди корӣ додааст. Шеъри шоири донишманд Гурез Сафар борҳо дар ҳалқаҳои касбии адабиётшиносӣ аз ҷониби доираи васеи муҳаққиқону донишмандони риштаи адабиёти форсу тоҷик соҳиби баҳои баланд гардидааст. Сафаҳоти рангини тадқиқотҳои адабиётшиносӣ дар риштаи каломи мавзун аз шеър ва ҳунари нигоришаш гузоришҳои зиёд манзури хонандагон гардонидаанд, ки барои адабиёти тоҷик манфиатовар мебошанд. Китоби «Дидаи дард», ки аз ҷониби нашрияи пурэътибортарини давлатии кишвар «Шарқи озод» ба тозагӣ рўйи чоп омадааст, фарогири 288 шеъри шоир буда, 63 шеъри ҳаҷвӣ, 90 рубоӣ дар мавзуҳои гуногуни иҷтимоӣ, 12 рубоии наврўзӣ, 7 дубайтӣ, 20 шеърпора, 31 шеъри рўз ва 65 ғазал иборат буда, ин маҷмуаи шоир миёни хонандагони зиёди ашъораш соҳиби эътибори баланд гардидааст. Ҳамакнун, вориди ин гулбоғи пур аз накҳати ормонҳои миллӣ гардида, садои қалби саршор аз муҳаббат ва самимият ба Ватан доштанро ба гўши ҷон хоҳем шунид:
Гарди раҳи ту ба дидаҳо мемолам,
Аз авҷу барори ту, Ватан меболам.
Ободии чун ту ҳама истиқлол аст,
Аз ҷону дилам восифи истиқлолам.

Ин ободӣ на аз ҳаво омадааст,
Аз раҳму аз доди Худо омадааст.
Аз бахти баланд Пешво моро дод,
Яъне ки зи азми Пешво омадааст.

Бинвисам агар ҳарфи дилам бо сухане,
Ҳамчун ватанам нест ба олам ватане.
Паймоншикан будам агар рўзи хушаш,
Дар рўзи бадаш набуда паймоншикане.


Ва ҳамин 7 пора абёти саропо саршор аз меҳру муҳаббати шоир ва матонату ҷасорати ватандориаш хонандаро ҳамнишини қалби поки ватандоштааш намуда, ўро водор месозад, ки ин ҳама дастовардҳои бо заҳмату ҷонисориҳои Пешво ва мардуми таърихофари достонангези Тоҷикистони азиз бадастовардаро дар баҳои хону мони хеш мебояд ҳифозат кард. Ҳифз ва муқаддас нигоҳ доштани ин марзу бум қарзи шаҳрвандии ҳар як бошандаи ин марзу бум буда, роҳи ягонаи наҷоти кишвар аз вартаи ҳалокати нестӣ баҳамоӣ ва иттиҳоду якпорчагии тамоми бошандагони кишвар мебошад. Бо санг задан ба ормонҳои созандаи мардумони кишвар аз беруни дар ва бо васвоси душманон садо баланд намдудан аз рўйи ниқору кина шарти ватандорӣ набуда, бо ҳам, паҳлуи ҳам, ҳамҷоя дарди ватандориро мебояд кашид. Таъбирҳои мардумии «гарди роҳ», «авҷу барор», «аз ҷону дил васф намудан», «восифи истиқлол», «ғайбату бедодгарӣ», «кўрдилӣ», «бебасарӣ», «ободкорӣ», «азми Пешво», «паймонашикан», «паймоншикан», «чаппа пўшидани пероҳан», «ранҷуру дилафгорӣ», «санг задан аз ҷаҳолат ва кўрдилӣ»-и ба абёти дар воқеъ пур аз дарди ватандории шоир, обу ранг ва тароввату накҳату назокат бахшида ҳамчун таъкид ба ҳарорати баланд, рўйи саҳфа омадаанд. Чун дарди ватанхоҳӣ бо ҳама мушкилиҳои рўзгор ва дардмандӣ вуҷуди шоирро ором намегузорад. Ў чун ҷадди бузургвор ва падару модари меҳрпарвараш дилаш барои ин марзу буми аҷдодӣ месўзад. Иттиҳоду якпорчагӣ, бо ҳам будану ҳамзистиву осудагии кишварро дар муттаҳидиву якпорчагӣ мебинаду заҳматҳои созандаву ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллатро пойдевори ободии кишвар медонад. Ҳамин муҳаббат ва самимияташ ба Ватан ва созандагони он сари ҳар сатри иншогаштааш дар қолаби поки хонандагон муҳаббат ва созандагиро ба Ватан бештару бештар менамояд. Ва шояд ҳамин бошад, ки ашъори пур аз матонату ҷасорати ватандориаш дар бисёре аз мақолаҳои таҳлилии иҷтимоии истифода гардида, бар он мақолаҳо обу ранги бадеӣ бахшидааст. Бисёре аз шеърпораҳояш зиннатбахши лавҳи китобхона ва кохҳои фарҳангу маърифати мардум гардидааст. Хеле бо маврид медонам, ки аз як шеъри самимӣ ва пур аз муҳаббату садоқати ватандорӣ иншонамудаашро, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ёдоварӣ намуда онро манзури дилу дидаи хонандагон қарор бидиҳад:
Осон набувад ба дай баҳор овардан,
Ё рўшание бар шаби тор овардан.
Бар қалби зи ҳузн беқарори мардум,
Осоишу шодиву қарор овардан.
Бар зини саманди орзуву ормон,
Афтодаи зорро савор овардан.
Шоир ба самимият ва садоқати ватандорӣ ба диди баланди идроки мардумӣ, фаъолияти мардумнавозӣ ва ватансозии Пешвои муаззами миллатро мавриди ситоиш қарор дода, заҳматҳои ватанхоҳонаашро хеле самимӣ рўйи сафҳа овардааст. Ҷаҳду талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи сулҳу якпорчагӣ бар қалбҳои ҳазину сарди мардум шодиву фараҳ ва гармиву нуру зиё бахшида, бар дили ҳазорон ноумедгаштагон сафо бахшид. Роҳи дуру дарози гармиву сардии сулҳу якпорчагӣ пушти сар намудааш, ба ў неруву тавонмандӣ бахшида, эътиборашро мисли мардум бештару бештар гардонид. Дар миёни хокистари ормонҳои миллат афрўхтани гулхани ҷовидони эҳиёи ориёи бостон номи покашро дар равоқи тиллоии таърих сабт намуд ва ҳамин абармарди таърихи навини давлатдории тоҷикон миллат ва давлати дар вартаи ҳалокат қарордоштаро ба ҳам овард. Ҳамин матонату қаҳарамонӣ ва мардумсолориву ватансозии Пешво, дар ашъори шоир соҳиби ҷойгоҳи хоса мебошад. Ашъори ҳаҷвии шоир, ки хеле нишонрас рўйи сафҳа омадаанд, гулбоғи маонии шоирро тароввати хоса бахшидааст. Шеърҳои «Киштии яғмо», «Аз номи хорпуштак», «Мапурс», «Дўст», «Ғалат нест», «Бо дурўғу фиребу воҳима», «Аловмон», «Дур аз шеър», «Шеър дар занҷир», «Ту кистӣ, ман кистам?», «Овоз», «Зиндагӣ душвор шудааст», «Безавол», «Соз нагардем», «Шуҳратпараст», «Ҷураҳо»-ро метавон ба сурат ва сирати шахсиятҳое ном бурд, ки бо ҳиллаву макр миёни мо фаъолият намуда, садди роҳи ҷамъият мегарданд. Бо хушомад ва тамаллуқ то ҷое миёни мардум мавқеъ ёфта, аз ин мавқеи ба макру ҳилла ба дастовардаашон, суистифода намуда, айши мардумро талх месозанд. Шоир, ки замоне сармуҳарририи моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак»-ро бар дўш дошт ва каму костиҳои ҷамъиятро фошо-фош мегуфт, миёни хонандагони сершумор соҳиби эътибор ва ҷойгоҳи хоса мебошад. Ва ашъори ҳаҷвияш мисли падари шоиру донишмандаш миёни хонандагони ҳушманд соҳиби мақоми пурарзише мебошад.
Ў, ки дар мақомҳои гуногуни адабиёт ва фарҳанг ва олами эҷод ифои вазифа намудааст, бо аҳли қалам ва калом паҳлу ба паҳлу фаъолият намуда, аз дарди адиб ва эҷодкор хеле бохабар мебошад. Ранҷу заҳмати аҳли қалам ҳамеша ҳамнишинаш буда, дунёи эҷодкорон сарманшаи эҷодаш мебошад. Аз амалҳои зишти баъзе аз носирону нозимоне, ки бо роҳи қаллобӣ ва фитнарезӣ рўйи дастгоҳи ҳунар омада, садди роҳи эҷоди суханварони воқеи мегарданд, хеле ранҷ мекашад. Роҳи халоси аз ин нотавонбунёдҳоро дар ғарқ шудан дар олами маонӣ мебинанд. Шеъри “Гурез”, ки ҳамвазни номи поки ў мебошад, ба хотири халосӣ аз он бадгуҳарҳои ҳарзагў рўи сафҳа омада, ифодагари ҳама дардҳои рўхии шоир мебошад.
Аз ҷаҳолат номи манро кам магир,
Баски номам ҳаст номи тоҷикӣ.
Модарам бо сад ҳавас бинҳодааст,
Номи манро аз каломи тоҷикӣ.

Аз ҳамон рўзе ба дунё омадам,
Ман Гурезам ман Гурезам ман Гурез.
То занам бо пайраҳи некон қадам,
То шавам як умр аз ту дар гурез.

Мекунам ҳар ҷо, ки бошам ман ҳазар,
Аз туву тувори зотони касиф.
Ошноие надорам бо шумо,
Баски мебошам ман аз зоти шариф.

Бо ҳама дард ва сўзу созҳо ашъори шоири дардошно дар қаламрави шеъри тоҷик соҳиби мавқеъ ва мақоми баланд буда, хонандаро дар рўҳияи ватанхоҳиву созандагӣ тарбият намуда, саҳмгузорӣ иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат дар эъмори як ҷомеаи башарӣ мебошад. Яъне «Дидаи дард» ифодагари ҳама ормонҳои созандаи шоир буда, туҳфаи хубе ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: