Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Афғонистон аа Хуросон...

Афғонистон аа Хуросон...

4-11-2021, 09:27
Хабарро хонданд: 1737 нафар
Назарҳо: 0
Афғонистон аа Хуросон...

Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,
Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон.
Носири Хусрав
Дар ҳақиқат, баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рўи кор омадани сулолаҳои бегонатабор, на танҳо аҳволи Хуросон, балки аҳволи Мовароуннаҳру Эрон низ дигаргун гашт ва қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ дар ин сарзаминҳо ба дасти бегонагон афтод ва мардуми бумии ин сарзаминҳо, соҳибони ҳақиқии ин се минтақа–Эрону Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва форсҳо) дар ҳолати гурезагӣ умр ба сар мебурданд, зеро давлати миллии худро аз даст дода буданд. Носири Хусрав, ки аҳли Хуросон (тоҷик-форс) буд, аз дасти Ғазнавиён, ки бо баҳонаи рофизию қарматию муътазилӣ тоҷику форсро мекуштанд, гуреза шуд, ғурбат гузид ва ба ифшои ин бегонагони ситамгар, ки давлати миллии моро аз байн бурдаанд, пардохт ва сиёсати истилогаронаи Маҳмудро, ки ба номи дин амалӣ мекард, маҳкум намуд:
Ном ниҳӣ аҳли илму ҳикматро,
Рофизию қармативу муътазилӣ.
***
Он, ки ба Ҳиндувон шуд, яъне ки ғозиям,
Аз баҳри бардагон, на аз баҳри ғазо шудаст.
Аз ҳамин давра аҳли Хуросон (тоҷикони Афғонистони имрўза, соҳиби аслии ин сарзамини ориёиҳо-Ҷ.С.) дар ватани худ овораю ғариб гардиданд, ба кўҳу дараҳо роҳ гирифтанд, аз як гўша ба гўшаи дигари Эронзамин ва берун аз он панаҳ бурданд, зеро, ба қавли шоир:
Оқилонро дар ҷаҳон ҷое намонд,
Ҷуз, ки дар кўҳсорҳои шомихот.
Ва:
Куҷо бошад маҳал озодагонро дар чунин вақте,
Ки бар ҳар гоҳеву тахте нишаста миру мавлое.
Хулоса, мардуми Хуросонзамин ва аҳли он баъди фурўпошии давлати миллии Сомониён дигар дар тўли зиёда аз 1000 сол рўи оромишу осоишро надиданд, ки надиданд, зеро кишварашон ба майдони набарди султонону амирону шоҳони бегона ва задухурдҳои мазҳабию динии қавмҳои ҳоким табдил ёфт ва аҳолиаш қатлу кушта гардид, рў ба фирор овард, овораю саргардон шуд, хору зору забун ва зери пои ин ҳокимони бегона монд. Яке аз эшон Носири Хусрав буд, ки бо ҳасрат мегуфт:
Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,
Гўӣ, забун наёфт зи гетӣ магар маро...
Бадбахтона, қавми шикастхўрдаву мазлуми тоҷик баъд аз асорати Ғазнавиёну Темуриён боз ба чанголи афғонҳо афтид. Аҳмадшоҳи Дурронии пушту сиёсати бадтар аз атрокро пеш гирифт ва як давлати қавмии пуштутаборро ташкил кард. Ба қавмҳои дигари ин сарзамин муносибати душманонаро роҳандозӣ намуд ва ба нобуд кардани онҳо иқдом кард... Баъдан, афғонҳо (пуштуҳо) ба воситаи ҳизбсозӣ ва билкул исломсозии кишвар боз ҳам бештар ба тазъиқу фишори ақвоми ғайрипушту пардохтанд, вазифаву мансабҳоро байни ҳамқавмону хешу табори худ тақсим намуданд ва тавассути равшанфикрони худ (Маҳмуди Тарзӣ…–Ҷ.С.) дар як муддати кўтоҳ забони пуштуро ба масобаи забони давлатӣ дар баробари забони форсии дарии тоҷикӣ дар кишвар боло бурданд ва расмияту мақом бахшиданд. Ба ҳарфи дигар, на танҳо аҳли сиёсат, балки аҳли илму адаб, ки аз қабоили мухталифи пушту буданд ва ба забони мо эҷод мекарданд, пинҳону пайдо барои мустаҳкам кардани қудрату нуфузи сиёсиву иҷтимоии давлати афғониасоси худ ба хидмат пардохтанд. Онҳо хеле устокорона на танҳо ба фарҳангзудоӣ, балки ба миллатзудоӣ, бехотира кардани қавмҳои ғайрипушту, аз ҷумла тоҷикон, машғул шуданд, ки дар таърих назир надорад, яъне эшон на танҳо номи кишварро, ки аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ аз Хуросон ба Афғонистон (ба номи қавми худ) табдил дода буданд, иктифо накарданд, балки тамоми аҳолии ин кишварро афғон хонданд. Мардуми соддаву бечораи ғайрипуштуи Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон-соҳибони аслии ин сарзамин ҳам, бе он ки ба ин ҳилаи шаръиву сиёсии онҳо пай бибаранд, худро афғон хондан гирифтанд ва ба дастони худ аз ҳувияти миллии худ даст кашиданд. Ҳатто як бор фикр накарданд, ба гўшаи хаёлашон ҳам наомад, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ афғон нестанд, балки афғонистонианд, қаблан хуросонӣ ва аз рўи мантиқ худро бояд на афғон, ки ба қавми пушту ихтисос мегирад, балки афғонистонӣ ё халқи афғонистон хонанд ва муаррифӣ намоянд, аммо, ба қавли шоир:
Хибрат омад далели огоҳӣ,
Ҷаҳл бурҳони нуқсу гумроҳӣ.
Гузашта аз ин, сиёсати динии кишвар ба ҳадде қавмҳои соддаи ғайрипушту, аз ҷумла тоҷиконро фирефтаи худ карда буд, ки онҳо дар пурсиш миллаташонро пинҳон медоштанд, худро мусулмон, кобулӣ, ҳиротӣ, балхӣ, бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷик намегуфтанд. Онҳое ҳам, ки аз қазия андаке бохабар буданд (равшанфикрон дар назаранд–Ҷ.С.), аз тарс маҷоли ошкоро аз миллати худ хабар доданро надоштанд, зеро онҳоро қавмгароёни соҳибдавлат, ки қудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд. Намунаи боризи ин гуна нобудкунии равшанфикрон Тоҳири Бадахшӣ буд, ки тўъмаи қавмгароёни пушту гардид. Албатта, дар ин бора нақлу ривоятҳои зиёд аст, ҳатто дар бархе аз китобҳо низ дар ин бора маълумот дода шуда буд, аммо бефоида, зеро қудрат дар дасти пуштуҳо буд, ҳарфи аввалро онҳо мезаданд ва ҳоло ҳам мезананд. Дар ин бора, гуфтори муаллифи китоби «Дар хизмати маорифи Афғонистон» Муҳаммадуллоҳи Лутф қобили хондан аст, ки мегўяд: «Тоҳири Бадахшӣ зодаи Бадахшони Афғонистон аст. Фарзанди баору номуси миллати тоҷик аст. Ў ҳанўз дар замони таҳсил дар Пуҳантуни (донишгоҳи) Кобул бо фаъолияти инқилобӣ машғул мешавад ва бо ҳаммаслакон, мисли Бабрак Кормал, Абулқодир, Анаҳито, Коваи Ҳиротӣ, Нурмуҳаммад Таракӣ, Бунёдӣ, Панҷшерӣ мепайвандад. Айни замон, дар мамлакат се ҳизби нисбатан бонуфуз амал мекард. Ҳизби парчам (роҳбараш Б.Кормал), Ҳизби халқ (роҳбараш Н.Таракӣ) ва Ҳизби заҳматкашони Афғонистон (роҳбараш Тоҳири Бадахшӣ). Шоҳидон нақл мекунанд, ки дар замони ҳукмронии Довуд ин се ҳизб ва боз чанд ҳизбҳои майдаи дигар дар боғи Зарнигор ҳар кадом дар гўшае ҷамъ меомаданд, ҳамоиш (митинг) ташкил мекарданд ва ҷониби қаср нигариста, шиорҳо мепартофтанд. Чун мебинанд, ки фаъолият натиҷабахш нест, ҳамон се ҳизб таҳти номи умумии «Ҳизби халқӣ-демократӣ» муттаҳҳид мешаванд. Дар ҳамин вақт Ҳафизуллоҳ Амин, ки дар Амрико буд, аз ҳамон ҷо ариза равон карда, хоҳиш мекунад, ки ўро ба сафи аъзои Ҳизби халқӣ қабул намоянд. Ягона шахсе, ки муқобил овоз медиҳад, Тоҳири Бадахшӣ буда ва ў далел ҳам дошт, ки Ҳ.Амин ҷосуси амрикоиҳост. Ин ҳақиқати ҳол ба гўши Амин расида буд ва ў пайт мекофт. Ва ин пайти мувофиқ расид: Инқилоби Савр ғалаба кард ва Ҳ.Амин бо макру ҳила худро ба Н.Таракӣ наздик карда, ба боварии ў даромад. Азбаски ба хуни Тоҳир ташна буд, ўро душмани халқ эълон карда, рўзи 13 августи соли 1978, ки бо ду нафар мушовир ҷониби Ҳирот мерафт, бо баҳонае дастгир карда, ба Кобул оварданд. Бе ягон суду маҳкама муддате чанд дар таҳхонаи бинои шаҳрволӣ, ки волии он бародари Ҳ.Амин–Асадулло Амин буд, нигоҳ дошта, ниҳоят ду бародарон сари одами зиндаро футбол намуда, ваҳшиёна куштанд. Ба ифодаи дигар, Амин, ки ваҳшӣ буд, ваҳшиёна рафтор намуд. Ҳаммаслакон ҳар қадар кўшиш карданд, ки зинда ё мурдаашро ёфта, инсонвор ба хок супуранд ва ё фотеҳа бигиранд, наёфтаанд. Танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани Бабрак иҷоза шуд, ки фотеҳа бигиранд».
Афғонистон аа Хуросон...
Дар бораи кушта шудани яке аз муаллифони китоби «Алифбо», як тоҷики хоксору сода, нодону камбағал, аммо донишманди Афғонистон, ҳамин муаллиф чунин мегўяд: «Банда дар нашри якуми «Алифбо»-и забони дарӣ ному насабамро ҳамчун муаллиф нанавиштам (аниқтараш, Сафорати Шуравӣ иҷозат надод). Аммо дар нашрҳои дигар «Муҳаммадуллои Лутф» муаллиф аст. Бо як азоб Абдулғаффори Раҳилро ҳамчун муаллиф омода намудам ва гаштаю баргашта таъкид намудам, ки мо ин ҷо доимӣ нестем. Шумо бояд ин санъатро омўзед, «Алифбо»-ро соҳибӣ кунед ва минбаъд такмил диҳед. Бо ҳамин орзуи нек, 10 июни соли 1979, рухсатии меҳнатӣ гирифта, сўи Душанбе парвоз кардам. Ба ҷои 32 рўз 40 рўз гашта, баъд ба Кобул баргаштам. Бинам, Раҳил дар ҷойи кор нест. Рўзи дигар ҳам наомад. Пурсидам, касе чизе намедонад. Ниҳоят, фаҳмидам, ки сиёҳпўшон (ҷаллодони Амини пушту-Ҷ.С.) омада: «Шуморо барои чанд дақиқа мебарем» гуфта, бурдаанд. Ва ин воқеа пас аз як рўзи рухсатӣ рафтани банда рўй додааст. Зуд сафорат рафтам, ки пушт ва паноҳи ҳамаи шаҳрвандони СССР буд. Воқеаро арз кардам, он ҷо ваъда доданд, ки меҷўем, ба шумо хабар медиҳем. Баъди се рўз намояндаи сафорат худаш вазорат омад, маро ба дафтари мушовирин даъват кард ва гуфт: «Мы опоздали, Рахила больше нет. Ты этими вопросами незанимайся. Это их дело». Бовар мекунед ё на, Раҳил (ҷояш ҷаннат бошад) ҳатто мўрчаро намеранҷонд. Ба касе ва чизе кор надошт. Як тоҷики хоксору сода, нодору камбағал буд. Табъи шеъргўӣ ҳам дошт…». Воқеан, дар бораи аҳволи бади тоҷикони ин кишвар устод Муҳаммадуллоҳи Лутф дар бахши «Таваққуф дар таълифи китобҳои дарсӣ» чунин менависад: «Аз ёру ошноҳо пурсида, ҷустуҷў карда, бо чанд азобе шуъбаи дариро мукаммал карда будам. Восифи Бохтарӣ, Абдураззоқи Рўйин, Пўйёи Форёбӣ, Халили Рустоқӣ шуъбаро нуру ҳаловати дигар мебахшиданд. Қадами номубораки Амини тоҷиккуш ба ин ҷо ҳам расид. Сиёҳпўшон меомаданду «Шуморо барои чанд дақиқа» гуфта мебурданд. Халилро бурданд. Бохтариро бурданд, Рўйину Пўйё ғайб заданд. Аз шуъбаҳои ўзбекӣ, туркманӣ ва балучӣ ҳам мебурданд. Шуъбаи пуштуро даст намезаданд: 6 нафар рўз кўр мекарданд… Дар шўъбаи дарӣ, ки одам намонд, дар таълифи китобҳои дарсӣ ҳам холигие ба амал омад. Ин холигӣ танҳо баъди марҳалаи дуюми Инқилоби Савр, ки Бабрак Кормали падараш тоҷику модараш пушту ба сари ҳокимият омад, пурра гардид. Шукри Худо, Бохтарию Халил сиҳату саломат аз зиндони Пули Чархӣ баромаданд, дигарон ҳам як-як омадан гирифтанд. Шуъба нафаси тоза гирифту вазири маориф ҳам нав шуд. Ба вазорат Анаҳитои тоҷик омад, ки хеле фаъол, меҳрубон, ғамхор буд. Пўйёи Форобӣ супориш гирифт, ки китоби хониши синфи чорро бинависад. Яке аз мушкилоти дигар офаридани китоби дарсии таърихи адабиёти дарӣ буд, ки таълифи он аз синфи 8 сар мешуд. Навиштани ин китобро Рўйин ба зимма гирифт. Дар пешгуфтори ин китоб ҷумлаи зерин дучор мешавад: «Дар фаслҳои панҷгонаи китоб… фишурдае аз таърихи гузаштаи мардумони тоҷик (форсизабонон) ва адабиёти онҳо…» оварда мешавад». Тоҷике, ки дар Афғонистон хурсанд бошаду ифтихор бикунад, хеле кам аст (болои сари онҳо ҳамеша абри сиёҳе шино мекард). Рўйин хурсанд буд ва ифтихор мекард, ки ҳамин ҷумларо навиштааст. Бори аввал ба гўши 17 миллион мардуми Афғонистон мерасонад, ки забон ва адабиёти дарӣ соҳиб дорад ва соҳиби он тоҷикони ин кишвар мебошанд. Рўйин аз куҷо илҳом гирифта, ҷуръат карда, ин гапро гуфта буд? Аз Бабрак Кормал ва Анаҳито, ки дар шарҳи ҳол ва рўйхати аъзои Бюрои сиёсӣ дар сутуни (графаи) миллат худро тоҷик навишта буданд, ҳол он ки то ин замон дар муқобили миллат ҳама «афғон» менавиштанд». Ҳамин муаллиф дар бораи аз тарс ва бо овози паст «Ман ҳам тоҷикам» гуфтани Ёсин Бунёдии тоҷикро чунин ба қалам медиҳад: «Рўзи 12 августи соли 1978-ум 6 нафар Сиротенко А.И., В. Здоровсов, банда, муовини аввали вазири маориф ва ду нафар ҷондору муҳофиз роҳи вилояти шимолии Афғонистонро пеш гирифтем. Соати 7-и бегоҳ дар шаҳри Қундуз шудем. Моро ба меҳмонхонаи шоҳӣ бурданд ва ҷобаҷо карданд. Пеш аз хоб Бунёдӣ моро ба ҳуҷраи хобаш даъват кард. Чун ба ҳуҷраи хоби Бунёдӣ даромадем, Бунёдӣ аз банда хоҳиш кард: –Устод ба сармушовир тарҷума кунед: «Ин меҳмонхонаи шоҳӣ аст. Ҳар вақт ки Зоҳиршоҳ ба вилоятҳои шимол сафар мекард, дар ҳамин меҳмонхона ва дар ҳамин ҳуҷра, болои ҳамин рахт хоб мерафт. Файзи инқилобро бубинед, ки имрўз ман ин ҷо хобам. Бунёдӣ масъалаҳои маорифро намефаҳмад, аммо марди серғайрат ва андаке саросема буд. Гоҳ-гоҳ ба гўши ман, ба овози паст, мегуфт: «Ман ҳам тоҷикам».
Устод Муҳаммадуллои Лутф дар бораи ба қудрат расидани Амини тоҷиккуш ва тарси мардум дар ҷои дигар чунин менависад: «Пас аз Инқилоби Савр, хусусан баъди марҳилаи дуюми он, кадрҳои лоиқи тоҷик хеле зиёд ба Афғонистон рафтанд. Ин ба тангназарони афғон намефорид… Баъди хоинона ба сари қудрат омадани Ҳафизуллои Амини хуношом офате, ки ба сари халқи тоҷики Афғонистон ва даризабонони ин кишвар (ҳазораҳо, узбакҳо, туркманҳо, балучҳо) омада буд, қалам дар тасвираш оҷиз аст. Ин қотил дар як суханронии телевизиониаш гуфта буд: «Шарт нест, ки дар Афғонистон 17 миллион аҳолӣ зиндагӣ кунад, 8 миллион кифоя аст». Ин гузориш чунин маънӣ дошт: Афғонистон барои 8 миллион пушту аст, 9 миллиони дигар ё бояд кушта шавад ё мамлакатро тарк намоянд. Амин баҳри иҷрои ҳамин ҳадафи шум камар баст… Зиндони Пули чархӣ, ки бо лоиҳаи амрикоиҳо сохта шудааст, ғунҷоиши бештар аз бист ҳазор касро дорад… «Дар ҳар махкама, мегўяд зиндонии собиқ Халили Рустоқӣ, - ба ҷои 15 кас то 42 кас хоб будем. Одамон мисли рамаи гўсфанд болои ҳам мехобиданд». Дар ин зиндон асосан тоҷики шўрбахт, ўзбек, ҳазора ва балучи пойлуч соати марги худро интизор буданд. Тамоми шаҳри Кобул ва ҳатто маркази вилоятҳои тоҷикнишин зиндон буд, дар зиндонҳо, таҳхонаҳо ва биноҳо дигар ҷой намонд, Амин куштори беамон ва рўиростро пеш гирифт. Дар назди гўристони шуҳадо теппаи баландест. Фармуд ҳафтае даруни ҳамин теппаро кофта, дарғоти бузурге созанд. Як шаб бештар аз ҳазор зиндонии марду зани тоҷик, ҳазора ва ўзбекро оварда, даруни ҳамин теппа пеш кард ва фармуд, ки теппаро тарконда, даҳони ғорро банданд. Пас аз он ки ин амри ваҳшиёна содир шуд, роҳгузарон қариб як моҳ мушоҳида мекарданд, ки теппа меларзид. Садои ҳазён ба гўш мерасид. Чор халлабони тоҷикро, ки таҳсилкардаи Шуравӣ буданд, дар ҳавопаймо андохта, дасту пойҳояшонро баста, дар осмони Бадахшон поён партофтанд. Худам баъди чил рўз бо даъвати хоҳари яке аз он чор нафар Меҳрӣ, ки дар вазорати маорифи кор мекард, рафта, дуо карда, сабри ҷамил хостам. Бо амри бевоситаи Амин панҷаҳои дастони мардон ва ҷавонони шаҳри Файзободро бо баҳонаи ёрӣ расондан ба дастаи Раҳмонқулихони туркман табар заданд, ки ба даст яроқ гирифта натавонанд.
Дар вазорат, кўча ва бозор гунгакбозӣ сар шуд. Одамон бо имою ишора гап мезаданд. Гўё забон гум карда бошанд. Рўзе Тобеъро хилват ёфта, пурсидам, ки чӣ сир аст. Ў атрофро аз назар гузаронда, гуфт:
«Ҷосусони Амин мегарданд, гўш мекунанд, аз лаҳни гуфтор мефаҳманд, ки тоҷик ё форсизабон аст, бурда, зиндон мекунанд. Бинобар ин, мардум аз тарс гап намезананд, баланд суҳбат намекунанд». Пурсидам, ки пештар ҳам ин тавр мешуд? «Бале, дар умри 70-солаи ман ин дафъаи сеюм аст, ки забони дариро куштанӣ мешаванд. Аммо ин забон боз ҳам зинда мемонад». Бале, дар Афғонистон борҳо кўшидаанд, ки муқобили забони дарӣ (тоҷикӣ, форсӣ) теғу шамшер кашанд. Аммо ҳар дафъа тирашон хок хўрдааст. Мисоле меорам ҷолиб аст: Асарҳои мунтахаби маорифпарвари афғон Маҳмуди Тарзиро, ки таҳсилкардаи мактаби Туркия буда, дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, маорифпарварӣ, забону адабиёт хеле машҳур ва дар Тоҷикистон перомуни ҳаёт ва эҷодиёташ таҳқиқҳо гузарондаанд, хондам. Ў менависад: «Барои рушди забони пушту ҳам тадбирҳоро бояд дид. Агар лозим шавад, аз баҳри забони дарӣ ҳам метавон гузашт. То чӣ андоза ғамангез аст ин навиштаҳо ва ин кўшишҳо! Аҷаб ин аст, ки Маҳмуди Тарзӣ ва мисли ў-Сулаймон Лоиқ ва чанде дигарони пуштузабон, муқобили забони дарӣ баромада, аммо ҳамаи асарҳояшонро асосан бо ҳамин забон (забони дарӣ) навиштаанд. Зеро нағз медонистанд. ки агар бо забони модариашон, яъне забони пуштуӣ нависанд, касе намехонад ва машҳур ҳам намешаванд. Кўрнамакӣ магар аз ин зиёд мешавад? Боре аз Сулаймон Лоиқ пурсидам:
– Устод, шумо, ки пушту (афғон) ҳастед, барои чӣ бо забони пуштуӣ эҷод намекунед?
– Забони пуштуӣ аз хона то фурўдгоҳ аст, –ҷавоб дод ў.
Аҷибии дигар ин аст, ки дар Тоҷикистони Шуравӣ касонеро мисли М.Тарзӣ, С.Лоиқ таърифу тавсиф мекарданд, медалҳо медоданд, ки тоҷиконро дар Афғонистон одамони омад, қавм, майдамиллат мегуфтанд. Маҳз дар замони диктатурии Ҳ.Амин ва бо супориши ў Сулаймон Лоиқ бо мақолаи таҳқиромезе баромад намуда, миллати соҳибватани тоҷикро «қавме на бештар» номид. Бечора, чанд тоҷики боҷуръат муқобил баромада, бар ивази он кунҷи зиндони Пули чархиро макон гирифтанд. Танҳо ин қазия баъди ба сари ҳокимият омадани Бабрак Кормал ҳалли худро ёфт: Ба муроҷиати Созмони заҳматкашони Афғонистон Комитети марказӣ ҷавоб гардонд, ки «Ин фикри шахсии С.Лоиқ аст, ки ба он КМ розӣ нест».
Аммо мо–содаҳо то имрўз аз Маҳмуди Тарзӣ, ки барои ба тахт нишондани забони пушту тамоми чораҳоро дид, то мавқеи забони дарӣ (тоҷикӣ-форсӣ)-ро танг намояд, Сулаймон Лоиқи пушту, ки ба забони тоҷикӣ менавишт, аммо тоҷиккушӣ мекард, Халилуллоҳи Халилӣ, ки ба забони мо шеър мегуфт, аммо аз пуштуҳои ҳаммиллаташ дифоъ намуда, тоҷикро бо як пули пучак намехарид, балки тарафдори бемиллативу беҳувиятии ў буд, ситоиш мекунем, осорашонро дар мактабҳо меомўзем, аз ҷумла ҳаёту фаъолияти Иқболи панисломистро, ки орзуи сохтани аморат ва хилофатро дошт ва имрўз орзуи ўро Толибон амалӣ карданд, дар барномаҳои таълим ворид карда, ҳатто «Анҷумани Иқбол» сомон медиҳем, зеро дар Тоҷикистон, ба қавли раиси он, донишманди муҳтарам Қурбон Восеъ: «Мардумони фарҳангдўсту тамаддунпарвари мо дар паҳлуи Қуръону Девони Ҳофиз, Девони форсии алломаро зери болини кўдакон мегузоранд. Фарзонагони ин сарзамини зиёхез ба навзодони хеш номи ўро мениҳанд, ки банда аз ҷумлаи эшонам ва бисту панҷ сол қабл писари нахустинамро Муҳаммад Иқбол ном ниҳода будам.
Тоҷикони Афғонистон низ ба умеди Покистону Амрико шуда, бар зидди Шуравӣ ҷангиданд, аммо мо дидем, ки имрўз Амрико онҳоро ба ҳоли худ гузошт, Покистон бо ҳавопаймоҳояш Панҷшерро бомбаборон намуд ва Толибон кишвари Афғонистонро пурра тасаллут карданд, миллати афғон (пуштуҳо)-ро ҳоким ва номи Афғонистонро, ки ба зўрӣ афғонҳо ба ҷои номи аслиаш Хуросон гузошта буданд, ба номи Аморати исломии Афғонистон табдил доданд, машруият ва маъруфият бахшиданд ва бад-ин тартиб ҳуқуқи тамоми миллатҳои мусулмони ин кишвар, аз ҷумла тоҷиконро, ки соҳибони аслии ин мулканд, зери по гузоштанд. Аммо боз ҳам даъво доранд, ки онҳо мусулмонанд, қавмгаро нестанд, ҳадафашон озодӣ ва баробарии ҳамаи қавму қабоилу миллатҳост. Аммо, хушбахтона, ин дурўғи онҳо тавассути иқрори Ашраф Ғании фашисти тоҷиккуш ва хоин, ки пас аз хиёнату фирор ва бо ду дасти адаб ба Толибон супурдани кишвар дар ҳузури 50 нафар ҳамқавмонаш дар Дубай баён дошт, бармало шуд. Чунончи ў, гуфт: «Чун ҳама аз худ ҳастед, яъне афғону пуштун, ман он чиро, ки ба Шумо мегўям, таърих онро барои фарзандони мову Шумо ба хатти заррин хоҳад навишт. Хидмати бузурги ман, ки Шарқу Ғарбро ба ҳайрат андохтам ва кореро, ки ман кардам на Амонуллохон тавонист, на Довудхон, на доктор Наҷиб! Ин аст, ки тамоми сарзаминро моҳирона ва оқилона аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Қандаҳору Ғазнию Бомиёну Урузгон, ба моликҳои аслиашон супурдам ва на бо дасти холӣ, балки бо қулурдуҳо (дивизияҳо), салоҳу муҳимот ва ин кори сода набуд!
Давраи аввали раёсатҷумҳурӣ ҳам мехостам, аммо вақташ муяссар нашуд, даври дувум бо чанд ҳамфикри дигар, чун Муҳиб соҳиб, Фазли соҳиб, Довудзай соҳиб, Стоникзай соҳиб ва ғайра ба ин натиҷа расидем, ки аз шарри Шимол-Рашид Дустум, тоҷик ва ўзбак ва ҳазора халос кунам, ки фақат як роҳ буд ва он ҳам ҳузури фотеҳу қотеи толибону бас! Ба ҳамин сабаб, ба ҳукумати муваққат тан надодам ва ҳукумати убуриро рад кардам.
Дар суҳбатҳои хос ба Халилзод ҳам фаҳмондам, ки иштибоҳи Боннро такрор накунем! Ў ҳам қабул кард ва аввал тааррузи урдуро манъ кардам, дувум қатаъотро кўчак сохта, ба нуқоти дастраси толиб савқ додам. Ва икмолоташонро заъиф сохтам, то ба Толибон таслим шаванд ва толиб ҷуръат пайдо кунад!
Қумандонҳои вулусволиҳоро шахсан таъин кардам, то ба номи ақабнишинии токтикӣ ҷой холӣ кунанд, ки хеле хуб пеш рафту тамоми вулусволиҳои Шимолро аввал плон кардам!
Тавассути Стоникзай ба раҳбарии толибҳо нақша дода шуда буд. Ба ҳеҷ қитъа (низомиён) ҷуз ақибнишинӣ иҷозаи таарруз ва ҳатто мудофиа ҳам надодам. Шимол то Вахон, ки яктарафа шуда, навбати шаҳрҳо расид. Бояд баъзе тағйирот ва масруфсозии одамҳо ва шахсиятҳои муассирро шурўъ мекардам! Масалан, як панҷшериро вазири дифоъ сохтам (Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ), то Амруллоҳи Солеҳ масруф шавад.
Муҳаққиқро овардам, то ҳазораҳо масруф шаванд. Кодрҳои беэътиборро дур кардам, то одамҳоеро, ки ба фармонам буданд, муқаррар намудам. Дар вилоятҳо волиҳоро ҳам аз афроди хос ва бо аҳдофи хос муқаррар кардам. Моршол Дустумро хостам бо дасти холӣ ҳамроҳи муаллим Ато ба Шимол бифиристам, аммо ҳеҷ иҷоза надодам қаблан ҳатто як мармӣ (тир) ҳам ба Шибирғон бифиристанд, то суқут кунад. Моршолу Ато, ки ба Мазор расиданд, ба хотире ки кадом харобие нашавад ва ғофилгирашон кунанд, худам фавран ба Мазор рафтам ва як бачаи қаҳрамонро ба сифати қумандони қулурду таъйин кардам, ба номи Муманд Забеҳулло ва барояш гуфтам, ки номи Мумандро зинда кунед! Ва хусусӣ барояш ҳидояти лозим додам ва Ҷумъахон Ҳамдардро таҳдид кардаму гуфтам, ки вақти интиқом наздик аст, аммо аҷала накунӣ, ки харобӣ нашавад! Ба Исмоилхон чунон дом нишондам, ки мисли муш дар тала афтод. Хулоса, то суқути Кобул.
Шумо худ фикр кунед, агар ман амри ҷанг медодам, толиб дар муқобили қумандуҳо муқовимат наметавонист, чӣ расад ба қувваҳои ҳавоӣ ва қулурдуҳо! Хулоса, вақте мутмаин шудам, ки қудрат гирифтани афроди Шимол маҳол шуда ва ҳама торумор шуда, фирор кардаанд, на моршол мондаву на сохтор, зарурат ба интиқоли ҳукумати муваққат нест, ки боз муовинбозии тоҷику ҳазора шавад! Соати 10 баҷа буд, ки ба Карзай соҳиб занг задаму гуфтам: Абдуллоҳ ва вазири дифоъро масруф бисоз, то дохил шудани толибҳо!
Ҳоло шумо бигўед, ки ман қаҳрамони ояндаи Афғонистон ҳастам ё не? Ман ин қаҳрамониро ба ҳама бадномияш харидам, албатта, барои шумо ҳамқавмонам!».

Давомаш дар шумораи оянда чоп мешавад


Баъди ин баёния ва иқрори Ашраф Ғанӣ дигар ҷои шакку шубҳа намемонад, ки Афғонистон бояд мунқасим шавад, зеро давлати фашистмаоби пуштуиву афғонии Афғонистон қавми асосии ин кишвар тоҷиконро ҳар оина аз рўи замин нест кардан мехоҳад. Чора ҷуз ин нест, ки фикри ташкили давлати миллии тоҷикон (бо номи пешинааш Хуросон) ба миён гузошта шавад, то тоҷикон, ҳазораҳо, ки забонашон тоҷикист, аз ин рў тоҷиканд, узбекҳо, ки муддатҳо бо тоҷикон дар як давлат зистаанд ва қавмҳои дигар дар кишвар зинда бимонанд ва ба умри худ идома бидиҳанд. Баъди изҳороти рўирости Ашраф Ғанӣ дигар масъалаи ташкили давлати ҳатто федеративӣ, ки бархеҳо, аз ҷумла Латифи Пидром, ба миён мегузоштанд, аз байн меравад ва масъала барои тоҷикон ранги ҷиддии ҳаёт ё мамотро мегирад. Ба қавли аҳли қалам:
Гаҳ сулҳ мекунӣ ту бо чўпону гоҳ ҷанг,
Гургоштист, кори ту пайваста бо шўбон.
***
То кай бувад ин гурграбоӣ, бинмо,
Сарпанҷаи душманфикан, эй шери Худой!
***
Мо, ки аз ҷон гузаштем, чи ҳиҷрон, чи висол,
Мурдану зистани мардуми бебок якест.
Албатта, ташкили давлати алоҳидаи Хуросон, яъне дар баробари Афғонистон масъалаи тоза нест, зеро солҳо пеш (ба ин ё он навъ) ба ин қазия ишораҳо мешуд, аммо мардум ҷиддӣ намегирифтанд. Имрўз дигар ҷои чунун чаро намонд. Ҳамагон фаҳмиданд ва ба хулосае омаданд, ки тоҷик низ бояд қудрат дошта бошад, бидуни қудрат марг домангираш аст, яъне тавре ки афғонҳо қудрат доранд, ҳар чӣ бихоҳанд, мекунанд, тоҷикон низ бояд қудрат дошта бошанд. Аз ин рў, зарурати ташкили ду давлат-Афғонистон (ҳаққи ҳалоли пуштуҳову афғонҳо) ва Хуросон (ҳаққи ҳалоли тоҷикону ҳазораҳову узбакҳо…) як амри ҳаётӣ ва таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина ба андешаи зери Муҳаммадуллоҳи Лутф таваҷҷуҳ фармоед, ки ҳанўз дар соли 2013 (пеш аз мо) ин фикрро ба миён гузошта, чанд шартро пешниҳод намуда ва навишта буд: «Гиреҳи Афғонистон натиҷаи 35-40 соли охири Афғонистон набуда, балки таърихи чуқуртаре дорад… Вале ин чунин маъно надорад, ки халқи ғаюру заҳматкаши Афғонистон ба боз намудани ин кўргиреҳ омода ва қодир набошад. Қодир аст ба чанд шарту роҳҳо. Шарти аввал. Ҳадаф аст… Дуюм. Ташкил ва гузаронидани интихоботи озоду демократии Президент ё Садри аъзами кишвар бо иштироки мушоҳидони ҳарчи зиёди давлатҳои дигар… Сеюм. Барҳам задани фарқи байни истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда… Вале агар ин шарту роҳҳо сарфи назар шаванд, он гоҳ роҳи дигар ба миён меояд, ки мисли давлатҳои Олмону Россия ташкили давлати федералист… Роҳи охир–ташкили давлатҳои алоҳида…». Оре, роҳи охир, танҳо роҳи охир аст, ки ягона роҳи наҷоти тоҷикон, калиди ҳалли масъалаи амният дар ин кишвар метавонад буда бошад. Имрўз, ки толибон хун мерезанд, хуни тоҷикон ва ақвоми ғайри пуштуро. Ягона роҳ ташкили давлати алоҳидаи тоҷикон ба номи Хуросон аст, роҳи дигаре нест, ки нест. Ин амал аз рўи ҳуқуқи худмуайянкуии миллатҳо, тибқи қонуни Эъломияи ҳуқуқи башар сурат мегирад, ба Ойиномаи СММ такя мекунад ва билкул мувофиқат менамояд. Тавре ки дар асри гузашта Ҳиндустону Покистон аз ҳам ҷудо шуданд ва имрўз бо номи давлатҳои мустақил арзи андом менамоянд. Аммо намунаи беҳини ин гуна ҷудошавӣ ва ташкили давлатҳо барои пуштуҳову афғонҳо ва тоҷикону ҳазораҳо ва қавмҳои дигари ин кишвар давлати Чехословакия мебошад, ки ба ду давлат-Чехия ва Словакия тақсим гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки халқҳои ин кишвар замоне зери номи як кишвар, давлати воҳид-Чехославакия мезистанд, аммо баъдан ин ду халқ аз рўи ақлу хирад, зарурати таърихӣ, бо роҳи осоишта, бидуни ҷанг ҳар яке давлати алоҳидаи худро ташкил карданд ва имрўз ҳамчун ду давлати комилҳуқуқ дар дили Европа дар оромию осоиш мезиянд. Лиҳозо, афғонҳо ва тоҷикҳо дар ташкили давлати Афғонистон ва Хуросон-ду давлати дар оянда мустақил метавонанд аз чехҳову словакҳо ибрат бигиранд ва давлатҳои мустақили худро ташкил бидиҳанд ва бад-ин тартиб ба ҷанги чандсадсола дар ин кишвар хотима бахшанд. Дар акси ҳол дар Афғонистони пуштуӣ аз тоҷику узбаку ҳазора ному нишоне нахоҳад монд, зеро, ба андеши шоир:
Гурги аҷал якояк аз ин галла мебарад
В-ин галларо бубин, ки чӣ осуда мечарад.
Мутаассифона, кишварҳои абарқудрат, манфиатдор (ба хотири манфиатҳои худ), ки табли демократӣ ва инсондўстӣ мезананд, дар мавриди ин ҳаракати қавмгарои ваҳшӣ, ки дар асри XXI низоми исломии асри VII-ро дар Афғонистон ҷорӣ менамояд, на танҳо сукут меварзанд, балки аз он ҷонибдорӣ менамоянд, ки аз рўи инсоф нест. Эшон набояд дар ин ҳол мардуми мазлум, бечора ва бепушту паноҳи Афғонистонро танҳо гузоранд. СММ ва дигар ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва тамоми мардуми мутараққӣ, инсондўст, бовиҷдон ва боинсофи олам ва сокинони худи ин кишвар бояд дар муқобили толибони ваҳшӣ, хунхор садо баланд кунанд, ин одамкушони салладору ришдору ҷелакпўшро, ки аз Заҳҳоку Чингизу Темур монданӣ надоранд, маҳкум намоянд ва ба маҳкамаи байналмилалӣ бикашанд. Пеши роҳи генотсидӣ миллати тоҷикро, ки ба ҷаҳониён як тамаддуни бузург, олимону адибони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Абушакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Робеаи Балхӣ, Дақиқии Балхӣ, Унсурии Балхӣ, Фаррухии Систон, Манучеҳрии Домғонӣ, Фахруддини Гургонӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Саноии Ғазнавӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Мухтории Ғазнавӣ, Орифии Ҳиравӣ, Шоҳии Сабзаворӣ, Осафии Ҳиротӣ, Маҳмуди Гардезӣ, Байҳақӣ, Алии Ҳиротӣ, Ҳаҷвирии Ғазнавӣ, Ибни Балхӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ, Муинуддини Ҷувайнӣ, Озарии Исфароинӣ, Замчии Исфизорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Фахриддин Алии Сафӣ, Фасеҳии Ҳиротӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Биноии Ҳиротӣ, Ҳотифӣ, Восифӣ, Нозими Ҳиротӣ ва садҳо бузургони дигарро ҳадя кардааст, ҳар оина бояд бигиранд, намонанд, ки ин пуштуҳои ваҳшинажод, ки на тамаддун, на адаб, на фарҳанг, на инсонро мешиносанду на қадр менамоянд, муҷиби аз рўи замин нест гардидан халқи тоҷики тамаддунофарин дар ин кишвар, ки алҳол 46% ё 20-25 миллионро ташкил медиҳанд, гарданд. Беҳуда Президенти кишварамон дар суханронии хеш ба муносибати сисолагии Тоҷикистон дар ин бора нагуфтааст: «Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд… Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомўширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд. Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобастааст. Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор, ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд. Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрўз тамоми башарият, махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст… Расонидани кўмакҳои башардўстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумла тадбирҳои таъхирнопазир мебошад».
Зимнан, ҳар балое, ки ба сари тоҷик меояд, сабабгори аслӣ худи онҳо мебошанд. Ба Хуросон омадани афғонҳо низ, бадбахтона, ба дасти худи тоҷикон, оли Курт сурат гирифтааст. Дар ин боб дар китоби «Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV чунин навишта шудааст: «Тоҷикон ҳеҷ гоҳ бар миллати бегона ва сарзамини он чашми тамаъ надўхтаанд, магар ба Ҳиндустон (дар замони Ғуриён) ва вилояти Афғонистон (дар аҳди оли Курт). Бояд таъкид намуд, ки ин забткории Куртҳо, ки дар асоси ярлиғи хони муғул сурат мегирифт, ибтидои дигаргуниҳои азимест бар таърихи халқи тоҷик, ки тадриҷан бар сари он бадбахтиҳои бузург овард. Умуман, сарчашмаи таърихиеро ёфтан душвор аст, ки аз он шаҳодат бидиҳад, ки то қарни сездаҳум дар ҳудуди Афғонистони имрўза, ба истиснои сарҳаддоти шарқии он, афғон (пуштунҳо) ҳамчун сокинони ягон вилояти он буда бошанд. Фатҳи вилояти Афғонистон, ки дар ҳудуди Покистони имрўза, дар доманкўҳҳои Сулаймония воқеъ буд, ба он оварда расонид, ки асирони зиёде аз ҷумлаи афғонон ба Хуросон оварда шуданд ва ҳатто аз ҳисоби эшон лашкариёни алоҳида низ тартиб дода буданд, ки дар ҷангҳо истифода мешуданд. Ҳамин тавр, Куртҳо ба воситаи ин фатҳкорӣ роҳи қабоили афғониро ба сўи Хуросон кушоданд ва эшон оҳиста-оҳиста аз ватани худ баромада, ба сўи шимолу ғарб пош мехўрданд ва сарзамине, ки аз мардумони бумии хеш-тоҷикон ба воситаи куштори муғул тиҳӣ гашта буд, макони бодиянишинон қарор гирифт. Ба амри тақдир афғонҳо баъд аз гузашти рўзгор дар ҳудуди Хуросон паҳн шуданд ва каме баъдтар дар қарни XVIII давлати худро барпо намуда, онро «Афғонистон» ном гузоштанд, ки иборат аз Афғонистони имрўзист. Ва акнун тоҷик дар сарзамини асливу бумии хеш таҳти унвони «миллати афғон» муаррифӣ мешавад. Аммо аҷибтар аз ҳама он аст. ки тоҷиконро ҳамеша дар сарзамини худашон таъқиб кардаанд ва мекунанд ва саркўб медоранд. Шояд Худованд тақдири ҳама миллатҳои қадими бофарҳангро чун зиндагонии сангини аҳли илм пурдарду ранҷ раво дидааст ва шояд «дунёи дунпарвар» аз ин гўянд?!». Дар ҳамин китоб дар мавриди Хуросонро истило кардани афғонҳо ва ҷойгузини номи Хуросон кардани Афғонистон ва саркўбиву ҷабру зулми эшон бар миллати тоҷик чунин маълумот дарҷ шудааст: «Сабабҳои аз худшиносии миллӣ дур афтодани тоҷикон: –дар Афғонистон: Ба дурустӣ, ки гаҳвораи тамаддуни Эрониён ин кишвар аст. Дар асрҳои миёна бо номи Хуросону Систон машҳур буд, дар миёнаҳои асри XVIII қабоили афғонӣ ин сарзаминро фатҳ карда, давлати худро сохтанд ва дар асри XIX тавассути англисҳо номи «Афғонистон»-ро гирифт. Ва баъд аз ин дар ин кишвари навноми «Афғонистон» саркўбии тоҷикон шурўъ шуд ва оҳиста-оҳиста ба худ номи «миллати афғон»-ро гирифтанд… Ҳамин тавр, дар Афғонистон низ пеши худшиносии миллии тоҷикон рўз то рўз ториктар гардонида мешуд ва мешавад». Дар ҳақиқат, ҳамин авомил буд, ки тоҷикон аз худшиносии миллӣ дур афтода буданд ва худро на ба номи миллат, нажод, балки дину мазҳабу макон ном мебурданд ва ҳамчун мусалмону ҳиротиву кобуливу панҷшериву бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд. Худойназар Асозода гўяд: «Таври мисол давлати Афғонистон соли 1747 аз тарфи Аҳмадшоҳи Дурронӣ таъсис ёфт. Вале умури дафтардорӣ ва корҳои китобат ва мирзоӣ, ки асоси ин салтанатро ташкил медоданд, ба забони форсӣ буд. Ин чунин маънӣ надошт, ки забони форсӣ «аз ёдгориҳои хукумати собиқаи Эрон» барои кишвари Афғонистон боқӣ мондааст, ки Маҳмуди Тарзӣ таъкид кардааст, балки забони форсӣ дар кишвар аз қадим вуҷуд дошт. Масалан дар Афғонистон то солҳои охир (то соли 1978) истилоҳи «тоҷик», на ба ҳайси номи миллат ва на чун дар маънии «забон» расмият надошт: лаҳҷаҳои ҳазорагӣ, панҷширӣ, кобулӣ, ҳиротӣ гуфта мешуданд, ки манзур лаҳҷаи форсӣ буд. Аз ин миён лаҳҷаи «панҷширӣ» тоҷикӣ бояд бошад, зеро мардуми ин минтақа худро ба қавм «тоҷик» меноманд. Ҳодисаи дигар ҳам ҳаст. Тоҷики афғонистонӣ худро кобулӣ, ҳиротӣ, панҷшерӣ, шимолӣ, бадахшӣ ва ғайра меномад. Дар минтақаи тоҷикнишини Осиёи Миёна ҳам ба таъбири А.Д.Гребёнкин чунин будааст. «…Агар аз ўзбек пурсанд, ки ў кист, мегўяд: «ман ўзбек, хитоӣ, қатаған» ва ҳоказо. Тоҷик бошад, ба ин савол мегўяд: «ман бухороӣ, тошкандӣ, хуҷандӣ» ва ғайра. Ў намегўяд ё бисёр кам мегўяд, ки ў тоҷик аст». Чунин камҷуръатӣ дар миёни тоҷикон аз он ҷо сар задааст, ки аз соли 999 ба ин тараф онҳо зери ситами миллӣ монда буданд ва метарсиданд, ки худро бо фахр тоҷик гўянд. Аз тарафи дигар, тамоми тоҷики шаҳрнишинро бо номи «сортҳо» муаррифӣ кардани ҳокимони вақт ба он мақсад буд, ки ин миллати бонуфузро ба мурури замон кам нишон диҳанд». Ҳамин омилҳо буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд низ ҳаргиз аз миллати худ ҳарф намезад, барои тоҷик, барои қавми худро нишон додан саъй намекард, балки миллати худро пинҳон мекард, худро мусулмон мегуфт ва муаррифӣ мекард, ҷиҳодаш ҷанбаи динию мазҳабӣ дошт. Ҳар гоҳ ки аз ҳадафи ҷиҳодаш мепурсиданд, ў мегуфт, ки барои ислом, на барои миллат (миллати худро ошкор намекард) ҷангидааст. Аммо, Гулбиддин, Тарзӣ, Сулаймон Лоиқ, Халилӣ ва дигарон озодона аз пушту будани худ хабар медоданд. Масалан, Гулбиддин Ҳикматёр мегўяд: «Ман, пеш аз ҳама, пуштунам, баъд мусулмон». Аммо адиби соддаву гумроҳу беҳувияти тоҷик мегўяд:
Он як ба ғурур гуфт: «Агар дорӣ савод,
Дин пеши ту аввал аст ё ин ки нажод?».
Гуфтам, ки агар довари мо Дарвин аст,
Сад вою дареғи ифтихори аҷдод.
Тавре ки гуфтем ва маълум аст, таърихи давлатдории афғонҳо аз асри XVIII, аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ, шурўъ мешавад. Давлати Дуррониён пас аз марги Нодиршоҳ ба вуҷуд омад ва бунёнгузори он Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-73) буд. Ў на фақат мулкҳои қабилаҳои афғонро мутамарказ намуд, балки Хуросону Балуҷистон, Систон, Панҷоб, Синд, Кашмир, Сирҳинд, Ҷамму ва соири сарзаминҳоро низ ба давлати хеш ҳамроҳ кард. Вай дар соли 1761 ҳукумати маратҳоро дар Понипат шикаст дод ва кори Маҳмуди Ғазнавиро такрор ва идома бахшид. Аҳмадшоҳи Дурронӣ Қандаҳорро ба сифати пойтахти давлати худ баргузид. Баъд аз он ў ба тарафи шимол лашкар кашида, Балху Қундузу Шибирғону Майманаву Андхую Бадахшонро, ки мулкҳои аморати Бухоро маҳсуб мешуданд, ба даст овард ва бад-ин тартиб як императории азимро барпо намуд. Воқеан, баъд аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то имрўз дар Афғонистон, ба истиснои ҳукмронии шашмоҳаи Ҳабибуллохони Калаконӣ (Бачаи Саққои тоҷик), дигар амирону шоҳону вазирон аз афғонону пуштуҳо будаанд. Мисли Дўстмуҳаммадхон, Шуҷоъ, Шералихон, Яъқубхон, Абдураҳмонхон, Ҳабибуллохон, Нодирхон, Муҳаммад Юсуф, Майванд, Муҳаммадҳошим, Эътимози Нураҳмад, Муҳаммад Абдузоҳир, Шафиқ Муҳаммад Мусо, Нурмуҳаммад Таракӣ, Ҳафизулло Амин, Наҷибуллою Карзаю Ашраф Ғанӣ ва ғайра паштуву афғон буданд, ки танҳо барои худ ва ҳамқавмони хеш хидмат карданд ва манфиати миллатҳои дигари ин сарзаминро нодида гирифтанд ва кишварро дар ҳолати ҷангу задухурдҳои дохиливу хориҷӣ қарор доданд. Адибону олимони афғону пуштуи ин кишвар низ ҳамвора дар хидмати ҳамқавмони худ ва сиёсатмадорони он қарор доштанд ва пинҳону пайдо барои ҷойгузин кардани фарҳангу тамаддуну забони худ ба ҷои тамаддуну фарҳангу забони тоҷикон саъю кўшиш намудаанд. Ҳамин буд, ки дар аввали асри гузашта, дар як муддати кўтоҳ, забони пуштуро дар қатори забони форсии тоҷикии дарӣ забони давлатию расмии кишвар эълон намуданд ва андак-андак ҷои забони тоҷикӣ-дарӣ-форсиро танг сохтанд. Онҳо бад-ин васила тазъиқ ва фишори миллатҳои ғайриафғонро ба авҷи аъло расонданд ва охируламр давлатро бо ду дасти адаб, ба покистониҳо таслим намуданд ва ба несту нобуд кардани миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо ва дигарон, пардохтанд, кишварро Аморати исломӣ эълон карданд, исломи асри 7 ва шариатро ба сифати қонуни давлати худ баргузиданд, ба ҷорӣ кардани тартиботу ҷазои асримиёнагӣ дар кишвар камари ҳиммат бастанд ва динро ҳамчун яроқ барои мусулмонкушӣ, қавмкушӣ, дар ҷаҳолату торикӣ, мазлумӣ нигоҳ доштани сокинони Афғонистон мавриди истифодаю корбурд қарор доданд. Онҳо аз нав дар кишвар ҳайрату ваҳшату даҳшату қатлу тороҷро, ки аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ, ташкилкунандаи давлати Афғонистон, шурўъ шуда буд, ҷорӣ ва ҳоким намуданд. Пас, бо ҷуръат метавон гуфт, ки агар ҳақиқати ислом, дин, мазҳаб ҳамин куштору қавмгароӣ бошад, ки толибон роҳандозӣ кардаанд ва ҳамчун доғе бар пешонии дин, ислом, мазҳаб, имрўз ҷилвагар мешаванд, мусулмонон то абад мазҳакаи рўи олам хоҳанд монд. Ба қавли саҳеҳи шоир:
Агар ҳақиқати ислом дар ҷаҳон ин аст,
Ҳазор хандаи куфр аст бар мусулмонӣ.

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: